Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Қаҳрамони 99-солаи ҷанг ба РИА Новости: “Таҳрифи ҶБВ таҳқири қурбониёни он аст”
Бозорбек Нағзибеков, иштирокчии собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар суҳбат бо хабаргузории русии “РИА Новости” гуфт, таҳрифи натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳқири қурбониёни ҷанг аст.
“Имрӯз дар ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои Аврупо боз сар баланд кардани миллатгароҳо ва фашистҳо ба назар мерасад, ки кӯшиши бознигарии натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро доранд. Ин ҷиноят аст, таҳқири хотираи қурбониёни он ҷанг аст. Худо онҳоро барои ин беҳурматӣ ҷазо медиҳад”.- гуфт собиқадори 99-солаи ин ҷанг.
Бозорбек Нағзибеков афзуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми миллатҳои Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳид кард ва вазифаи масъулияти асосии собиқадорони ҷангро дар расодани ҳақиқати ҷанг ба насли ҷавон донист.
Дар вақти Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозорбек Нағзибеков калоннаҳоро муҳофизат карда, ба фронт маводи ғизоӣ, таҷҳизоти ҷангӣ ва либос мебурдааст. Ӯ дар замони ҷанг аз Маскав то Берлин ҳама роҳҳоро тай кардааст.
Бозорбек Нағзибеков соли 1944 ба фронт меравад. Баъд аз ин, ӯ ҳамчун котиби комсомоли ноҳияи Дарвоз, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон фаъолият намуда, вазифадор мешавад, ки ду ҷавони даъватшудаи комсомолро то Душанбе ҳамроҳӣ кунад.
Бозорбек Нағзибеков ба хотир меоварад, ки бо сабаби сардии ҳаво пойи як иштирокчии ҷангро ях мезанад ва ӯро оварда дар бемористони Душанбе бистарӣ мекунад. Баъди бистарӣ намудан Бозорбек Нағзибеков дубора ба фронт бар мегардад.
Бозорбек Нағзибеков то поёни ҷанг дар майдони набард хизмат намуда, то Берлин рафтааст. Ӯ то соли 1947 дар Берлин адои хизмат карда, баъдан аз хизмати ҳарбӣ озод мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 17 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки ҷавонтарини онҳо 99 –сола буда, кӯҳансолтарини онҳо 112 – сола мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст