Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт
Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
Дар пайи намоишҳои эътирозӣ 37 нафар боздошт шуданд. Мақомоти амниятии Озарбойҷон бархе кишварҳои минтақаро дар “дахолат ба корҳои дохилии” ин кишвар муттаҳам карданд.
Мақомоти ҳукумати Озарбойҷон гуфтанд, ки қабули қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ бар асоси принсипи дунявият ва баробарии иҷтимоӣ қабул шуд ва бояд ҳама онро риоя кунанд.
Бархе расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки вуруди духтарони ҳиҷобпӯш ба мактабҳо манъ шудааст ва маъмурони мактабҳо ба вуруди онҳо иҷоза намедиҳанд.
Дар пасманзари эътирозҳои оммавӣ Ҳизби Озарбойҷони нав (Ени Азербайджан), яъне ҳизби ҳокими Озарбойҷон аз маҳдудияти пӯшидани ҳиҷоб дар мактаб ва қоидаҳои нави либоси ягонаи мактабӣ ҳимоят кард ва аз Туркия хост, ки ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат накунад. Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, ки ин баҳс метавонад ба равобити шарикии ду кишвар таъсири манфӣ расонад.
Расман рӯзи сешанбе қоидаи либоси ягонаи мактабӣ дар ҳама муассисаҳо ҷорӣ карда шуд. Дар пасманзари ҷорӣ намудани ин қоидаҳо, бархе гурӯҳ ва исломгароёни озарӣ ба он мухолифат карда, аз ҳукумат дархост намуданд, ки ин қоидаҳо бекор карда шавад.
Бояд гуфт, ки Озарбойҷон яке аз кишварҳои дунявӣ аст ва бар асоси он динро аз кишвар ҷудо медонад ва озодии эътиқодро кафолат медиҳад. Озарбойҷон 70 сол низоми коммунистиро таҷриба намудааст. Дар ин кишвар ҳизби ҳоким бар асоси идеологияи секулярӣ ҳукуматро идора мекунад.
Дар солҳои охир, бо далели робитаҳои наздик бо Туркия фарҳанги либоспӯшии исломӣ, ки умдатан аз сӯйи ҷараёнҳои ихвонӣ (дар ҷаҳон террористӣ эътироф шудааст) тарғиб карда мешавад, дар ин кишвар авҷ гирифтааст. Мақомоти озарӣ мегӯянд, ки асли дунявияти давлат қоидаҳои зиндагӣ дар Озарбойҷонро танзим мекунад.
Дар пайи ин иқдом мақомоти Ҳизби адолат ва рушди Туркия (ҳизби ҳоким) вокуниши шадид нишон дода, аз мақомоти озарӣ дархост кард, ки манъи ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад. Дар пайи ин Озарбойҷон ба Туркия, ки шарики наздик ба ҳисоб меравад, ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат накунад.
Бархӯрди лафзии аъзоёни ду ҳизби ҳоким дар ду кишвар дар миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт. Бархе таҳлилгарони озарбойҷонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати давлатии ин кишвар навиштанд, ки фарҳанг ва шеваи ҳукуматдории дунявии Озарбойҷон бояд ҳифз карда шавад.
Расонаҳо гузориш доданд, ки ин баҳс метавонад муносибатҳои Озарбойҷону Туркияро, ки робитаҳои наздики фарҳангӣ ва иқтисодӣ доранд, тағйир диҳад. Ҳамчунин, ин иқдом мушкилотеро нишон дод, ки мақомоти озарӣ дар замони татбиқ кардани сиёсати дунявии кишвар ба он дучор меоянд.
Бар асоси қоидаҳои нави либоспӯшӣ дар мактабҳо пӯшидани либосҳои мухолиф бо либоси расмии мактабӣ ва номувофиқ ба хусусияти дунявии таҳсилоти кишвар манъ карда шавад.
Дар қоидаҳои нави либоспӯшӣ дар мактабҳо ҳиҷоб ба таври мустақим зикр нашудааст. Ин қоидаҳо пӯшидани либоси ягона барои ҳама хонандагону омӯзгоронро ҳатмӣ медонад.
Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон рӯзи душанбе хабар дод, ки 37 нафарро ба иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти эътироз ба татбиқи қоидаҳои нав боздошт карданд.
Ҳизби ҳокими Озарбойҷони нав (Ени Азербайджан) рӯзи сешанбе аз изҳороти мушовири президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва вакилони Ҳизби адолат ва рушди Туркия интиқод намуд. Онҳо, қаблан бар зидди қоидаҳои нави Озарбойҷон изҳори назар карда буданд.
Октай Сарал, мушовири Президенти Туркия рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки маҳрум кардани хонандагони ҳиҷобпӯши Озарбойҷон аз ҳаққи таҳсил “ғайри қобили қабул” аст.
“Рӯймол монеа нест, балки талаботи эътиқоди динӣ аст. Мо интизорем, ки Озарбойҷон ин иштибоҳро ҳарчи зудтар ислоҳ кунад”- гуфт Октай Сарал.
Ҳизби Озарбойҷони нав дар изҳороти худ суханони Саралро “популистӣ ва бемасъулиятона” хонд ва ҳушдор дод, ки чунин мавқеъгирӣ метавонад ба муносибатҳои ду кишвари шарик зарар расонад.
Ин ҳизб таъкид намуд, ки қоидаҳои нави либоси мактабӣ бар асоси принсипҳои баробарӣ, дунявият ва волоияти қонун таҳия шудаанд.
Ҳизби ҳокими Озарбойҷон гуфт, дар Туркия низ тибқи конститутсия давлати дунявӣ ҳоким аст ва аз ин кишвар хост, ки сиёсати маорифи Озарбойҷонро барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода накунад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки принсипи “як миллат, ду давлат”, ки барои тавсифи робитаҳои наздики ду кишвар истифода мешавад, дахолат дар кори дохилии якдигар ё таҳмил кардани дидгоҳҳои сиёсиву идеологиро сафед намекунад.
Ҳизби ҳокими Озарбайҷон интиқод бар мавриди робитаҳои наздики Озарбойҷон ва Исроилро нодуруст хонд ва гуфт, ин робитаҳо бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва манфиатҳои дуҷониба бунёд шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
Навзоде, ки аз таваллудхона гум шуда буд, ёфт шудааст
Неруҳои мусаллаҳи Яман: ба шаҳри Мадина ҳамла накардаем
“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт