Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC дар шабакаҳои иҷтимоияш навишт, ки рақобати навбатиаш, ки ҳоло расман эълон нашудааст, яке аз муҳорибаҳои охир дар корномааш мешавад.
“Фикр мекунам, пас аз моҳи Рамазон яке аз муҳорибаҳои охир дар корномаамро мегузаронам. Бисёриҳо мегӯянд, ки Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои ман рақибони вазнин мешаванд. Хуб аст, ки онҳо бо ҳам рақобат мекунанд ва беҳтарин муайян мешавад. Ман бо беҳтаринҳо рақобат кардан мехоҳам, зеро бори дигар тасдиқ кардан мехоҳам, ки дар вазни худ беҳтаринам”, - навиштааст чемпион.
Ёдовар мешавем, ки ташкилоти UFC чанд рӯз пеш расман эълон кард, ки Ислом Махачев барои муҳориба гузаронидан дар моҳи январи соли оянда розӣ нашуд ва Карлос Пратес бо Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ дар мусоҳибаи UFC 336 рақобат хоҳанд кард. Дар пасманзари ин хабар, расонаҳо ба ду гурӯҳ қисм тақсим шуданд, ки гурӯҳе тасмими Ислом Махачев дастгирӣ карданду ҷониби дигар танқид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид