Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Коршиноси уммонӣ мегӯяд таҳримҳо Эронро намешикананд
Як коршинос ва таҳлилгари уммонӣ мегӯяд, таҳримҳои тӯлонии Амрико бар зидди Эрон ҳарчанд ба иқтисоди ин кишвар зарбаи ҷиддӣ задаанд, аммо натавонистанд ин кишварро ба сӯйи варшикастагӣ баранд. Тибқи гуфтаи ӯ, Теҳрон дар солҳои таҳрим роҳҳои нави тиҷоратӣ пайдо намуда, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиё, ба вижа Чину Русия, густариш додааст.
Иқтисоди Эрон бо таҳримҳо мутобиқ мешавад
Доктор Сайид Ҳасан ал-Лавотӣ, нависанда ва таҳлилгари уммонӣ дар як матлаби таҳлилӣ гуфт, ки Вашингтон дар сиёсати фишор ба Эрон як воқеияти муҳимро нодида мегирад. Воқеият ин аст, ки иқтисоди Эрон дар тӯли даҳсолаҳо бо таҳримҳо зиндагӣ намуданро ёд гирифтааст.
Тибқи навиштаи ӯ, маҳдудиятҳои иқтисодӣ ба сармоягузорӣ, тиҷорат, қурби асъор ва вазъияти зиндагии мардум таъсири назаррас гузоштаанд, вале дар баробари ин Теҳрон ба руши истеҳсолоти дохилӣ ва пайдо намудани бозор ва шарикони нави тиҷоратӣ рӯ овардааст.
Эрон дар ин давра бахшҳои энергетикӣ, нафту кимиё, дорусозӣ, муҳандисӣ ва технологиро идома додааст. Муаллиф мегӯяд, иқтисоди Эрон фақат ба содироти нафт вобаста нест ва бозори дохилӣ, захираҳои табиӣ, саноат, кишоварзӣ ва иқтидори илмӣ низ дар он нақш доранд.
Мавқеи бартари географии Эрон
Ин таҳлилгари уммонӣ менависад, ки яке аз муҳимтарин бартариҳои Эрон мавқеи географии он мебошад. Эрон дар наздикии Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ҷойгир мебошад. Ҳурмуз яке аз роҳҳои муҳимми интиқоли нафту газ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва ҳар гуна нооромӣ дар ин минтақа метавонад ба бозори ҷаҳонии энергия ва ҳамлу нақли байналмилалӣ таъсир гузорад.
Муаллиф ҳамчунин, ба аҳамияти Баҳри Сурх, халиҷи Адан ва гулӯгоҳи Бобулмандаб ишора мекунад ва мегӯяд, ки ин масирҳо дар низоми ҷаҳонии энергетика ва тиҷорат бо ҳам иртибот доранд.
Чину Русия дар канори Эрон мемонанд
Қисми дигари таҳлил ба робитаҳои Эрон бо Чину Русия бахшида шудааст. Тибқи гуфтаи Ал-Лавотӣ Чин барои Эрон фақат як харидори энергия нест. Ин кишвар як қудрати бузург саноатӣ ва тиҷоратӣ бо бозори васеъ ва занҷираҳои таъминоти байналмилалӣ аст.
Русия низ пас аз рӯбарӯ шудан бо таҳримҳои густурдаи Ғарб робитаҳои иқтисодии худро бо кишварҳои Осиё бештар намудааст.
Муаллиф бар ин назар аст, ки таҷрибаи муштараки Эрон ва Русия дар муқобила бо таҳримҳо метавонад ба густариши ҳамкорҳои онҳо бо Чин ва дигар кишварҳои осиёӣ мусоидат кунад.
Оё таҳримҳо дар ҷаҳони бисёрқутбӣ таъсири пешинаи худро доранд?
Сайид Ҳасан ал-Лавотӣ мегӯяд, вақте марказҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва молиявӣ дар ҷаҳон зиёд мешаванд, имкони таъсиргузории таҳримҳои як кишвар метавонад коҳиш ёбад.
Бар асоси гуфтаи ӯ, таҳримҳо метавонанд тиҷоратро гаронтар ва мураккабтар кунанд, аммо ҳатман наметавонанд робитаҳои иқтисодиро пурра қатъ кунанд.
Кишварҳое, ки зери таҳрим қарор мегиранд, метавонанд ба бозорҳои дигар, роҳҳои нави интиқоли молу системаҳои алтернативии парохт рӯ оваранд.
Таҳрилгари уммонӣ, махсусан ба истифодаи доллар дар низоми таҳримҳо ишора мекунад. Тибқи гуфтаи ӯ, идомаи истифодаи доллар ба ҳайси воситаи фишори сиёсӣ метавонад баъзе кишварҳоро ба коҳиши вобастагӣ аз низоми молиявии зери роҳбарии Амрико водор кунад.
Тағйири низоми иқтисодии ҷаҳон
Дар таҳлил гуфта мешавад, ки равандҳои солҳои ахир метавонанд ба ташаккули низоми иқтисодии бисёрқутбӣ мусоидат кунанд.
Дар ин низом Чину Русия ва дигар кишварҳои Осиё метавонанд нақши бештар пайдо кунанд ва кишварҳо барои тиҷорат, сармоягузорӣ ва пардохтҳои байналмилалӣ роҳҳои алтернативӣ ҷустуҷӯ мекунанд.
Тибқи гуфтаи Ал-Лавотӣ ин маънои аз миён рафтани нуфузи Амрикоро надорад. Аммо фишори иқтисодӣ метавонад рақибони Вашингтонро ба сохтани механизмҳое водор кунад, ки вобастагии онҳо аз низоми ғарбиро камтар кунад.
Муаллиф дар ниҳоят ба ин натиҷа мерасад, ки ҳадафи таҳримҳо заиф намудни Эрон аст, аммо таъсири дарозмуддати онҳо метавонад фаротар аз марзҳои ин кишвар бошад.
Тибқи таҳлили ӯ, талош барои маҳдуд намудани Эрон метавонад ҳамзамон ба густариши роҳҳои нави тиҷоратӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ дар берун аз низоми зери роҳбарии Ғарб мусоидат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад