17 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 20:19, Душанбе
26.09.2025 10:35

“Трамп дар орзуи Багром”. Пойгоҳи ҳавоии Багром пойи Чину Амрикоро ба Афғонистон мекашад?

Доналд Трамп, Президенти Амрико бар хилофи интизори ҳама гуфт, ки мехоҳад Пойгоҳи ҳавоии Багром дар ихтиёри неруҳои низомии Амрико қарор гирад. Тибқи гуфтаи ӯ, Пойгоҳи ҳавоии Багром наздик ба Чин буда, ба Амрико имкон хоҳад дод, ки назорати зарродхонаҳои Чинро ба даст гирад. Ӯ Пойгоҳи ҳавоии Багромро яке аз пойгоҳҳои стратегӣ ва боаҳамият барои Амрико номид.

Мақомоти амрикоӣ барои бозпас гирифтани пойгоҳи Багром бо гурӯҳи террористии Толибон вориди гуфтугӯ шудаанд. Дар ин хусус расонаҳо иттилоъ дода гуфтаанд, ки то ҳол гуфтугӯҳо бо Толибон дар робита ба масъалаи Пойгоҳи низомии Багром ба натиҷа нарасидаанд.

Гурӯҳи террористии Толибон дар суҳбатҳои расонаӣ дархости Амрикоро рад намуда, гуфтаанд, ки ҳатто як ваҷаб хоки Афғонистонро ба касе нахоҳанд дод.

Изҳороти Доналд Трамп дар мавриди Пойгоҳи ҳавоии Багром баҳсҳои сиёсиву амниятии зиёдеро дар атрофи он ба вуҷуд овардааст. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки матраҳ шудани ин масъала рақобатҳои қудратҳои бузургро дубора бар сари Афғонистон ба вуҷуд хоҳад овард.

Дар пайи ин изҳорот мақомоти Чину Русия норизоятии худро дар мавриди бозгашти дубораи Амрико ба Багром нишон доданд. Мақомоти Чин гуфтанд, ки ояндаи Афғонистонро фақат бояд мардумаш таъйин кунад. Мақомоти рус гуфтанд, ки бозгашти дубораи Амрико ба Багром фоҷеа дар пай хоҳад дошт.

Вазорати дифои Амрико талошҳои ҷиддиро дар мавриди бозпасгирии Пойгоҳи Багром оғоз намудааст. Тибқи иттилооти нашршуда Вазорати ҷанги Амрико бо бархе аз афсарони ҳукумати собиқи Амрико музокиротро оғоз намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.

Ба назар мерасад, таваҷҷуҳи дубораи Амрико ба Афғонистон бештар гардидааст. Аз як сӯ, талошҳои дипломатӣ ва аз ҷониби дигар, талошҳои низомӣ баёнгари онанд, ки Амрико барномарезии ҷиддӣ дар робита ба бозпас гирифтани пойгоҳи Багромро дорад.

Ду садо дар миёни Толибон оид ба Багром

Бар асоси таҳлил ва арзёбии расонаҳо дар миёни Толибон дар мавриди вогузории пойгоҳи Багром ба Толибон ду садо вуҷуд дорад. Бархе роҳбарони Толибон, аз ҷумла роҳбари гурӯҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ қатъан вогузории Пойгоҳи Багромро ба Толибон рад кардааст. Гурӯҳи дигар, ба раҳбарии Мулло Ғанӣ Бародар ҷонибдори онанд, ки ба баҳонаи барасмиятшиносии байналмилалии Толибон Пойгоҳи Багром ба Амрико вогузор шавад.

Мақомоти қудратманди Толибон, ки дар зери назари Мулло Ҳайбатуллоҳ кор мекунанд, дар расонаҳо вокуниши ҷиддӣ дар робита ба тақозои Амрико нишон доданд. Масалан, Зокир Ҷалолӣ, ёвари Вазири корҳои хориҷии Толибон дар шабакаи иҷтимоии “Х” гуфт “ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон барои мо қобили қабул нест ва ҳатто як ваҷаб хоки Афғонистон набояд таҳти назорати Амрико бошад”.

Ӯ афзуд, ки Доналд Трамп “бештар ба ҳайси як тоҷир” ба масъала менигарад ва мехоҳад бозгашти эҳтимолии Багромро ба як муомила табдил кунад”.

Баъди нашри дархости Амрико дар мавриди бозпасгирии Пойгоҳи Багром мақомоти Чин ба Вазорати дифои Толибон нома фиристода, дархости мулоқот кардаанд. Тибқи иттилои нашршуда, Чин мехоҳад дар муқобила бо таҳдидҳои Амрико ба гурӯҳи Толибон кумак кунад.

Тарроҳи сулҳи Давҳа дар майдон

Зулмай Халилзод, намояндаи собиқи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ин шабу рӯз талошҳои зиёдеро анҷом медиҳад, то равобити Толибон бо Амрико беҳбуд пайдо кунад. Ӯ ҳафтаи гузашта ба дидори Толибон рафт ва ба зарурати тақвият ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба таъкид кард. Ӯ гуфт: “Вашингтон ва Кобул метавонанд аз ин робитаҳо баҳра баранд. Аз мубориза бо терроризм, то бартарафсозии мушкилоти амниятӣ ва масъалаҳои вобаста ба гаравгонҳо”.

Чолишҳои сиёсӣ барои Толибон

Ба гуфтаи таҳлилгарон эҳтимоли бозгардондани Пойгоҳи Багром ба Амрико метавонад ба имиҷи Толибон зарбаи ҷиддӣ ворид кунад. Зеро ин гурӯҳ ду даҳа бар зидди ҳузури низомии Амрико ҷангид ва онро нишонаи “ишғол” мехонд. Ҳоло ҳамкорӣ бо Вашингтон метавонад боиси ихтилофоти дохилӣ шавад ва ҳатто бахше аз ҷангҷӯёнро ба ҷониби рақибони Толибон, аз ҷумла гурӯҳи “Давлати исломии Вилояти Хурусон” тела кунад.

Бо вуҷуди ин, гурӯҳи Толибон бо баҳонаи барасмиятшиносии ҳукуматашон аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ва озод кардани дороиҳои масдудашудаашон барои вогузории Багром  ҳусни ният нишон медиҳанд.

Багром –мероси ҷанги сард

Пойгоҳи ҳавоии Багром, воқеъ дар вилояти Парвон, дар даврони Шӯравӣ сохта шуд ва баъдан ба маркази асосии амалиёти низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон табдил ёфт. Аз соли 2001 то 2021 ин пойгоҳ маркази фармондеҳӣ ва амалиётии низомии Амрико дар Афғонистон буд.

Багром бо инфрасохтори мураккаб, аз бандари ҳавоии бузург, то анборҳои аслиҳа ва пойгоҳҳои муҳандисӣ, барои Толибон як мероси сангин ба шумор меравад. Бо вуҷуди таҳти назорат қарор доштани он, камбудии мутахассисон ва таҷҳизоти муосир истифодаи комил аз ин пойгоҳро барои Толибон душвор сохтааст.

Иддаи Толибон дар мавриди ин ки пойгоҳи Багром аз ҷониби амрикоиҳо сохта шуд, хашми бархе таҳлилгарони русро ба вуҷуд овард. Мақомоти рус дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп гуфтанд, ки Пойгоҳи Багромро Шӯравӣ сохта буд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳукумати бисёр мустабидонаи Толибон дар ҳолати сардаргумӣ қарор дорад. Робитаи наздики ин гурӯҳ бо Чину Русия боис гардидааст, ки Амрико нисбат ба ҳузури онҳо дар қудрат ҳассосият нишон дода, барономаҳоеро барои хунсо кардани нуфузи Чину Русия дар Афғонистон тарҳрезӣ намояд.

Стратегҳои низомӣ мегӯянд, ки  Амрико ниёзи дубора ба минтақаи Афғонистон пайдо кардааст. Ба гуфтаи онон, Амрико дар гузашта бо истифода аз хоки Афғонистон Чин ва Эронро назорат мекард ва нуфузи низомиаш дар минтақаи Осиёи Миёна ҳайбати геополитикиашро меафзуд. Ҳоло ин имкон аз дасташ рафтааст ва мехоҳад дубора онро ба даст орад.

Бархе таҳлилгарон аз нуфузи беш аз ҳадди гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳаракатҳои фаъолонаи “Алқоида” душмани ҳамешагии Амрико дар Афғонистон боиси он гаштааст, ки Амрико дубора ба ин минтақа боз гардад.

Ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Миёна дар муодилоти багромхоҳӣ

Кишварҳои Осиёи Миёна, ки аз тавони низомии бахусусе бархурдор нестанд, дар пайи ҳифзи марзҳои худ аз гурӯҳҳои Толибон мебошанд. Онҳо дари гуфтугӯ ва музокиротро бо Толибон боз намуда, мехоҳанд бо ин ҳадаф душмании Толибонро нисбат ба кишварҳои худ камтар кунанд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев яке аз сардамдорони иртиботи густурда бо Толибонанд. Онҳо борҳо аз густариш додани равобит бо Толибон ҳарф зада, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки ба ин гурӯҳ дар сатҳи байналмилалӣ фурсат дода шавад. Ҳоло суол ба вуҷуд меояд, ки бозгашти Амрико ба Багром чӣ паёмадҳоеро барои ин кишварҳо дар пай хоҳад дошт? Посух ба ин суол осон нест, вале ин кишварҳо дар талошанд, аз рақобат ва дахолат ба масъалаи Афғонистон дур бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
17.09.2026 11:09

Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем

Масъуд Пизишкиён дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС бо шабакаи хабарии “Индиа тудей” (India Today) суҳбат кард. Президенти Эрон бо ишора ба робитаҳои таърихиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон аз беҳтар шудани муносибатҳо бо сарвазири Ҳиндустон ва аҳамияти Чобаҳор ба ҳайси чорроҳи транзитии минтақа сухан гуфт. Ӯ БРИКС-ро абзоре барои муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва таҳримҳои якҷониб номид ва хостори ҳамкории мустақили кишварҳои узв дар самти тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ шуд. Дар зер мо мухтасари суҳбати ӯ бо хабарнигори “Индиа тудей”-ро меорем:
17.09.2026 11:08

Президенти кишвар бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд.
17.09.2026 11:07

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон

Дар шаҳри Масқат мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири адлия ва масъалаҳои ҳуқуқии Салтанати Умон доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Саид Ас-Саидӣ баргузор гардид.
17.09.2026 11:06

Вазири кишоварзӣ бо сафири Беларус дар Тоҷикистон масъалаи рушди тухмипарварӣ ва чорводориро баррасӣ карданд

16-уми сентябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.
17.09.2026 08:37

Пешвои миллат бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд

17-уми сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
17.09.2026 08:26

Лавров: “Агар Аврупо ба Русия ҳамла кунад ҷанг комилан дигар ва хеле кӯтоҳ хоҳад буд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо ишора ба он ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои аврупоиро надорад, гуфт, ки дар сурати ҳамлаи Аврупо ба Русия ҷанг “комилан дигар” ва “хеле кӯтоҳ” хоҳад буд.