Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш
Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт
Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”
Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд
Географияи сиёсӣ дар Авруосиё. Оё бидуни Эрон якпорчагӣ имкон дорад?
Бо вуҷуди он ки дар нишасти охирини Осиёи Марказӣ- Озарбойҷон номи Эрон матраҳ нашуд, коршиносон таъкид мекунанд, ки нақши геополитикӣ ва транзитии Эрон дар ҳамгироии минтақавӣ он қадар муҳим аст, ки нодида гирифтани он ба воқият созгор нест. Ба таъкиди таҳлилгарон ташкили як блоки қавии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бидуни вуруди Эрон ба муодила, ба душворӣ метавонад комилан муассир бошад.
Дар 7-умин Иҷлосияи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд сарони кишварҳо бо рушди формати машваратӣ ва узвияти расмии Озарбойҷон дар ин платформа ризоият доданд. Бо ин вуҷуд, баҳси асосӣ дар миёни коршиносон бештар ба ин суол равона шудааст: Оё Созмони Авруосиё метавонад бидуни Эрон ба ҳадафи ҳамгироии стратегӣ расад?
Пулҳои геполитикии Эрон. Аз Осиёи Марказӣ то уқёнуси Ҳинд
Эрон ба далели мавқеи географии стратегияш роҳи табиии робитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо обҳои кушода, Баҳри Умон ва Халиҷи Форс, ба шумор меравад. Шабакаи роҳҳои оҳан ва шоҳроҳҳои байналмилалии Эрон имкони пайвасти бозорҳои минтақа бо бандарҳои ҷанубиро фароҳам месозанд. Бино ба таъкиди таҳлилгарон, бандари Чобаҳор аз муҳимтарин нуқтаҳои транзитӣ барои кишварҳои маҳрум аз баҳр, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошад.
Чобаҳор дарвозаи ҷанубии Осиёи Марказӣ
Бандари амиқи Чобаҳор имкони рушди тиҷоратро ба таври чашмгир таъмин мекунад ва барои стратегияи кишварҳои Авруосиё як алтернативаи муҳимми хориҷ аз роҳҳои Русия ва Чин ба ҳисоб меравад. Эрон, ки узви созишномаи Ашқобод низ аст, метавонад дар таҳкими роҳҳои бисёрсамтаи транзитӣ нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Омодагии Эрон ба густариши транзит бо минтақа
Дар изҳороти расмӣ ва гузориши ниҳодҳои транзитии Эрон таъкид мешавад, ки ин кишвар омодагии комил барои афзоиши ҳамкориҳои транзитӣ бо Осиёи Марказӣ дорад. Коршиносон бар ин боваранд, ки чунин иқдом метавонад ба ташаккули стратегияи навини Авруосиё кумак карда, ба шаффофияти иқтисодӣ ва диверсифиатсияи роҳҳои транзитии минтақа такони ҷиддӣ бахшад.
Энергетика ва зерсохтор. Аҳамияти дигари Эрон
Эрон фақат роҳи транзитӣ нест. Дар бахши энергетика низ ҳамкориҳои фаъол дорад. Аз ҷумла лӯлаи гази Давлатбод-Сарахс-Ханҷирн, ки интиқоли газ аз Туркманистон ба Эронро таъмин мекунад. Ҳамчунин, Теҳрон пешниҳоди ҷадид дар мавриди кумак ба ҳамлу нақли минтақавиро пешниҳод кардааст, ки метавонад дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳон барои кишварҳои Осиёи Марказиро густариш диҳад.
Чолиши таҳримҳо ва паёмадҳои он
Бо вуҷуди ҳамаи бартариҳои географӣ ва транзитӣ, таҳримҳои байналмилалӣ яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳ ба ҳамкориҳои густурда маҳсуб мешаванд. Бар асоси таҳлили нашрияи “Дипломатия” маҳдудиятҳои таҳримӣ, сармоягузорӣ ва рушди инфрасохторро камранг мекунанд. Бо ин вуҷуд, бисёре аз мутахассисон бар ин боваранд, ки ин монеаҳо доимӣ набуда ва бо тағйири воқеиятҳои геополитикӣ имкони беҳтаршавиро доранд.
Нуқтаи охир
Бо афзоиши аҳамияти роҳҳои транзитӣ ва рақобати геополитикӣ дар Авруосиё, минтақаи Авруосиё бидуни Эрон, ки ҳам мавқеи мусоид, ҳам инфрасохтори калидӣ ва ҳам иродаи қавӣ дорад, мушкил метавонад ба як блоки мутамарказ ва муассир табдил шавад. Аз ин рӯ, ба ақидаи таҳлилгарон нақши Эрон дар геополитикаи Авруосиё на фақат муҳим, балки барои муваффақияти дарозмуддати Авруосиё ҳаётан зарурӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид