Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст, вале вобастагӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, қарзҳои берун аз буҷети ширкатҳои давлатӣ, аз ҷумла ҶММ “ТАЛКО” ва лоиҳаи нотамоми “Роғун” рушди иқтисодиро осебпазир мегардонад.
Дар ин бора Алӣ Абуиссам, таҳлилгари Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” мақолаи таҳлилӣ навишта, дурнамои иқтисодии Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳ ба лоиҳа ва барномаҳои амалишаванда мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.
Ӯ дар ин мақолаи таҳлилии худ менависад, ки НБО “Роғун” барои кишваре, ки сардиҳои зимистон, “қатъ шудани неруи барқ ва географияи куҳистониро хуб медонад, як ормони бузурги миллӣ ба шумор меравад”.
Ба навиштаи ин муаллиф, маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар нимсоли аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин дар ҳолест, ки сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 18,4 фоиз зиёд шуд.
“Рӯзи 30-юми июн Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин, барои “Роғун” ҷудо намудани боз 300 миллион доллар грантро тасдиқ намуд. Рушди босуръат ва дастгирии нави ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ гӯё натиҷаи мусбати солҳои сармоягузории давлатӣ ва иқтисодиро нишон медиҳад”- навиштааст Алӣ Абуиссам.
Ӯ менависад, ки ин вазъият як суоли асосиро ба миён меоварад: оё рушди иқтисодӣ барои иҷрои уҳдадориҳои оянда даромади кофии содиротӣ ба вуҷуд меорад ё Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба даромади муҳоҷирон ва хароҷоти давлатӣ такя мекунад?
Рушд осебпазирии иқтисодиро пинҳон мекунад
Дар мақолаи таҳлилии ӯ зикр мешавад, огоҳӣ дар он аст, ки рушди қавии иқтисодии Тоҷикистон метавонад осебпазирии ҷиддии беруна ва буҷетиро пинҳон намояд.
“Нишондиҳандаи ҷолиби сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ сохтори нисбатан осебпазирро пинҳон мекунанд: иқтисод ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, пойгоҳи маҳдуди содирот ва ширкатҳои давлатии сиёсишуда вобаста аст ва ҳаҷми қарзҳое, ки хизматрасонии онҳо торафт душвортар мешавад, афзоиш меёбад”- менависад ӯ.
Ӯ дар идомаи матлаби худ таъкид мекунад, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳое қарор медиҳад, ки хатари баланди мушкилоти қазӣ доранд.
“Ин маънои онро надорад, ки кишвар ҳатман ба дефолт наздик аст, вале имкони содир шудани хати молиявӣ ё таъсири як зарбаи беруна ба иқтисод маҳдудтар шудааст”.
Сармоягузории мустақими хориҷӣ коҳиш ёфтааст
Алӣ Абуиссам дар матлаби худ менависад, сармоягузорӣ ба сармояи асосии хароҷот барои биноҳо, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад, вале ин рақам ҳатман маънои онро надорад, ки сармоягузорони хориҷӣ барои ба даст овардани даромади баланд ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки соли 2025 сармоягузории мустақими хориҷӣ коҳиш ёфта буд, дар ҳоле ки рушди иқтисодӣ ба 8,4 дарсад расида буд.
Ба навиштаи хабарнигори “Ал-Ҷазира” манбаи асосии асъори хориҷӣ рӯшан аст. Бар асоси маълумоти Бонки ҷаҳонӣ интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар соли 2025 ба тақрибан 45 фоизи ММД баробар шуд ва омили асосии рушди иқтисодӣ буд.
“Содироти алюминий ва дигар маҳсулот низ аҳамият доранд, вале аҳамияти стратегии “ТАЛКО” маънои онро надорад, ки ин ширкат сарчашмаи асосии асъори Тоҷикистон аст” – менависад муаллифи мақола.
Тибқи навиштаи ин таҳлилгар даромади асосии хориҷии кишвар ҳанӯз ҳам аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷик, ки дар хориҷ кор мекунанд, ба даст меояд.
Ба навиштаи муаллифи мақола, ҳамзамон вазъи иҷтимоӣ беҳтар шудааст. Ҳиссаи аҳолие, ки тибқи меъёри Бонки ҷаҳонӣ бо камтар аз 4,20 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекард, аз 55 фоиз дар соли 2020 то тақрибан 14,8 фоиз дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.
Зикр мешавад, ки захираҳои асъори кишвар ба 5,6 миллиард доллар расидаанд, ки барои беш аз ҳашт моҳ воридот кофӣ аст.
“Ин пешрафтҳо нишон медиҳанд, ки иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба тасвири одии як кишвари гирифтори буҳрон устувортар шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳамин иттилоот заъфҳои иқтисодро низ нишон медиҳад.
Касри савдо дар соли 2025 то 35 фоизи ММД афзоиш ёфт, истеҳсоли дохилӣ ҳанӯз маҳдуд аст ва истеъмоли оилаҳо ба даромади дар хориҷ бадастомада сахт вобаста мебошад” – менависад муаллифи мақола..
Ба навиштаи ӯ, коҳиши рушди иқтисодии Русия ё сахтар шудани қоидаҳои муҳоҷират метавонад ҳамзамон талаботи дохилӣ ва тавозуни пардохтҳои Тоҷикистонро заиф кунад.
Далел ба манфиати “Роғун”
Муаллифи ин мақола ишора мекунад, ки таъхири тӯлонӣ дар кори сохтамони “Роғун” далели иқтисодии анҷом додани онро аз миён намебарад.
Бонки ҷаҳонӣ интизор дорад, ки неругоҳ баъди ба кор даромадани пурра, метавонад солона 14 ҳазору 400 гигаватт-соат неруи барқ истеҳсол кунад. Ин ҳаҷм тақрибан ба 60 фоизи истеҳсоли кунунии неруи барқи Тоҷикистон баробар аст.
Қисми назарраси неруи барқи нисбатан арзони “Роғун” барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ пешбинӣ шудааст. Ин метавонад камбудиҳои доимии неруи барқ дар фасли зимистонро коҳиш диҳад.
Қисми дигари неруи барқ метавонад ба кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Ӯзбекистон содир карда шавад.
Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин, ҳисоб мекунад, ки лоиҳаи “Роғун” метавонад беш аз 30 ҳазор ҷойи кори мустақим ва ғайримустақим эҷод намояд.
Сохтори маблағгузории лоиҳа низ беҳтар шудааст.
Дар бахши дигари мақола муаллиф менависад, ки гранти нави 300 миллион долларии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд метавонад ҳаҷми умумии маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ барои “Роғун”-ро ба 650 миллион доллар расонад.
Дигар шарикони бисёрҷониба ва дуҷониба низ дар маблағгузории лоиҳа ширкат доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин, ваъда додааст, ки як қисми даромадҳои ояндаи лоиҳаро ба барномаҳои иҷтимоӣ равона мекунад.
Зикр мешавад, ки грантҳо ва маблағгузории имтиёзнок фишорро ба буҷети давлатӣ коҳиш медиҳанд.
Муаллиф ишора мекунад, ки дастгирии байналмилалӣ чеки холӣ нест. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки миқёси “Роғун” аз имкони мустақилонаи маблағгузории Тоҷикистон берун аст ва барои пешгирӣ аз он ки лоиҳа қисми аз ҳад зиёди буҷетро ба худ ҷалб кунад, дастгирии шарикон зарур аст.
Даромади пешбинишуда аз содироти неруи барқ ба анҷоми лоиҳа, бунёди сохтмони хатҳои интиқоли барқ, шартномаҳои боэътимоди хариди неру ва фаъолияти шаффофи неругоҳ вобаста аст.
“То замоне, ки ин унсурҳо пурра таъмин нашудаанд, даромади пешбинишударо ҳамчун маблағе, ки аз ҳоло барои пардохти қарз дастрас аст, ҳисоб кардан мумкин нест” – менависад таҳлилгари иқтисодӣ.
Хавф берун аз қарзи давлатӣ ҷой дорад
Тоҷикистон аз нигоҳи таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба иқтисод дар ҳолати ғайриодии вазнин қарор надорад. Қарзи давлатӣ дар давоми соли 2025 ва аввали соли 2026 коҳиш ёфт ва захираҳои асъорӣ ҳамчун як захираи муҳимми молиявӣ боқӣ мондаанд.
Сандуқи байналмилалии пул қарзи Тоҷикистонро устувор арзёбӣ намудааст.
Ба гуфтаи муаллиф сабаби ба гурӯҳи кишварҳои дорои хатари баланди мушкилоти қарзӣ дохил шудани Тоҷикистон асосан ба ҳаҷми зиёди пардохтҳои хориҷӣ дар муқоиса бо даромадҳои содиротӣ дар солҳои 2025-2027 вобаста аст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки осебпазирии фаврӣ бештар аз ҷадвали пардохти қарзҳо ва маҳдуд будани пойгоҳи содиротӣ рабт дорад, на фақат ба ҳаҷми умумии қарзҳои давлатӣ.
Аммо нишондиҳандаи асосии қарз як қисми муҳимми уҳдадориҳои бахши давлатиро дарбар намегирад.
Бар асоси арзёбии асосии Сандуқии байналмилалии пул, қарзҳои ширкатҳои давлатӣ, ки аз сӯйи давлат кафолат дода нашудааст, ба ҳисоб гирифта нашудаанд, зеро маълумот дар бораи ин уҳдадориҳо нопурра мебошад.
Дар як таҳлили махсуси хавф Сандуқи байналмилалии пул уҳдадориҳои эҳтимолиро ба андозаи 11,7 фоизи ММД ба назар мегирад.
Ба ин рақам, қарзҳои ҷамъшудаи “Барқи тоҷик”, ки тақрибан 8,2 фоизи ММД арзёбӣ мешаванд ва қарзи хориҷии “ТАЛКО”, ки тақрибан 2 фоизи ММД -ро ташкил медиҳад, дохил мешаванд.
Мушкилоти “ТАЛКО”
“ТАЛКО” ҳамчунин, бо талошҳои идомадошта барои иҷрои як қарори ҳакамӣ рӯбарӯ аст, ки арзиши он ҳоло аз 300 миллион доллар бештар аст.
Ширкат барои ҷалби сармоягузории назарраси нав талош кардааст, вале уҳдадориҳои ҳалношудаи он ҷалби маблағгузории навро мушкилтар мекунанд.
Парвандаи ҳакамӣ бар зидди “ТАЛКО” ногузир хавфҳои вобаста ба риояи талаботи ҳуқуқӣ ва зарурати санҷиши амиқи вазъи молиюявию ҳуқуқиро барои маблағгузорони эҳтимолӣ зиёд мекунанд.
Вақте пардохтҳо ба воситаи бонкҳо ва қаламравҳои мухталиф анҷом меёбанд, хавфҳои ҳуқуқӣ дар як қисми дороиҳо фақат дар ҳамон ҷо маҳдуд намемонанд.
Ин баҳс, ҳамчунин, ба марҳилаи иҷрои қарорҳои додгоҳӣ дар кишварҳои мухталиф гузаштааст. Қарздиҳандагон дар як қатор қаламравҳо барои гирифтани иттилоот дар хусуси дороиҳо ва амалиётҳои молиявӣ талош доранд.
“Илова бар ин, “ТАЛКО” ба таваҷҷуҳи махсус ниёз дорад, зеро мушкилоти молиявии он бевосита ба як ширкати дигари давлатӣ - “Барқи тоҷик” таъсир мерасонад” – менависад муаллифи мақола.
Ба навиштаи муаллифи мақолаи таҳлилӣ, тибқи иттилои Сандуқи байналмилалии пул қисми зиёди қарзҳои ҷамъшудаи “ТАЛКО” аз “Барқи тоҷик” аст.
Интизоми сусти пардохт дар “ТАЛКО” зарари ширкати энергетикиро зиёд мекунад. Дар сурати кафолат додан аз нав сармоягузорӣ кардан ё ба зимма гирифтани қарзи яке аз ин ширкатҳо, эҳтимол дорад, ки бори молиявӣ ба буҷети давлатӣ гузарад.
Гуфта мешавад, ин таҳлили хавф маънои онро надорад, ки давлат ҳатман ҳама уҳдадориҳои ин ширкатҳоро ба зимма мегирад. Вале он нишон медиҳад, ки таносуби пасти қарзи давлатӣ метавонад хавфи воқеии васеътари молиявиро пурра инъикос кунад.
Ду ҷониби масъала - имконият ва хавф
Муаллифи мақолаи нашршуда дар сомонаи Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” менависад, ки созишномаи нави маблағгузорӣ, ҳарду ҷониби масъала - ҳам имконият ва ҳам хавфро нишон медиҳад.
Моҳи август Фонди авруосиёии субот ва рушд бо Тоҷикистон барои дастгирии буҷет ба маблағ 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расонд.
Муҳлати қарз 20 сол, давраи имтиёзнок 10 сол ва меъёри фоизӣ фақат як фоиз мебошад.
Ин шартҳо хеле имтиёзнок буда, нишон медиҳанд, ки маблағгузории расмии назаррас барои дастгирии барномаи ислоҳоти ҳукумат ҳанӯз дастрас мебошад.
Санҷиши ислоҳот
“Интихоби сиёсӣ барои Тоҷикистон фақат миёни даст кашидан аз “Роғун” ё гирифтани қарзи бемаҳдудият нест” – мегӯяд таҳлилгар.
Тоҷикистон метавонад барои бунёди неругоҳ аз грантҳо ва маблағгузории дарозмуддати имтиёзнок истифода кунад ва ҳамзамон қарзҳои ғайриимтиёзнокро маҳдуд кунад.
Зикр мешавад, ки ҳисоботи аудити ширкатҳои бузурги давлатӣ нашр шуда, ҳамчунин, кафолатҳои давлатӣ, қарзҳои ҷамъшуда ва дигар уҳдадориҳои молиявӣ бояд ошкор карда шаванд.
Гузориши мустақил дар хусуси хароҷоти “Роғун”, харидҳои давлатӣ, бехатарӣ, кӯчондани аҳолӣ ва шартномаҳои фурӯши неруи барқ ба қарздиҳандагон ва шаҳрвандон имкон медиҳад, арзёбӣ кунанд, ки оё пешбиниҳои даромади оянда воқеан боқӣ мондаанд ё не.
“Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин, ба рушди иқтисодие ниёз дорад, ки хориҷ аз бахши давлатӣ ҷойҳои нави корӣ ва маҳсулоти содиротӣ ба вуҷуд оварад”- зикр мекунад ин муаллиф.
Ба навиштаи муаллиф барои ин рақобат бештар, қоидаҳои боэътимодтар барои сармоягузорони хусусӣ ва низоми молиявие зарур аст, ки тавонад як қисми маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро ба тиҷоратҳои истеҳсолӣ равона намояд, на фақат ба истеъмол ва воридот.
Муаллифи мақола ба ин натиҷагирӣ мерасад, ки маълумоти мавҷуда ба як хулосаи нисбатан эҳтиёткорона ишора мекунанд. Рушди иқтисодӣ воқеист ва фурӯпошии соҳибихтиёрии молиявии Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар назар нест.
Коҳиши сатҳи камбизотӣ, захираҳои назарраси асъорӣ ва дастгирии маблағгузории имтиёзнок ба кишвар имконият фароҳам овардаанд. Вале ин рушди иқтисодӣ фақат дар сурате идома хоҳад ёфт, ки Душанбе иқтисодро васеътар намуда, қарзҳои “ТАЛКО” ва дигар ширкатҳои давлатиро шаффоф намояд.
“Роғун” метавонад ба ин гузариш мусоидат намояд, вале фақат дар сурате, ки маблағгузории он дар доираи даромад боқӣ монад, ки неругоҳ воқеан метавонад ба даст орад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд