25 Октябр 2026,
якшанбе, 10:05, Душанбе
21.08.2026 08:17

«Бумеранг» барои Трамп? Вокунишҳои шадиди таҳлилгарон аз таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон

Таҳримҳои нави иқтисодии Доналд Трамп бар зидди Эрон боиси вокунишҳои шадиди таҳлилгарон ва сиёсатмадорони собиқи амрикоӣ шудааст. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки стратегияи фишори иқтисодии Вашингтон метавонад ба ҷои водор кардани Теҳрон ба ақибнишинӣ, хатари афзоиши танишҳо дар минтақа ва иқтисоди ҷаҳониро бештар кунад.

Рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ Лора Розен бар ин назар аст, ки таҳримҳои бештар метавонанд кӯшиши Вашингтон барои нишон додани натиҷаи сиёсати худ бошанд, бидуни он ки ИМА дубора ба амалиёти низомии васеътар рӯ оварад.

«Ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодии бештар, бо унвонҳои гуногун, ба ин маъност, ки мо мехоҳем нишон диҳем, иқдоме анҷом медиҳем, то маҷбур нашавем дубора ба афзоиши танишҳои низомӣ рӯ оварем» - мегӯяд Лора Розен

Роберт Малӣ, намояндаи собиқи ИМА дар умури Эрон, бошад, ба таъсири таҳримҳо шубҳа дорад.

Ба гуфтаи ӯ, умед бастан ба он ки фишори иқтисодии бештар ҳатман натиҷаи беҳтар медиҳад, метавонад як иштибоҳи ҷиддии сиёсӣ бошад. Ӯ таъкид кард: «Кам чизе ба андозаи ин тасаввур, ки «агар фишори иқтисодӣ ҷавоб надод, фишори иқтисодии бештар ҳатман ҷавоб хоҳад дод», метавонад ҳам фиребанда ва ҳам мантиқан ғалат бошад.»

Малӣ ду эҳтимолро барои рафтори Теҳрон матраҳ кардааст: Эрон метавонад кӯшиш кунад фишорҳоро паси сар намояд ва мунтазири тағйири мавқеи Трамп шавад ё ба таври фаъолтар ҷавоб диҳад ва хароҷоти таҳримҳоро ба дигар ҷонибҳо низ интиқол диҳад.

Ҷек Рид, сенатори демократи ИМА низ ҳушдор дод, ки фишори шадид бар Эрон метавонад ба посухи минтақавӣ оварда расонад. Ӯ мегӯяд: «Эрон ҳам дар бозори ҷаҳонии энергетика таъсиргузор аст ва ҳам дар баробари фишор хомӯш нахоҳад монд. Агар Теҳрон таҳти фишори шадид қарор гирад, дар минтақа ҳамлаҳо анҷом хоҳад дод.»

Сафири собиқи ИМА дар Исроил низ таҳдидҳои Трампро бештар як абзори фишори сиёсӣ арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ «таҳдидҳои Трамп ба эҳтимоли зиёд асосан ҷанҷолбарангез ва холӣ ҳастанд. Имкониятҳои зиёде барои чунин иқдом вуҷуд надоранд, ки истифодаи онҳо бидуни таҳаммули иқдомҳои ҷавобии зидди Амрико имконпазир бошад».

Аммо ӯ ҳамзамон ҳушдор додааст, ки набояд қобилияти Эрон барои ҷавоб додан нодида гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ: «Ҳатто агар ин таҳдидҳо амалӣ ва ҷиддӣ бошанд, Эрон ҳам омодагии таҳаммули хароҷот ва фишорро дорад ва ҳам абзорҳое дар ихтиёр дорад, ки метавонад тавассути онҳо ба Амрико, шарикони Амрико ва иқтисоди ҷаҳонӣ зарар расонад.»

Сафири собиқ афзуд, ки ҳар гуна афзоиши таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон метавонад дуҷониба бошад ва Эрон низ имкони интихоби шакли вокунишро дорад.

«Новобаста аз он ки Трамп ба сӯйи афзоиши низомӣ ҳаракат кунад ё иқдоми иқтисодӣ анҷом диҳад, ба назар мерасад, ӯ ҳеч гоҳ дарк намекунад, ки афзоиши таниш якҷониба нест ва Эрон низ қудрат ва ихтиёри амал дорад ва метавонад вокуниш нишон диҳад» - мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Арнолд Бернард, таҳлилгари фаронсавӣ, ба он шубҳа дорад, ки таҳримҳои нав метавонанд ба таври ҷиддӣ Чинро низ ҳадаф қарор диҳанд. Ӯ мегӯяд: «Қариб мутмаинам, ки манзур аз ҳар кишвар Чин нест. Тасаввур кардан душвор аст, ки ИМА ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз сафари Пекин мехоҳад бар зидди Чин “D-Day-и иқтисодӣ” эълон кунад”.

Бернард ба як намунаи қаблии таниш миёни Вашингтон ва Пекин ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи май ИМА талош кард чанд корхонаи коркарди нафти Чинро ба далели харидории нафти Эрон таҳрим кунад.

Аммо Пекин дар ҷавоб мавқеи қатъӣ гирифт ва Вазорати тиҷорати Чин дастуре содир кард, ки тибқи он таҳримҳои ИМА набояд эътироф шаванд.

Ба гуфтаи таҳлилгари фаронсавӣ, Вашингтон баъдан амалан аз иҷрои пурраи ин таҳримҳо ақибнишинӣ кард, зеро татбиқи онҳо метавонист муассисаҳои бузурги молиявии Чинро ҳадаф қарор диҳад ва ба низоми молиявии байналмилалӣ низ зарба занад.

Дар натиҷа, баҳсҳо дар бораи самаранокии стратегияи «фишори ҳадди аксар» бар Эрон дубора авҷ гирифтаанд. Барои Вашингтон масъала танҳо таҳрим кардани Теҳрон нест — хатари асосӣ ин аст, ки фишори иқтисодӣ метавонад ба як занҷири нави муқовимат табдил ёбад, ки оқибатҳои он берун аз марзҳои Эрон эҳсос хоҳанд шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.10.2026 13:50

Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.
24.10.2026 11:04

Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад

Хабаргузории “Синхуа”-и Чин дар як гузориш бо Гузел Майтдинова, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бораи тақвияти ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай суҳбат намудааст. Коршинос дар ин суҳбат таъкид мекунад, ки афзоиши тиҷорат, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкории технологӣ метавонанд самтҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхайро густариш диҳанд.
24.10.2026 10:32

Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо пахши як изҳорот гуфт, ки иттиҳоми Бенямин Нетаняҳу дар мавриди нақш доштани Русия дар роҳандозии маъракаи интернетии зиддияҳудӣ беасос аст. Ин вазорат матраҳ шудани чунин иттиҳомро ба интихоботи Исроил, ки рӯзи 27-уми октябр бояд баргузор шавад, вобаста донист.
24.10.2026 10:23

Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар се соли охир 11 миллиард доллар аз маблағҳои андозсупорандагони худро барои дифои мушакии Исроил харҷ кардааст.
24.10.2026 10:17

Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар додааст, ки неруҳои ин ҷабҳа ба иншоот ва марказҳои таълимии гурӯҳи террористии Толибон дар фурудгоҳи низомии Багром, воқеъ дар шимоли Кобул ҳамлаи мушакӣ анҷом додааст.
24.10.2026 09:06

Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ

Шоҳрух Назаров барандаи медали нуқраи Бозиҳои V параосиёӣ шуда, аввалин медали ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар таърихи иштироки кишвар дар мусобиқаи мазкур ба даст овард.
24.10.2026 07:05

31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид

Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» бо иштироки 1000 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
24.10.2026 07:04

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд

Имрӯз, 23-юми октябр дар шаҳри Батуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок кард.
23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.