2 Ноябр 2026,
душанбе, 00:42, Душанбе
28.07.2025 20:33

Бадали Ҳитлер дар пайи ридои Куруш!

Бадали Ҳитлер дар пайи ридои Куруш!

Сарвазири ифротии Исроил дар яке аз тозатарин изҳороти худ аз дайни таърихӣ ба миллати Эрон сухан гуфта ва ба навъе худро ҳам қадду қомати Куруш, подшоҳи баландовозаи Эрони бостон донист, ки қариб ба ду ҳазору панҷсад сол қабл қавми яҳудро ба озодӣ расонд.

Бенямин Нетаняҳу, ки аз соли 1996-и мелодӣ тайи се давра ва ҷамъан ба муддати беш аз 17 сол раёсати кобинаи режими Исроилро бар уҳда дошта, ба хотири шахсияти ифротӣ ва пешгомӣ дар лоиҳа ва иқдомҳои ҷинояткоронаи ин режим мавзуи баҳс ва назарҳои мухталиф будааст. Ба ҳайси мисол, аввалҳои тирамоҳи гузашта буд, ки бархе торномаҳо ва каналҳои маҷозии эронӣ бо пахши видеоҳое аз аввалҳои давраи сиёматмадории ӯ, “аз қавли Нетаняҳу ба Хохоми Аъзам барои заминасозии зуҳури даҷҷол” навиштанд.

Гузашта аз муҳтавои ин видеоҳо, ки вобаста ба солҳои 1988 то 1990 ва гуфтугӯҳои Нетаняҳу бо Хохоми саҳюнисти тундраве ба номи Ашнерсон аст ва дар онҳо Нетаняҳу аз талошҳояш барои “зуҳури мунаҷҷии яҳуд” сухан мегӯяд. Бисёре дар гуфтугӯҳои умумӣ аз Нетаняҳу ба ҳайси “Даҷҷол” (чеҳраи шайтонии асотир ва ривояти марбут ба адёни Иброҳимӣ) ёд кардаанд.

Бо чунин пешина ва тасвире, ки хусусан дар мамолики исломӣ аз Нетаняҳу вуҷуд дорад ва баъд аз ҷинояти ду соли ахири режими ишғолгари Исроил дар Ғазза, ки сарвазири Исроилро ба яке аз манфуртарин чеҳраҳои олам бадал сохта, ӯ ахиран изҳороте дошта, ки аз диди бисёре талошест барои ба тан кардани рахте, ки чанд сад сол пеш, подшоҳи Ҳахоманишӣ пӯшида буд!

Сарвазири режими саҳюнистӣ ба тозагӣ дар боздид аз вайронаҳои баҷонмонда аз посухи мушакии Эрон дар Баъаршабаъ иддаоҳоеро матраҳ карда, ки агарчи тоза нест, вале таоммулбарангез аст ва аз тақаллои ӯ барои таҷҳизи гуфтумони султагароёна ва таҷовузгаронааш аз тариқи ривоятсозӣ аз як маъмурияти таърихии сохтагӣ ва ҷаълӣ барои худ ҳикоят дорад.

Бенямин Нетаняҳу чанд рӯз пеш муқобили дурбини расонаҳо бори дигар баҳси “бадеҳии яҳудиён ба Куруши Кабир”-ро ба миён кашиду гуфт: “Замони он расида, то яҳудиён бадеҳии таърихии худ ба Куруши Кабирро адо кунанд ва озодиро барои Эрон ба Армуғон биёваранд”. Ӯ муддаӣ шуд: “Мехоҳам ба шумо бигӯям, ки 2500 сол пеш, Куруши Бузург, подшоҳи Эрон яҳудиёнро озод кард ва имрӯз як давлати яҳудӣ дар ҳоли фароҳам намудани абзорҳое барои озодии мардуми Эрон аст”.

Пеш аз ин дар соли 2013 Нетаняҳу дар суханронии худ дар Конгураи Амрико бо ишора ба ривоятҳои марбут ба моҷарои “Астер ва Мардохай” талош карда буд решаи ихтилофоти имрӯзи Теҳрон - Тел-Авивро ба таърих иртибот диҳад ва ба ин восита бо дугонасозӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардум, худро душмани низом ва на мардуми Эрон нишон диҳад, ки мехоҳад дайнашро ба онҳо адо кунад.

Ба навиштаи Би-би-сӣ дар ин ривоят Нетаняҳу он ҳам аз воқеае бо ибҳомоти фаровон дар 2500 сол пеш, бисёре аз унсурҳоро ҳазф ва дар муқобил унсури муштараки нафрати қадимии эрониён аз яҳудиён ва талоши онон барои нобудии яҳудиён барҷаста шуд.

Аммо ин дини таърихӣ, ки Нетаняҳу ба он ишора мекунад, чист ва оё нақши кунунии Нетаняҳу шабеҳи нақши Куруш аст ё дасти кам касе, ки бихоҳад дини таърихиро адо кунад?

Куруш барои яҳудиён чӣ кард?

Яҳудиён Куруши Кабирро ба далели ривоятҳои таърихӣ, мазҳабӣ “мунаҷҷӣ” ва “раҳоибахш” -и худ аз асорати тӯлонии қавмашон дар Бобил медонанд.

607 сол қабл аз милод, пас аз суқути Ошӯр ва тақсими қаламрави он миёни Модҳо ва Бобилиён, чун мисриён Сурия ва Фаластинро тасхир карданд, “Набопаласар” писари худи “Бухтуннасар”-ро маъмури ҷанг бо Миср кард. Бухтуннасар дар набард бо Каркамеш, Фираъвн Мисрро дарҳам шикаст ва Сурияву Фаластинро гирифт. Дар ин миён, Набопаласар даргузашт ва Бухтуннасар аз ҷанг бозистод, бидуни таъхир ба Бобил баргашт ва бар тахт нишаст. Дар ин давра, кашмакаш миёни Бобилиён ва Мисриён бо лашкаркашии муҷаддиди Бухтуннасар ба масоҳиби Миср шиддат гирифт ва он гоҳ ки “Яҳуйоқим” шоҳи яҳуд, ба рағми тавсияи Ирмияи набӣ бар зидди Бобил бо Миср муттаҳид шуд, Бухтуннасар дареғ накард ва дар 597 қабл аз милод, Урушаалимро гирифт.

Яҳуйоқим ба ривояте дар ин пайкор асир ва ба Бобил табъид шуд, вале асорати яҳуд пас аз ҳамлаи дувуми Бухтуннасар рух дод, ки тӯли он вай бисёре аз яҳудиёнро гирифта, ба Бобил фиристод ва “Сидқиё”-ро подшоҳи яҳуд кард. Бо ин ҳама, талоши Сидқиё барои шӯриш, Бухтуннасарро ба тадоруки (омодагии) ҳамлаи дигаре ба Урушаалим барангехт. Вай ин бор, яъне дар соли 586-и қабл аз милод Сидқиёро низ асир кард ва ҳазорҳо яҳудии дигарро табъид ё маҷбур ба гурез ба Миср кард ва ҳисорҳои шаҳрро вайрон сохт ва подшоҳии Яҳудоро мунқариз кард.

Тӯли муддати тӯлонии асорат, анбиёи яҳудӣ ба қавми худ таскин медоданд, ки наҷотдиҳандае хоҳад омад ва онҳоро аз зулм раҳо хоҳад кард. Саранҷом, панҷсад сол пеш аз милод, ин Куруши Ҳахоманишӣ буд, ки бо фатҳи Бобил, яҳудиёнро аз асорат наҷот дод ва онҳоро бо корвоне аз сипоҳиёни ҳукумати Ҳахоманишӣ роҳии Байтулмуқаддас кард. Яҳудиён мегӯянд Куруш ашёи қиммати ғаниматгирифташуда ва хазинаҳои ба ғоратрафтаи маъбади муқаддаси онҳоро низ ба яҳудиён бозгардонд ва дар бозсозии маъбадаашон ба онҳо кумак кард.

Аммо оё ончи имрӯз дар минтақа дар ҳоли рух додан аст, қаробат ва шабоҳате бо мулавваҳаҳои таърихии давраи асорати яҳудиён дорад ё амалиёти Нетаняҳу шабоҳате бо маниши подшоҳи хушноми Ҳахоманишӣ дорад, ки “Би-би-сӣ” бо такя ба онҳо нақше шабеҳи Куруш барои худ ҷаъл мекунад?

Бадали Ҳитлер дар пайи қабои Куруш! Тасвире аз “Маншури Куруш”

Барои шинохти машӣ ва маниши ин подшоҳи некуном, санаде муҳимтар аз “Маншури Куруш” вуҷуд надорад; нахустин лавҳи озодии башар, ки барои ҷаҳониён арзиши тамаддунӣ дорад. Дар ин маншур бар раҳоӣ ва озодии ҳамаи миллатҳо ва қавмиятҳои таҳти фармондеҳии ҳукумати Ҳахоманишӣ ишора шудааст; нигоҳе мубтанӣ бар посдошти ҳуқуқи башар ва эҷоди сулҳ миёни миллатҳо ва ҳамаи мазоҳиб.

Чеҳрае, ки шабеҳи Ҳитлер аст, на Куруш

 

Ҳоло Нетаняҳу чӣ гуна ва ба чӣ шакл мехоҳад миёни давраи бостон ва кунунӣ ва нақши худу Куруш қаринасозӣ кунад? Ӯ мегӯяд, яҳудиён зери дини таърихии эрониён ҳастанд ва имрӯз навбати онон аст, ки эрониёнро аз дасти “Ҷумҳури Исломии Эрон” наҷот диҳанд; ӯ ба истилоҳи худ, худро ҳомии мардуми Эрон муаррифӣ мекунад.

Нетаняҳу бо ҳамин мантиқ, сиёсати таҷовузгароёнаи худро алайҳи Эрон тавҷеҳ мекунад. Ӯ бахши муҳимми стратегияи таҳоҷуми худро дар ҷараёни Ҷанги 12-рӯза бо умеди барангезонидани мардуми Эрон алайҳи ҳокимият танзим карда буд; ҳамон мардуме, ки муддаӣ буд мудофеи онон аст, вале худ, ононро ҳадафи мушак ва паҳподҳо қарор дод ва беш аз ҳазор нафар, шомили теъдоди зиёди ғайринизомиёнро ба хок ва хун кашид.

Нетаняҳу дар Ховари Миёнаи имрӯз ва дар чорчӯби таҳаққуқи тарҳи таҷовузкоронаи “Найл то Фурот”, ошкоро нақши мушобеҳ бо нақши Ҳитлер қабл аз Ҷанги ҷаҳонии дувум бозӣ мекунад.

Ин дугонагӣ ва тазод миёни нақши воқеӣ ва нақши муддаъии Нетаняҳу дар дигар нуқоти минтақа низ қобили радёбӣ аст. Наслкушии мардум дар Ғазза, таҳоҷум ба Сурия, таҷовуз ба Лубнон ва ... ҳама ва ҳама аз хӯйи таҷовузгаронаи Нетаняҳу ва низоме ҳикоят дорад, ки раҳбарии онро бар уҳда дорад.

Ҳамчуноне ки гуфта шуд, Нетаняҳу тамоюли бисёре дорад, худро шабеҳи Куруш муаррифӣ кунад ва нақше шабеҳи нақши таърихии Куруш дар озодии миллатҳо барои худ бипарварад, вале нақше, ки ӯ имрӯз дар минтақа ифо мекунад, бештар ба Ҳитлере шабоҳат дорад, ки бо ҳадафи кишваргушоӣ ва бо таҷовузгарӣ, заминаҳои вуқуи Ҷанги ҷаҳонии дувум ва фаҷоеи пас аз онро фароҳам кард.

Таҷовузи ҳафтаи гузаштаи Исроил ба марказҳои давлатӣ ва низомии Сурия дар Сувейдо ва Димишқ, ки бо иддаои ҳимоят аз дурузии Сурия дар баробари неруҳои такфирӣ ва дар воқеъ, барои тавсеаталабӣ сурат гирифт, шабешҳи иддаои Ҳитлер дар ҳимоят аз Судетленд дар Чехословакия аст, ки ба ғасби ин минтақа боис ва заминасози Ҷанги ҷаҳонии дувум шуд.

Ҳитлер бо тафаккуроти ифротӣ ва нажодпарастона, дар солҳои 1930 гирдиҳам овардани сарзаминҳои ба заъми худаш дорои ташобуҳоти қавмӣ ва забонӣ ва фарҳангӣ бо Олмон чун Австрия, Луксембург, сарзаминҳои Судет дар шимолу ғарби Чехословакия, Алзас ва Лорен дар Фаронса, долони Дантсиг дар Лаҳистон ва ...-ро дар садри барномаҳои худ қарор дод; чизе шабеҳи нақшаи “Найл то Фурот”, ки чанд рӯз пеш саҳюнистон дар расонаҳояшон дубора аз он рӯнамоӣ карданд.

Нақшае ки ахиран бархе корбарони саҳюнист дар фазои маҷозӣ дубора мунташир сохтанд

Ин буд, ки пас аз ҳамроҳ кардани Австрия ба Олмон дар 1938, дуввумин қадами худро дар нишон додани қасдаш барои инзимоми минтақаи Судет бардошт; минтақае, ки ҷамъияте олмонитабор дошт ва иддаои ҳимоят аз ин ҷамъият, баҳонаи хубе барои тасарруфаш буд; монанди иқдоме ки ҳафтаи гузашта Тел-Авив дар мавриди минтақаи Сувейдо дар Сурия анҷом дод.

Вокуниши кишварҳои аврупоӣ дар муқобили ин иқдоми нозиҳо, ҳамроҳӣ ва созиш буд. Ҳосили баргузории конфронсе дар Мюнхен барои ҳалли ин буҳрон, бо ҳузури раҳбарони Бритониё (Невил Чемберлен), Фаронса (Эдуард Даладйе), Олмон (Адолф Ҳитлер) ва Италия (Бенито Муссолини), тавофуқе шуд, ки тӯли он расман ба Олмон иҷоза дода шуд Судетлендро ба сурати мусолиматомез замимаи худ кунад.

Ин иқдом ба Ҳитлер иҷоза дод то қудрати худро дар минтақа афзоиш диҳад ва заминаро барои ишғоли комили Чехословакия дар соли 1939 ва сипас, Ҷанги ҷаҳонии дувум фароҳам кард.

Ҷамъбандӣ

Нетаняҳу дар Ховари Миёнаи имрӯз, дар чорчӯби таҳаққуқбахшии тарҳи таҷовузкоронаи “Найл то Фурот”, ошкоро нақше мушобеҳ бо нақши Ҳитлер қабл аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро бозӣ мекунад. Имрӯз домана ва шиддати иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ то ба онҷо пеш рафта, ки нигарониҳое ҷиддӣ ҳатто дар миёни ҳомиёнашро барангехтааст.

“Аксийус” ба тозагӣ дар гузорише ба нақл аз як мақоми аршади амрикоӣ навишт, ки тардидҳо дар дохили давлати Трамп нисбат ба Нетаняҳу дар ҳоли афзоиш аст; ҳиссе вуҷуд дорад мабнӣ бар ин ки “ангушти ӯ бар рӯи моша бештар аз ҳад хориш дорад ва беш аз андоза бесуботкунанда амал мекунад.”

Иқдомоти Куруш дар эҳтиром ба ҳуқуқи миллатҳо ва раҳоибахшӣ ба яҳудиён ва низ дар посдорӣ аз ҳуқуқи башар, аз диди бисёре қобили фаҳм ва қобили таҳсин аст ва ин ҳеч иртиботе бо саҳюнизм ба унвони як ҷараён ва нигоҳи сиёсӣ бо тафаккури султагароёна, идеологияи бартариталаб, дигарситез, дорои ривояти таҳмилӣ ва бо чорчӯбҳои арзишгузории комилан таҳрифшуда надорад.

Гуфтор, кирдор ва таваҳҳумоти Нетаняҳу дар беҳтарин ҳолат, ба Ҳитлер дар остонаи равшан кардани оташи Ҷанги ҷаҳонии дувумро мемонад, на подшоҳи пуровозаи эронӣ.  

Хабаргузории Ирна

Хатти хабарҳо

31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.