Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
Рӯзи 29-юми октябр Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак бо Эварист Ндайишимийе, президенти Бурунди дар ин бора ҳадс зада, гуфт, агар вазъ ба таври ҷиддӣ бадтар шавад ва ба муқовимати низомӣ расад, “дигар ҳеч кас ғолиб нахоҳад шуд” ва ин инро набояд фаромӯш кард.
Президенти Русия гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ то кунун натавонистаанд ба ҳадафи худ - шикасти стратегии Русия расанд.
Владимир Путин дар бораи вазъияти минтақаи Баҳри Балтик низ изҳори назар намуда, афзуд, ки Маскав намехоҳад дар ин минтақа вазъияте ба вуҷуд ояд, ки ба ҳодисаҳои Халиҷи Форс монанд бошад. Аммо, тибқи гуфтаи ӯ, Русия барои чунин таҳаввулот омода мебошад.
Президенти Русия ташаббуси президенти Финландия Александр Стубб ва нахуствазири Норвегия Йонас Гар Стёре барои барқарор кардани гуфтугӯ бо Маскавро “дуруст” арзёбӣ кард. Путин гуфт, ки гуфтугӯҳои телефонии ӯ бо раҳбарони ин ду кишвар бо ташаббуси онҳо сурат гирифта ва созанда буд.
Президенти Русия афзуд, ки Маскав аз талошҳо барои барқарор кардани муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳидаи аврупоӣ пуштибонӣ мекунад.
Путин дар бахши дигари нишасти хабарӣ дар бораи густариши равобити Русия бо кишварҳои Африқо ҳадс зад. Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва кишварҳои африқоӣ дар ташаккул додани низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ шарикони воқеӣ мебошанд.
Президенти Русия зикр намуд, ки мавқеи Русия ва бисёре аз кишварҳои Африқо дар масъалаҳои байналмилалӣ ба ҳам наздик аст. Ӯ, ҳамчунин, аз тақвияти нақши ин минтақа дар қабули қарорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуд.
Владимир Путин зикр кард, ки низоми байналмилалӣ ба ислоҳот ниёз дорад, вале чунин тағйирот бояд ба баррасии дақиқ ва мувофиқаи ҷонибҳо сурат гирад.
Президенти Русия таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ Африқоро майдони рақобат бо кишварҳои дигар надонистааст ва дар гузашта барои озод шудани ин кишварҳо аз вобастагии мустамликавӣ кумак намудааст.
Президенти Русия дар идомаи суханонаш аз рушди бахши кишоварзии Русия ёдовар шуда, гуфт, ки ин кишвар дар оғози солҳои 2000 -ум воридкунандаи ғалла буд, вале ҳоло дар содироти он мақоми аввалро дорад.
Ӯ афзоиши истеҳсолотро сабаби зарурати навсозии инфрасохтори логистикӣ, аз ҷумла бандарҳои баҳрӣ донистааст. Ба гуфтаи Владимир Путин Русия омода аст таҷриба ва технологияҳои кишоварзии худро бо шарикони африқоӣ мубодила намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”