18 Январ 2025,
шанбе, 18:00, Душанбе

Хатти хабарҳо

18.01.2025 10:40

Ҳинд қасд дорад, дар бахши тиҷорат, тандурустӣ ва варзиш бо Толибон ҳамкорӣ кунад

Як мақоми аршади Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон эълон кард, ки ин кишвар омода аст бо “давлати мардумии Афғонистон” дар бахшҳои тиҷорат, тандурустӣ ва варзиш ҳамкорӣ кунад.
18.01.2025 10:30

Пизишкиён ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе масъалаи Афғонистонро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъияти кунунии Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
18.01.2025 10:18

Дар Қазоқистон ҳаҷми паровҳои пластикӣ бо суръат меафзояд

Дар солҳои охир ҳаҷми партовҳои пластикӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон меафзояд. Тибқи иттилои Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон тадқиқот нишон дод, ки истифодаи пластика дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
17.01.2025 15:54

Эрон хоҳони роҳёбӣ ба бозори нафт ва гази Тоҷикистон аст

Дар пасманзари сафари Масъуд Пизикшиён президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Муҳсин Покнажод, вазири нафти Эрон бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд.
17.01.2025 15:54

Эрон хоҳони роҳёбӣ ба бозори нафт ва гази Тоҷикистон аст

Дар пасманзари сафари Масъуд Пизикшиён президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Муҳсин Покнажод, вазири нафти Эрон бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ намуд.
17.01.2025 09:55

Пизишкиён дар дидор бо табибони тоҷик: “Бо касе душманӣ надорем”

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино суханронӣ мекард, таъкид намуд, аз ҷанг нафрат дорад ва бо кинаву душманӣ ба касе нигоҳ намекунад.
17.01.2025 08:53

13 санади муҳимми тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шуд

Дар пасманзари сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон Масъуд Пизишкиён ҳайати тоҷирони Эрон ба Душанбе омада, бо ҳамтоёни тоҷики худ гуфтугӯ намуданд. Зимни баррасии муносибатҳои иқтисодии ду кишвар 13 тафоҳумномаи муҳимми иқтисодӣ миёни кишварҳо ба имзо расид.
15.01.2025 15:21

Мақомдори рус: “Узвияти Арманистон дар Иттиҳоди Аврупо оқибатҳои бади иқтисодӣ дорад”

Як мақомдори баландпояи Русия ба Арманистон ҳушдор шуд, ки дар сурати узвият дар Иттиҳоди Аврупо аз узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хориҷ шавад. Ин мақомдори рус таъкид кардааст, ки пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо паёмадҳои иқтисодии сахт хоҳад дошт.