12 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 21:22, Душанбе
12.11.2026 14:03

Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи январи соли 2021 қабл аз тарки Кохи Сафед ба ҷойнишини худ Ҷо Байден номае гузошт, ки муҳтавои он аз назари ҷомеа пинҳон монда буд ва ҳоло ошкор мешавад.

Доналд Трамп дар ин нома, ки бо ручкаи сиёҳ ва дастхат навишта буд, ба Ҷо Байден паёми дӯстона фиристода, аз муҳаббати ӯ ба мардуми Амрико ситоиш мекунад. Муҳтавои ин нома дар ёддоштҳои нави Ҷо Байден нашр шудааст. Нашри он бори дигари тафовути байни робитаи шахсӣ ва мавқеи ошкори сиёсии ду президенти Амрикоро нишон медиҳад.

Ин нома, ки бо даст ва бо маркери сиёҳи маъруфи Трамп рӯйи коғази расмии Кохи Сафед навишта шудааст, аз ду саҳифа иборат буда, бо ибораи “Ба рақами 46” оғоз мешавад. Ин ишора ба Ҷо Байден аст, ки дар он замон ба ҳайси президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида савганд ёд кард.

Тибқи нусхае, ки хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” (Associated Press) онро таҳлил кардааст, Трамп дар нома ба Байден гуфтааст, ки ҳар як президент имкони таъсиргузорӣ ба таърихро дорад ва сарнавишти давраи президентии ӯ аз муносибаташ бо мардуми Амрико вобаста хоҳад буд.

Доналд Трамп дар ин нома навиштааст: “Бисёре аз президентҳо омадаву рафтаанд, ки танҳо ҳамчун ҷумҳурихоҳ ё демократ ҳукумат кардаанд. Аксари онҳо таърихро тағйир надоданд, балки танҳо бо ҷараёни пайвастаи он ҳаракат карданд. Аммо ин ҳолат ба ту дахл нахоҳад дошт, зеро ман медонам, ки ту мардуми Амрикоро чӣ қадар дӯст медорӣ”.

Ӯ дар идомаи нома таъкид кардааст, ки Байден имкони интихоби ҷойгоҳи худро дар таърих дорад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки президенти нав ба худ ва мардуми Амрико содиқ мемонад.

Доналд Трамп дар поёни нома барои Байден ва ҳамсараш Ҷилл дуои нек карда, онро бо ибораи “Худо туро, Ҷилл ва Амрикоро ҳифз кунад!” ба анҷом расонидааст.

Байден номаи Трампро аз кормандони Кохи Сафед пинҳон карда буд

Баъд аз ворид шудан ба Кохи Сафед дар 20-уми январи соли 2021 Ҷо Байден аз мавҷудияти номаи Трамп хабар дод, вале нахост муҳтавои онро ошкор кунад. Ӯ номаро ба бархе аз кормандони худ нишон дода буд, вале иҷозат надод, ки онҳо онро бихонанд. Байден дар ҳамон рӯз ба хабарнигорон гуфт, ки паёми президенти пешин “хеле саховатмандона” будааст.

Вақте аз ӯ дар бораи муҳтавои нома пурсиданд, Байден таъкид кард, ки мехоҳад онро хусусӣ нигоҳ дорад.

Ин мавқеъ дар ҳоле буд, ки муносибатҳои сиёсии ду президент дар он давра ба сатҳи бесобиқаи таниш расида буданд. Трамп шикасти худро дар интихоботи моҳи ноябри соли 2020 эътироф намекард ва пайваста иддао менамуд, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст. Доналд Трамп он вақт, ҳатто дар маросими савгандёдкунии Байден ширкат накарда буд. Ин иқдом аз ҷониби бисёре аз расонаҳои амрикоӣ ҳамчун дурӣ ҷӯстан аз анъанаи сулҳомези интиқоли қудрат арзёбӣ шуда буд.

Бо вуҷуди ин, Трамп баъдан дар мусоҳиба бо телевизиони “NBC” дар моҳи сентябри соли 2023 дар бораи нома изҳори назар карда, онро “паёми хуб” номида буд. Ӯ гуфта буд, ки барои навиштани он вақти зиёд сарф кардааст ва фикр мекунад, ки тасмим дар бораи нашри нома ба худи Байден вобаста аст.

Чаро нома то ин андоза ғайриинтизор буд?

Муҳтавои нома бо изҳороти оммавии Трамп дар бораи Байден дар давраи интихоботи соли 2020 фарқи зиёд дорад. Трамп дар маъракаи интихоботӣ борҳо ба Байден ҳамла карда, қобилияти роҳбарии ӯро зери суол бурда буд. Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот низ аз эътирофи шикаст худдорӣ мекард. Байден, ки дар интихоботи моҳи ноябри соли 2020 пирӯз шуда буд, бояд 20-уми январи соли 2021 расман ба иҷрои вазифаи президентӣ шуруъ мекард.

Вале ҳодисаҳои 6-уми январи соли 2021 раванди интиқоли қудратро ба яке аз буҳронҳои ҷиддии сиёсӣ дар таърихи муосири Амрико табдил доданд. Дар он рӯз ҷонибдорони Трамп ба бинои Конгресс дар Вашингтон ҳамла карданд. Онҳо талош доштанд ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи президентиро халалдор кунанд. Пеш аз ин ҳодиса Трамп дар назди ҷонибдоронаш суханронӣ карда, аз онҳо даъват карда буд, ки ба самти Капитолий ҳаракат кунанд. Ҳодисаҳои он рӯз боиси марги одамон, захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хисороти ҷиддӣ ба бинои Конгресс гардиданд.

Байден дар ёддоштҳои нави худ Трампро ба роҳбарӣ кардани шуриш бо ҳадафи дар қудрат боқӣ мондан муттаҳам кардааст. Байден дар китоби нав Трампро сахт танқид мекунад. Нашри номаи Трамп дар китоби нави Ҷо Байден бо номи «Promise Me, America» сурат мегирад. Ин китоб қарор аст 17-уми ноябри соли 2026 дар бозор ба фурӯш гузошта шавад.

Ба иттилои “Ассошиэйтед пресс” ин нома дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан аз ҷониби “Ню Йорк таймз” (The New York Times) мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Баъдан “AP” низ нусхаи сканшудаи номаи дусаҳифагиро мустақилона баррасӣ кард. Дар ин китоб Байден на фақат дар бораи муносибатҳои худ бо Трамп, балки дар бораи мушкилоти давраи президентиаш, қарорҳои сиёсӣ ва вазъи демократияи Амрико низ изҳори назар мекунад.

Дар бахшҳое аз ёддоштҳои худ, ки маҷаллаи “Атлантик” (The Atlantic) қаблан нашр кардааст, Байден Трампро ба заиф кардани ниҳодҳои демократӣ ва барангехтани ихтилоф дар ҷомеаи Амрико муттаҳам мекунад. Ӯ менависад, ки ҳукумати Трамп ба ҷойи идома додани бархе аз дастовардҳои ҳукумати қаблӣ, талош кардааст онҳоро аз байн барад. Байден аз фаъолияти Департаменти самаранокии ҳукумат (DOGE) ва бозбинии як қатор қарорҳои ҳукумати пешинаи худ низ интиқод кардааст. Аммо сахттарин баҳои ӯ, ба нақши Трамп дар ҳодисаҳои 6-уми январи соли 2021, марбут аст.

Байден дар китоб навиштааст, ки Трамп бо ҳадафи нигоҳ доштани қудрат пас аз шикаст дар интихобот як шуришро роҳбарӣ кард. Ӯ таъкид кардааст: «Он чизе, ки Трамп 6 –уми январи соли 2021 анҷом дод, набояд ҳеч гоҳ фаромӯш шавад». Ба навиштаи Байден, ин амал бояд то охири умри Трамп дар хотираи ҷомеаи Амрико боқӣ монад.

«Гӯё ду Трамп вуҷуд дошт»

Яке аз паҳлӯҳои ҷолиби ёддоштҳои Байден муқоисаи рафтори хусусӣ ва мавқеи оммавии Трамп аст. Байден дар бораи номае, ки дар моҳи январи соли 2021 дар Кохи Сафед пайдо карда буд, навиштааст, ки хондани нома ба ӯ ин эҳсосро додааст, ки  гӯё бо ду шахсияти гуногуни Трамп рӯ ба рӯ аст. Аз як ҷониб, ӯ сиёсатмадореро медид, ки ба гуфтаи Байден, ба ниҳодҳои демократӣ осеб расонида, натиҷаҳои интихоботро зери шубҳа гузошта буд. Аз тарафи дигар, номае буд, ки бо забони гарм ва эҳтиромомез навишта шуда, ба паёми як дӯсти дерина шабоҳат дошт. Байден, инчунин, дар ёддоштҳои худ ба мулоқоти 13-уми ноябри соли 2024 бо Трамп дар Кохи Сафед ишора кардааст. Ин мулоқот пас аз пирӯзии Трамп дар интихоботи президентии соли 2024 баргузор шуда буд.

Тибқи навиштаи Байден, Трамп дар ин мулоқот низ рафтори дӯстона нишон дода, бо лаҳни ғайриинтизор суҳбатро оғоз мекунад. Ин ҷузъиёт нишон медиҳад, ки муносибатҳои шахсии ду сиёсатмадор на ҳамеша ба танишҳои шадиди онҳо дар арсаи сиёсӣ мувофиқат мекарданд.

Анъанаи нома гузоштани президентҳои Амрико ба ҷойнишинҳои худ

Номаи Трамп ба Байден як ҷузъи анъанаи сиёсии Амрико мебошад, ки тибқи он президентҳое, ки аз вазифа мераванд, барои вориси худ паёми шахсӣ мегузоранд. Ин анъана ба давраи президентии Роналд Рейган бармегардад. Ӯ соли 1989 барои Ҷорҷ Буши калонӣ, ки баъд аз ӯ президенти Амрико шуд, нома гузошта буд. Баъдан президентҳои дигар низ ин суннатро идома доданд. Ҷорҷ Буши калонӣ ба Билл Клинтон паёми самимӣ навишта, дар он гуфта буд, ки барои муваффақияти ӯ самимона дуо мекунад.

Барак Обама низ вақти тарки Кохи Сафед дар моҳи январи соли 2017 барои Доналд Трамп нома гузошта буд. Дар он Обама ба Трамп ёдрас карда буд, ки президентҳо танҳо муддате ин мақомро ишғол мекунанд ва масъулияти онҳо дар назди кишвару шаҳрвандон аз мансубияти ҳизбӣ болотар аст. Трамп низ пас аз пирӯзӣ дар интихоботи соли 2024 ва бозгашт ба Кохи Сафед ин анъанаро идома дод. Байден ҳангоми тарки мақоми президентӣ дар моҳи январи соли 2025 барои Трамп нома гузошт. Трамп баъдан мавҷудияти онро тасдиқ кард ва муҳтавояшро ба расонаҳо нишон дод.

Ҳамин тариқ, номаи соли 2021-и Трамп ба Байден на фақат паёми шахсӣ, балки бахше аз анъанаи интиқоли қудрат дар Иёлоти Муттаҳида ба шумор меравад.

Вокуниши Кохи Сафед ба нашри ёддоштҳои Байден

Нашри нома ва интиқодҳои Байден дар китоби нав вокуниши намояндагони ҳукумати кунунии Трампро ба бор овардааст. Стивен Чонг, мудири робита бо ҷомеаи Кохи Сафед дар посух ба хабарнигорон Байденро сахт танқид карда, гуфтааст, ки президенти пешин бояд ба суханони оқилонаи Трамп гӯш медод. Ӯ Байденро муттаҳам кардааст, ки ба ҷойи амал кардан ба тавсияҳои Трамп, барои заиф кардани кишвар ва истифодаи низоми додгоҳӣ алайҳи рақибони сиёсӣ талош кардааст. Ин вокуниш дар ҳоле садо медиҳад, ки худи номаи Трамп аз рӯи муҳтавои нашршуда оҳанги эҳтиромомез дошта, дар он аз Байден ҳамчун шахсе ёд шудааст, ки ба мардуми Амрико муҳаббат дорад.

Ин нома фарқи миёни сиёсат ва робитаҳои шахсиро нишон медиҳад

Ошкор гардидани муҳтавои номаи Трамп ба Байден дар замоне сурат мегирад, ки ҷомеаи Амрико ҳамоно дар масъалаи натиҷаҳои интихоботи соли 2020, ҳодисаҳои 6-уми январ ва таъсири рақобатҳои сиёсӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ихтилофи назар дорад.

Барои Байден ин нома як ҷузъи муҳимми ёддоштҳои давраи президентӣ ва намунаи зиддияти байни рафтори хусусӣ ва мавқеи оммавии Трамп аст. Барои ҷонибдорони Трамп бошад, он метавонад далели муносибати эҳтиромомези ӯ дар лаҳзаи интиқоли қудрат арзёбӣ шавад. Вале як нукта рӯшан аст: номае, ки тақрибан 6 сол дар доираи хусусӣ нигоҳ дошта шуд, ҳоло ба яке аз бахшҳои ҷолиби баҳсҳои сиёсӣ дар Амрико табдил ёфтааст.

Муҳтавои он нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити рақобати шадид ва ихтилофҳои амиқи сиёсӣ, паёмҳои шахсии сиёсатмадорон метавонанд аз изҳороти оммавии онҳо фарқи ҷиддӣ дошта бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.11.2026 17:28

Сафири Тоҷикистон бо волии Ал-Ҷаҳрои Кувайт имкониятҳои нави ҳамкориро баррасӣ кард

Мақомоти Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти кишвари Кувайт имкониятҳои васеи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ҳамчунин, рушди робита дар соҳаҳои кишоварӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
12.11.2026 15:22

Аз Душанбе то Амрико. Имкони роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи таъсиси хатсайри мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар баррасӣ доранд. Дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” (Somon Air) метавонад аз ҷониби Тоҷикистон ва “Юнайтед Эйрлайн” (United Airlines) аз ҷониби Амрико интиқоли мусофиронро ба уҳда гиранд. Ҳамзамон, Душанбе барои густариши парвозҳо ба кишварҳои Аврупо ва Осиё низ талош дорад.
12.11.2026 15:20

Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод

Мақомоти Федератсияи Русия дар изҳори назари тозаи худ гуфтаанд, ки агар музокироти Эрону Амрико ба натиҷа нарасад, эҳтимоли оғоз шудани даргирии низомии дубора вуҷуд дорад. Русия мегӯяд, эҳтимоли оғоз шудани дубораи ҷангро мушоҳида мекунад.
12.11.2026 15:11

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои мубориза бо коррупсия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Рӯзи 11-уми ноябр мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва мубориза бо коррупсия ёддошти тафоҳум измо намуданд. Ҳадаф аз имзои санади нав ҳамоҳансозии фаъолияти ниҳодҳои масъул, табодули иттилоот дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бо фасоди фаромиллӣ мебошад.
12.11.2026 15:01

Тиҷорати Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар 5 сол 4 баробар афзудааст

Тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давоми панҷ соли охир чор маротиба зиёд шуда ва ҳаҷми умумии он дар соли 2025 ба 3,9 миллиард доллар расидааст. Сармоягузории кишварҳои Халиҷи Форс дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба 31,1 миллиард доллар баробар шудааст.
12.11.2026 14:03

Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи январи соли 2021 қабл аз тарки Кохи Сафед ба ҷойнишини худ Ҷо Байден номае гузошт, ки муҳтавои он аз назари ҷомеа пинҳон монда буд ва ҳоло ошкор мешавад.
12.11.2026 12:14

СПАД интиқоли силоҳ ба Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард Қарори СПАД: ирсоли силоҳ, техникаи ҳарбӣ ба Душанбе ва мубориза бо маводи мухаддир, таҳдидҳои амният аз сӯи Афғонистон Кишварҳои узви Созмони

Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тасмим гирифтаанд, ки то охири соли 2026 барои тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин кишвар силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва таҷҳизоти ҳифзи сарҳад ирсол кунанд. Ин ҳадаф дар доираи барномаи панҷсолаи тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон амалӣ мешавад.
12.11.2026 10:45

Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”

Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
12.11.2026 10:33

Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард

Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.