Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Усмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия тибқи созиши ахир бо Вашингтон таъмин мекунад, барои таъсир гузоштан ба нархҳо дар бозори Амрико кофӣ нест. Ӯ ҳамчунин, Доналд Трампро даъват кардааст, ки барои ба мизи музокирот овардани Владимир Путин аз фишори бештар истифода кунад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия бар асоси созиши ахир бо Иёлоти Муттаҳида бояд таъмин кунад, барои таъсир гузоштан ба нархи сӯзишворӣ дар Амрико кофӣ нест.
Ба гузориши хабаргузории “Анадолӣ”, Зеленский ин нуктаро дар мусоҳиба бо як хабарнигори англис баён кардааст.
Ӯ гуфтааст, Доналд Трамп метавонад Владимир Путинро ба мизи музокирот биёрад. Ба гуфтаи Зеленский, раиси ҷумҳури Амрико бояд дар муносибат бо раҳбари Русия низ аз ҳамон шеваи гуфторе истифода кунад, ки нисбат ба худи ӯ ба кор мебарад.
Ихтилофи Вашингтон ва Киев бар сари роҳи расидан ба сулҳ
Трамп ахиран Зеленскийро монеаи сулҳ дар Украина хонда, аз ӯ хоста буд, ки бо Путин ба созиш бирасад ё барои музокирот шахси дигареро таъйин кунад.
Раиси ҷумҳури Украина дар посух гуфтааст, ки Амрико қаблан таҳримҳои нави зидди Русияро тасвиб кардааст ва Трамп метавонад дар сурати хоҳиш аз ин имконият истифода кунад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол дорад, ки робитаи вижаи Трамп бо Путин сабаби худдории ӯ аз татбиқи ин иқдомҳо бошад.
Зеленский: Ҳамлаҳои Украина посух ба иқдомҳои Русияанд
Трамп аз ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои энергетикии Русия интиқод карда, изҳор доштааст, ки ҳамла ба корхонаҳои коркарди нафт метавонад камбуди ҷаҳонии сӯзишвориро шадидтар кунад ва ба кишоварзону чорводорони Амрико таъсир расонад.
Зеленский дар муқобил гуфтааст, ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои энергетикии Русия посух ба ҳамлаҳои Маскав ба зерсохторҳои мушобеҳ дар Украина мебошанд.
Ӯ афзудааст, ки аз Трамп хоста буд барои барқарории ҳадди ақал як оташбас дар бахши энергетикӣ миёни Русия ва Украина миёнҷигарӣ кунад, аммо ин дархост натиҷа надод.
Ба гуфтаи Зеленский, Путин дархости Трампро рад мекунад, вале раиси ҷумҳури Амрико масъулияти болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ дар Амрикоро ба гардани Украина мегузорад.
“Ин аслан ҳақиқат надорад”, - гуфтааст Зеленский ва иддаои Трампро дар бораи нақши Украина дар болоравии нархи сӯзишворӣ рад кардааст.
Ишора ба рӯйдодҳои Ховари Миёна
Зеленский ҳамчунин, гуфтааст, ки Трамп талош дорад таваҷҷуҳи ҷомеаро аз рӯйдодҳои Ховари Миёна дур кунад.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, Трамп мехоҳад асли масъаларо тағйир диҳад ва чунин бархӯрд одилона нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд