18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 03:24, Душанбе
17.11.2026 16:10

Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд

Гурӯҳе аз занон дар Афғонистон бо вуҷуди ин ки гурӯҳи террористии Толибон фаъолиятҳои занонро манъ кардаан, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳанд.

Дар ин бора хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” хабар дода, дар як гузориш навишт, ки се зан дар Кобул кошонаи ҳусн ва мактбаҳои пинҳонӣ кушода, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳанд. Як зан кошонаи ҳуснро пас аз баста шудан дубора боз кардааст. Зани дигар бошад аз собиқ футболбози тими миллӣ ба мураббии писарбачаҳо табдил ёфтааст.

Ин занон дар шароите, ки имкониятҳои таҳсилу кор барои занон маҳдуд шудааст, кӯшиш мекунанд сарчашмаи даромад ва роҳҳои идомаи омӯзишро нигоҳ доранд.

Яке аз онҳо зани 40-солаест, ки солҳои зиёд дар кошонаи ҳусн кор мекард ва баъд аз манъи фаъолияти чунин марказҳо ӯ коргоҳи шахсии худро дар як манзили иҷора таъсис дод. Дар муддати кӯтоҳ тақрибан 30 муштарӣ пайдо шуд, вале мақомоти Толибон аз фаъолияти ӯ огоҳ гардида, барои пайдо кардани он рейд анҷом доданд ва таҷҳизоту қисми зиёди ашёи онро мусодира намуданд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки ин зан баъдтар кошонаи дигареро ба иҷро гирифта, фаъолияташро аз нав оғоз намуд. Ҳоло дар он ҳафт зани ҷавон кор мекунанд, ки аз ҳисоби даромади худ оилаҳояшонро таъмин менамоянд. Ӯ мегӯяд, ҳар дафъае, ки касе дари кошонаро мекӯбад, аз омода гардидани намояндагони Толибон нигарон аст.

Қаҳрамони дуюми гузориши “Ассошиэйтед пресс” собиқ футболбози тими миллии занонаи Афғонистон аст. Ӯ дар наврасӣ ба футбол машғул шуда, умед дошт, ки фаъолияти варзишиашро идома диҳад, вале манъи ширкати занон дар варзиш ин орзуҳояшро барбод дод.

Ин маҳдудият ба ҳолати равонии ӯ таъсири ҷиддӣ расонд ва шаш моҳ қариб аз хона берун намешуд. Баъдан барои рафъи фишори равонӣ ба машқҳои ҷисмонӣ рӯ овард. Ҳоло аз чархҳои куҳнаи мошин барои худ таҷҳизоти одии тамрин сохтааст.

Ин зан бо вуҷуди маҳдудиятҳои Толибон футболро тарк накардааст. Ӯ дар ҳавлии хонааш ба гурӯҳи хурди писарбачаҳо машқ медиҳад ва донишу таҷрибаи худро ба онҳо меомӯзонад.

Зани севум 20 сол дорад ва дар хонаи шахсӣ мактаби пинҳонӣ ташкил кардааст. Дар он тақрибан 30 оила, аз ҷумла духтарони то 20- сола таҳсил мекунанд. Барномаи таълимии таърих, илмҳои табиӣ, география, матеметика, забонҳо ва омӯзиши Қуръонро дарбар мегирад.

Ин ҷавонзан бо кумаки хоҳари навраси худ дарс мегӯяд. Хонандагон бо фосилаи муайян ба хона ворид мешаванд, то фаъолияти мактаб диққати дигаронро ҷалб накунад. Ӯ мегӯяд пас аз маҳдуд гардидани имкониятҳои таҳсили духтарон ва мушоҳидаи афсурдагии онҳо тасмим гирифтааст, чунин дарсҳоро ташкил кунад.

Бо вуҷуди ин, фаъолияти мактаб низ бо хатари боздошт ҳамроҳ аст. Ӯ ва шогирдонаш аз он метарсанд, ки мақомоти Толибон метавонанд онҳоро барои вайрон кардани маҳдудиятҳо боздошт кунанд.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, духтарон аз таҳсил дар зинаҳои болоии мактаб маҳрум шуданд. Ҳамчунин, фаъолияти кошонаҳои ҳусн манъ ва иштироки занон дар бисёре аз соҳаҳои кору варзиш маҳдуд гардид.

Дар посух ба саволҳои “Ассошиэйтед пресс” Муҳаммад Аслам Бадривол, сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон гуфтааст, ки ин ниҳод ба таъмини ҳуқуқи занон дар доираи шариати исломӣ ва қонунҳои амалкунанда пойбанд аст. Ба гуфтаи ӯ, занон метавонанд бо риояи ин меъёрҳо фаъолияти иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ дошта бошанд.

Сарфи назар аз ин изҳорот, саргузашти се зан нишон медиҳад, ки бархе аз сокинони Афғонистон барои нигоҳ доштани имкониятҳои кор, таҳсил ва фаъолияти варзишӣ маҷбуранд роҳҳои пинҳониро интихоб кунанд.

Diaog.tj

Хатти хабарҳо

17.11.2026 17:57

Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод ба зарурати таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши тиҷорат ва рушди роҳҳои нақлиётӣ таъкид намуд.
17.11.2026 17:18

“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард

Ҷо Байден, президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар китоби ёддоштҳои нави худ навишт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021 дуруст буд ва ӯ бо донистани оқибатҳои он ин тасмимро гирифт. Ӯ аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят карда, навиштааст, ки суқути босуръати ҳукумати вақти ин кишвар ба фурӯпошии артиши Афғонистон вобаста буд.
17.11.2026 17:06

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Брюссел дар нишасти дуюми вазирон оид ба амнияти байниминтақавӣ ва рушди робитаҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуд.
17.11.2026 14:59

Тоҷикистон барои иҷрои нақшаҳои иқлимӣ то ба 22,5 миллиард доллар ниёз дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дарёфт кардани маблағ ва технологияҳои байналмилалӣ метавонад ҳаҷми коҳиши партови газҳои карбонро то соли 2035 аз 15 то 40 фоиз расонад. Ин нишондиҳанда дар муқосиа бо сатҳи соли 1990 ҳисоб шудааст.
17.11.2026 13:55

Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”

Сиёсатмадори исроилӣ Гади Айзенкот амалҳои сарвазир Бенямин Нетаняҳуро таҳдиди мустақим ба демократияи Исроил номида, хостори оғози фаврии тафтишот дар бораи дахолати эҳтимолии атрофиёни ӯ ба интихобот шудааст.
17.11.2026 10:58

Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми шоҳ” (King’s Cup) бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи музофотии Сисакети Тайланд, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
17.11.2026 10:51

Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад

Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау дар доираи сафари минтақавӣ аз 16 то 24-уми ноябр ба Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
17.11.2026 09:44

Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
17.11.2026 09:24

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
17.11.2026 09:19

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» баргузор мегардад.