Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
Раҷаб Сафаров дар ин хусус дар суҳбат бо шабакаи телевизиони “Russia Today”-и Русия гуфтааст, ки иқдомҳои ахири Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба манфиатҳои стратегии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд.
Ин сиёсатшинос афзуда, ки сабаби асосии чунин тасмимро бояд дар сиёсисозии аз ҳад зиёди фаъолияти додгоҳ ҷустуҷӯ кард. Тибқи гуфтаи ӯ, ин ниҳод, ки мебоист мустақилона фаъолият кунад, тадриҷан ба воситаи фишор ба кишварҳои мавриди назари баъзе давлатҳо табдил ёфтааст.
Раҷаб Сафаров ҳамчунин, талошҳои Иттиҳоди Аврупоро барои ворид намудани Тоҷикистон ба боздошти Владимир Путин дар асоси ҳукми боздошти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нодуруст арзёбӣ кардааст.
Бар асоси гуфтаи ӯ, иҷрои чунин дархост бо назардошти ҳамкориҳои наздики Душанбе ва Маскав, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ ва амниятӣ ба муносибатҳои ду кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Владимир Путин ин ҳафта ба Тоҷикистон сафар намуд. Ин дувумин сафари ӯ ба шаҳри Душанбе дар як соли охир ба шумор меравад. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти президенти Русия дар сафари қаблиаш, ки моҳи октябри соли 2025 сурат гирифта буд, ордер содир намуда буд. Додгоҳ ӯро ба масъулият дар интиқоли ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои ишғолнамудаи Украина муттаҳам мекунад. Маскав ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст, ки кӯдакон аз минтақаҳои ҷангӣ ба хотири ҳифзи онҳо берун оварда шудаанд. Русия ҳамчунин, салоҳияти додгоҳро нисбат ба худ эътироф намекунад, зеро узви Оинномаи Рим нест.
Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ фаъолияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро мавриди интиқод қарор додааст. Вашингтон бар зидди бархе аз додрасҳо ва додситонҳои ин ниҳод таҳрим ҷорӣ кардааст. Ин иқдом дар пайи тафтишоти эҳтимолии ҷиноятҳои ҷангии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ва содир кардани ордери боздошти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гирифта шудааст.
Ин баҳсҳо бори дигар мустақил будани Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва муносибати кишварҳои мухталиф бо қарорҳои онро дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст