Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод
Айзенкот нахустин созиши эътилофиро барои ташкили ҳукумат дар Исроил ба даст овард
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, ки субҳи панҷшанбе, 26-уми ноябр, нашр шуд, ин суханонро хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ эълон кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Ким Чин Ин зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсоли маводи ҳастаӣ ва марказҳои таҳқиқоти силоҳ гуфтааст, ки мақоми Кореяи Шимолӣ ҳамчун кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ “комилан тағйирнопазир” аст.
Бо ин ҳол, хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ ном ва маҳалли ҷойгиршавии ин иншоотро эълон накардааст.
Ба навиштаи “Ройтерз”, ин боздид метавонад ба талошҳои Пхенян барои густариш ва гуногунсозии захираи силоҳи ҳастаии худ рабт дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кореяи Шимолӣ дар баробари дархостҳои байналмилалӣ барои халъи силоҳи ҳастаӣ, аз идомаи ин барнома пуштибонӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ аз силоҳҳои ҳастаии стратегӣ фарқ доранд. Силоҳҳои стратегӣ асосан барои ҳамла ба ҳадафҳои дур пешбинӣ шудаанд, аммо силоҳҳои тактикӣ маъмулан дорои кулоҳакҳои дорои қудрати таркишии камтар буда, барои истифода дар майдони ҷанг сохта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад