Трамп: “Мулоқоти Путин ва Зеленский ба зудӣ баргузор мешавад”
Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд
Даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба бозоре дар Судон кушта шудаанд
Эрдуғон мушовири худро барканор кард: талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо Озарбойҷон
Муовини Трамп ба Муҳсин Ризоӣ барои музокира нома навишт
Як мақоми амрикоӣ ба “Аксиос” гуфтааст, ки Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба Муҳсин Ризоӣ, дабири Шурои амнияти миллии Эрон, нома фиристода ва дар он таъкид кардааст, ки ҳар гуна музокира ниёзманди гуфтугӯ дар бораи масъалаи ҳастаӣ аст.
“Аксиос” субҳи рӯзи панҷшанбе, 29-уми октябр, гузориш додааст, ин нома дар ҳоле ирсол шудааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҳоли баррасии азсаргирии амалиётҳои низомии густурда алайҳи Эрон пас аз интихоботи миёндавраӣ аст.
Ин мақоми амрикоӣ, ки аз эълони замони ирсоли нома худдорӣ кардааст, гуфтааст: “Раиси ҷумҳур нисбат ба ин нома хеле муштоқ буд”.
Ин дар ҳолест, ки Трамп рӯзи гузашта дар ҳузури хабарнигорон иддао кардааст, ки номаи Вэнс бо ҳадафи кумак ба Эрон барои дарёфти маводи тиббии мавриди ниёз будааст.
Ӯ гуфтааст: “Дар асл, ҳадаф расонидани лавозимот барои кумак ба мардуме аст, ки бемор ҳастанд”.
Бо ин ҳол, ихтилофи Вашингтон ва Теҳрон бар сари мавзуи музокирот омили аслии бунбастест, ки то кунун идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамла ба Толибон дар Кунар хабар дод