28 Октябр 2026,
чоршанбе, 11:10, Душанбе
28.10.2026 09:16

Даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба бозоре дар Судон кушта шудаанд

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Судон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи паҳподии артиши Судон ба бозоре дар шаҳри Ниола, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” субҳи рӯзи чоршанбе, 28-уми октябр, гузориш додааст, ки ин хабарро гурӯҳи ҳуқуқи башари “Вакилони таъҷилӣ”, ки хушунатҳоро дар Судон пайгирӣ мекунад, дар як баёния эълон кардааст.

Бар асоси гузориш, ин гурӯҳи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки ҳамлаи паҳподии мазкур рӯзи душанбе анҷом шудааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, ба ҷуз кушташудагон, 113 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ин гурӯҳи ҳуқуқи башар, бисёре аз кушташудагон ва захмиён занону кӯдакон мебошанд.

Дар баёния омадааст: “Ин куштор як бозори ғайринизомиро ба саҳнаи қатли омм ва захмбардории густурда табдил дод: ҳамлае, ки ҷони сокинонро таҳдид мекунад ва дар шароити идомаи ҷанг ранҷу азоби онҳоро бештар месозад”.

Шаҳри Ниола, маркази вилояти Дарфури Ҷанубӣ, таҳти назорати гурӯҳи ниманизомии “Неруҳои пуштибонии сареъ” қарор дорад. Ин гурӯҳ аз соли 2023 ба ин сӯ бо артиши Судон дар ҳоли ҷанг аст.

Бо вуҷуди ин, бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид, ин даргирӣ бузургтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст. Тибқи ин гузориш, тақрибан 34 миллион нафар, яъне аз се ду ҳиссаи аҳолии Судон, ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.10.2026 10:57

Мухолифони Нетаняҳу аз пирӯзӣ мегӯянд: оё тағйири раҳбарӣ сиёсати Исроилро дигар мекунад?

Натиҷаҳои пешакии интихобот мавқеи эътилофи Бенямин Нетаняҳуро заиф нишон медиҳанд, аммо мухолифони ӯ низ барои ташкили ҳукумати аксарият бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд. Ихтилофҳои дохилии сиёсӣ, масъулияти нокомиҳои амниятӣ ва мавқеи ҳизбҳои араб метавонанд ояндаи ҳукумати Исроилро муайян кунанд.
28.10.2026 09:47

Маскав: содиркунандагони газ зидди таҳримҳои якҷониба садо баланд карданд

Нишасти ҳаштуми сарони Форуми кишварҳои содиркунандаи газ бо баёнияи муштарак ба анҷом расид. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорон на танҳо мухолифат ба таҳримҳои якҷониба, балки амнияти энергетикӣ, устувории нархи газ, ҷалби сармоягузорӣ ва ояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қарор дошт.
28.10.2026 09:16

Даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ба бозоре дар Судон кушта шудаанд

Як гурӯҳи ҳуқуқи башари Судон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи паҳподии артиши Судон ба бозоре дар шаҳри Ниола, воқеъ дар ҷанубу ғарби ин кишвар, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.
28.10.2026 09:07

Дар Душанбе ду касро барои роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ ҷазо доданд

Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як ҳолати вайрон намудани реҷаи корӣ ва дидаву дониста роҳ додани ноболиғ ба нуқтаи бозиҳои компютериро муайян намуданд.
27.10.2026 17:27

Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»

27-уми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» иштирок намуд.
27.10.2026 16:14

Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд

Имрӯз, 27-уми октябр дар шаҳри Давҳа вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар, раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.
27.10.2026 09:57

Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад

Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.