Султони қочоқи маводи мухаддири Мексика даргузашт
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
Қарор аст раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар шаҳри Шэнҷени Чин мулоқот кунанд. Ин нишаст, ки метавонад ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатии солҳои охир табдил ёбад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки се кишвар дар мавриди масъалаҳои калидии байналмилалӣ мавқеъҳои гуногун доранд.
Президенти ИМА Доналд Трамп, президенти Русия Владимир Путин ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин аз ин мулоқот ҳадафҳои мухталиф доранд. Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии “Лос Анҷелес Таймз” (Los Angeles Times) барои ҳар яке аз онҳо нишаст бештар имкони пешбурди манфиатҳои сиёсӣ ва намоиши нуфуз дар арсаи байналмилалӣ аст, на ҳатман роҳи ҳалли ихтилофҳои мавҷуда.
Мақомоти Амрико низ ҳушдор додаанд, ки набояд аз ин мулоқот интизори созишномаи мушаххас ё натиҷаҳои фаврӣ буд.
Доналд Трамп мехоҳад масъалаи коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ дар маркази музокирот қарор гирад. Ӯ талош дорад, Маскав ва Пекинро ба ҳамкорӣ барои маҳдуд кардани захираҳои силоҳи ҳастаӣ ҷалб кунад. Аммо Чин ҳоло омодагии худро барои боздоштани рушди барномаи ҳастаӣ нишон надодааст. Мақомоти ин кишвар чунин иқдомҳоро ба масъалаи амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии худ рабт медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Путин метавонад аз ин фурсат барои матраҳ кардани масъалаи ҷанги Украина истифода барад. Ин ҷанг, ки тақрибан чаҳор сол боз идома дорад, ба иқтисоди Русия ва имконоти низомии он фишори зиёд ворид кардааст.
Бо вуҷуди ин, Вашингтон эълом кардааст, ки Трамп ният надорад масъалаи Украинаро дар мулоқоти сеҷониба баррасӣ кунад. Ин мавқеъ метавонад яке аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи Маскавро аз рӯзномаи расмии нишаст берун гузорад.
Чин аз мизбонии нишаст чӣ ба даст меорад?
Ба навиштаи “Лос Анҷеле Таймз”, Си Ҷинпин эҳтимол дорад аз баргузории ин мулоқот бештар аз ду раҳбари дигар манфиати сиёсӣ ба даст орад. Мизбонии ҳамзамони раҳбарони Амрико ва Русия ба Пекин имкон медиҳад, ки худро ҳамчун яке аз марказҳои асосии қабули қарорҳои байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.
Барои Чин ин нишаст на танҳо як чорабинии дипломатӣ, балки имкони нишон додани мавқеи худ дар низоми ҷаҳонӣ мебошад. Даъвати ду раҳбари қудратманди ҷаҳон дар қаламрави Чин метавонад нуфузи дипломатии Пекинро тақвият бахшад.
Барои Путин низ ҳузур дар чунин мулоқот аҳамияти сиёсӣ дорад. Ӯ метавонад бо нишастан дар як миз бо раҳбарони Амрико ва Чин нишон диҳад, ки Русия бо вуҷуди оқибатҳои ҷанги Украина ҳамоно яке аз бозигарони муҳимми сиёсати ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.
Трамп низ аз ин мулоқот интизориҳои дохилии сиёсӣ дорад. Ин нишаст метавонад барои ӯ имконият фароҳам оварад, ки дар шароити коҳиши мавқеи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии Амрико таваҷҷуҳи ҷомеаро дубора ба нақши худ дар сиёсати хориҷӣ ҷалб кунад.
Украина дар маркази баҳси се роҳбари ҷаҳон
Яке аз масъалаҳои ҳассоси ин нишаст эҳтимоли баррасии ояндаи Украина бе иштироки намояндагони Киев мебошад. Дар ҳоле ки Путин мехоҳад масъалаи ҷангро матраҳ кунад, Трамп ҳанӯз аз нияти худ барои баррасӣ накардани ин мавзуъ хабар додааст.
Бо вуҷуди ин, дар Украина нигаронӣ вуҷуд дорад, ки талошҳои Вашингтон барои ҳарчи зудтар хотима додани ҷанг метавонад ба афзоиши фишор ба Киев ва зарурати гузашт кардан ба талаботи Маскав оварда расонад.
Ин вазъият масъалаи муҳимтареро ба миён мегузорад: то куҷо қудратҳои бузург метавонанд дар бораи ояндаи як кишвари мустақил бидуни иштироки намояндагони он тасмим гиранд?
“Лос Анҷелес Таймз” аҳамияти рамзии ин мулоқотро бо конфронси Ялта дар соли 1945 муқоиса кардааст. Дар он замон раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Британияи Кабир масъалаи ташаккули низоми ҷаҳонии баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонро баррасӣ карда буданд.
Аммо миёни ин ду нишаст фарқи ҷиддӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки конфронси Ялта ба ташаккули тартиботи нави байналмилалӣ таъсири назаррас расонд, ҳанӯз маълум нест, ки мулоқоти Шэнҷен то чӣ андоза метавонад ба созишҳои мушаххас ё тағйири муносибатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
Дар маҷмуъ, ихтилофи назарҳои Вашингтон, Маскав ва Пекин нишон медиҳад, ки ҳар се раҳбар бо интизориҳои гуногун ба ин нишаст меоянд. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, ки аҳамияти асосии мулоқот на дар натиҷаҳои музокирот, балки дар паёми сиёсии он ва тасвире бошад, ки ҳар яке аз иштирокдорон мехоҳад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст