“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт
71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
Як гурӯҳи хакерӣ бо истифода аз ҳуши маснуӣ системаи электронии санадҳои Тоҷикистонро рахна карда, беш аз 2 ҳазор санадҳои ниҳодҳои амниятии Тоҷикистонро рабудаанд.
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба гузориши ширкати сингапурии “CloudSek”, ки вобаста ба амнияти киберӣ пажӯҳиш анҷом медиҳанд, хабар дод.
Тибқи иттилои “Ройтерз” пажӯҳишгарони ширкати номбурда фаъолияти гурӯҳеро ошкор намудаанд, ки аз барномаи “Hermes” барои ба нақша гирифтани ҳамлаҳои киберӣ ва ҷамъоварии маълумот истифода бурдааст.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, хакерҳо тақрибан аз нимаи моҳи август ба омӯзиши низомҳои иттилоотӣ шуруъ карда, баъди чанд ҳафта ба низоми электронии ҳуҷҷатгузории Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кардаанд.
Гуфта мешавад, агентии ҳуши маснуӣ барои зеркашӣ ва гурӯҳбандии ҳуҷҷатҳо барномаи махсус таҳия карда, маълумоти ҷамъоваришударо ба қисмҳо ҷудо намудааст.
“CloudSek” ин гурӯҳро “Silent Lynx” номида, таъкид кардааст, ки муҳаққиқони дигар низ онро ба Қазоқистон иртибот медиҳанд. Аз ҷумла, истифодаи забони русӣ дар иртиботот, фаъолияти хакерҳо дар соатҳои кории маъмули Қазоқистон ва пайвастшавӣ аз тариқи интернети ин кишвар аз далелҳои зикршуда мебошанд.
“Ройтерз” менависад, ки мақомоти Тоҷикистон ва Қазоқистон ба дархости ин хабаргузорӣ барои шарҳи ҳодиса то замони нашри гузориш посух надодаанд. Ҳамчунин, талошҳо барои тамос бо намояндагони гурӯҳи “Silent Lynx” натиҷа надодаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле ошкор мешавад, ки истифодаи ҳуши маснуӣ дар ҳамлаҳои киберӣ нигаронии мутахассисони амнияти иттилоотиро бештар кардааст. Ба арзёбии “CloudSek”, чунин технологияҳо акнун на танҳо дар фаъолияти ҷинояткорони интернетӣ, балки дар амалиёти гурӯҳҳои тахассусии ҷосусии киберӣ низ истифода мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд