Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард
Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия Алишер Домуллоҷоновро ба рӯйхати таҳримҳои марбут ба Эрон ворид кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ба дастгирии шабакаи интиқоли нафти Эрон муттаҳам мекунад.
Дар ин бора хабаргузории «ТАСС»-и Русия бо такя ба изҳороти Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дода, афзуд, ки ҳамроҳи ӯ боз чаҳор шаҳрванди Ҳиндустон ва 10 ширкату созмон аз Ҳиндустон, Туркия ва Сингапур низ ба рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шудаанд.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯянд, ки афрод ва ширкатҳои таҳримшуда ба фаъолияти шабакаи пинҳонии интиқоли нафти Эрон мусоидат кардаанд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ин афрод барои киштиҳое, ки таҳти таҳрим қарор доранд ва ба интиқоли нафти Эрон машғуланд, парчамҳои қалбакӣ ва ҳуҷҷатҳои сохта омода мекарданд. Гуфта мешавад, ки бархе аз ин киштиҳо бо номи неруҳои мусаллаҳи Эрон фаъолият доштаанд.
Дар изҳороти Вазорати молияи ИМА зикр мешавад, ки бархе аз ин афрод ва ширкатҳои таҳримшуда ба бахши ҳавонавардии Эрон низ кумак кардаанд. Вазорати молияи ИМА дар як огоҳиномаи дигар ширкатҳоро аз хатарҳои ҳамкорӣ бо киштиҳое, ки бо парчамҳои қалбакӣ ҳаракат мекунанд, ҳушдор додааст. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, чунин киштиҳо метавонанд бе суғурта ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ фаъолият кунанд ва дар сурати рӯй додани ҳодиса ба кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо фаъолият доранд, хисороти чандмиллиарддолларӣ расонанд.
Иқдоми таҳрими шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Эрон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки ин кишвар фишорҳои иқтисодӣ бар Эронро идома медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард