Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд
Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
Султони қочоқи маводи мухаддири Мексика даргузашт
Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”
Сиёсатмадори исроилӣ Гади Айзенкот амалҳои сарвазир Бенямин Нетаняҳуро таҳдиди мустақим ба демократияи Исроил номида, хостори оғози фаврии тафтишот дар бораи дахолати эҳтимолии атрофиёни ӯ ба интихобот шудааст.
Гади Айзенкот, раиси пешини Ситоди кулли артиши Исроил ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми сарвазирӣ рӯзи якшанбе аз Бенямин Нетаняҳу шадидан интиқод кард. Ин изҳорот дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи дахолати эҳтимолии яке аз ёварони сарвазири муваққатӣ ба раванди интихобот садо дод.
Тибқи гузориши “Индепенденти форсӣ” бо такя ба “Араб нюз” Гади Айзенкот гуфт, ки рафтори Бенямин Нетаняҳу ва атрофиёни ӯ ба демократияи Исроил таҳдиди воқеӣ ва фаврӣ мебошад.
“Бенямин Нетаняҳу ва атрофиёни ӯ барои демократияи Исроил таҳдиди воқеӣ, мустақим ва фаврӣ мебошанд”, - гуфтааст ӯ.
Интиқодҳои Гади Айзенкот пас аз он садо доданд, ки намояндагони ду сиёсатмадор масъалаи эҳтимоли ташкили ҳукумати Ваҳдати миллиро баррасӣ карданд.
Қаблан “Шабакаи 12”-и Исроил хабар дода буд, ки Идо Норден, раиси дафтари Нетаняҳу, дар арафаи интихобот бо дафтари комиссари полис тамос гирифта, бар зидди аъзои ҳизби арабии “Раам” шикоят кардааст.
Тибқи ин гузориш, Нордено кормандони полисро ба як манбаи иттилоотӣ роҳнамоӣ кардааст, ки гӯё яке аз кормандони собиқи дафтари сарвазир будааст. Бар асоси маълумоти пешниҳодкардаи ин манбаъ, се узви ҳизби “Раам” боздошт шудаанд.
Аммо баъдан полис маълумоти пешниҳодшударо беасос арзёбӣ карда, ҳар се боздоштшударо озод кардааст.
Айзенкот дар вокуниш ба ин қазия хостори оғози фаврии тафтишот шуд. Дафтари Нетаняҳу бошад, гузориши “Шабакаи 12”-ро нодуруст хонда, изҳор дошт, ки Нордено танҳо “вазифаи шаҳрвандии худро иҷро кардааст”.
Мухолифони Нетаняҳу ӯро муттаҳам мекунанд, ки барои нигоҳ доштани қудрат талош дорад эътибори ҳизбҳои арабӣ ва натиҷаҳои интихоботро зери суол барад.
Пас аз интихоботи моҳи гузашта на эътилофи таҳти раҳбарии Нетаняҳу ва на гурӯҳҳои мухолиф бо роҳбарии Айзенкот натавонистанд 61 курсии заруриро барои ташкили ҳукумат ба даст оранд. Ду ҳизби асосии араб – “Феҳристи муштарак” ва “Раам” аз номзадии Айзенкот ба мақоми сарвазир пуштибонӣ кардаанд. Ҳафтаи гузашта ба ӯ масъулияти ташкили ҳукумати нав вогузор шудааст.
Рӯзи шанбе Нетаняҳу аз Айзенкот даъват карда буд, ки барои ташкили ҳукумати Ваҳдати миллӣ ба ӯ ҳамроҳ шавад. Аммо раҳбари ҳизби “Яшар” ин пешниҳодро рад карда, сарвазири муваққатиро ба найрангбозӣ ва барангехтани танишҳо муттаҳам намуд.
Айзенкот гуфтааст, ки музокирот барои ташкили ҳукумат аллакай идома дорад ва даъвати нави Нетаняҳу ба назари ӯ кӯшиши фиреб додани ҷомеа аст.
Нетаняҳу дар паёми видеоие, ки рӯзи шанбе дар шабакаи иҷтимоии “X” нашр кард, зарурати ташкили ҳукумати Ваҳдати миллиро ба вазъи амниятии Исроил рабт дод. Ӯ иддао кардааст, ки Эрон мехоҳад барномаи ҳастаии худро аз сар гирад ва барои Исроил таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд оварад.
Сарвазири муваққатии Исроил ҳамчунин, аз амалиётҳои низомии “Тулуи шерон” ва “Ғурриши шерон” ёдовар шуда, гуфтааст, ки кишвараш бояд барои пешгирӣ аз эҳёи таҳдиди ҳастаии Эрон тамоми чораҳои заруриро андешад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд