Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Сафари дуюми Аҳмад аш-Шаръа (Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ) ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ, имзои даҳҳо созишнома ва тавофуқи ҳамкории дифоӣ миёни Риёзу Димишқ пурсишҳои наверо дар бораи ҳадафҳои воқеии ин ҳамкорӣ ба миён овардааст. Оё пуштибонии молии Саудӣ аз мақомоти имрӯзаи Сурия метавонад дар иваз бо иштироки ҷанговарони сурӣ дар муноқишаи Яман ҳамроҳ бошад?
Сафари ахири Аҳмад аш-Шаръа, раҳбари мақомоти ҳокими Сурия, ба Арабистони Саудӣ танҳо як боздиди дипломатии маъмулӣ нест. Ҳайати баландпояи сиёсию иқтисодӣ ва низомие, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, имзои чандин созишнома ва ба вижа тавофуқи ҳамкории дифоӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои Риёзу Димишқ метавонанд ба марҳилаи нав ворид шаванд.
Аммо дар паси ин мулоқоту созишномаҳо як масъалаи калидӣ қарор дорад: Сурия, ки бо мушкилоти амиқи иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, аз Саудӣ чӣ мегирад ва дар иваз аз он чӣ интизор меравад?
Сафари дуюм дар камтар аз як моҳ: ҳайати сиёсӣ, молӣ ва низомӣ дар Риёз
Аҳмад аш-Шаръа, ки бо номи Абумуҳаммад ал-Ҷавлонӣ низ шинохта мешавад, дар раъси ҳайати баландпоя вориди Риёз шуд ва бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва чанде аз мақомоти ин кишвар мулоқот кард.
Таркиби ҳайат худ паёми сиёсӣ дошт. Дар он Асъад аш-Шайбонӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Марҳф Абуқасра, вазири дифоъ, Муҳаммад Яср Барния, вазири молия, Басил Абдулҳаннон, вазири саноат ва Абдулқодир Таҳҳон, раиси Созмони умумии иттилоотии Сурия ҳузур доштанд.
Ҳузури ҳамзамони масъулони сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ нишон медиҳад, ки музокирот танҳо ба масъалаҳои дипломатӣ маҳдуд набуда, соҳаҳои гуногуни ҳамкории ду кишварро фаро гирифтааст.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои Саудӣ, дар ҷараёни ин сафар даҳҳо созишнома ба имзо расидаанд. Дар миёни онҳо тавофуқи ҳамкории дифоӣ низ мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, то замони нашри гузориш ҷузъиёти пурраи ин санадҳо ошкор нашуда буд.
Рӯзномаи лубнонии “Ал-Ахбор” дар таҳлили худ навиштааст, ки ҳадафи эҳтимолии ин сафар расмӣ кардан ва ба марҳилаи иҷро расонидани тавофуқҳое мебошад, ки дар мулоқоти қаблии Аш-Шараъ бо мақомоти Саудӣ ба таври шифоҳӣ ҳосил шуда буданд.
Яман дар пасманзари ҳамкории дифоии Риёзу Димишқ
Яке аз масъалаҳои ҳассоси сафари ахир эҳтимоли пайвастани Сурия ба ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии марбут ба Яман мебошад.
Ин сафар чанд рӯз пас аз изҳороти Асъад аш-Шайбонӣ сурат гирифт, ки гуфта буд Димишқ масъалаи пайвастан ба “Эътилофи Макка”-ро, ки аз Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон иборат аст, баррасӣ мекунад.
Аз ҷониби дигар, камтар аз як моҳ қабл гузоришҳое нашр шуда буданд, ки тибқи онҳо Арабистони Саудӣ аз мақомоти Сурия хостааст, то ҷанговарони сурӣ барои иштирок дар ҷанги Яман сафарбар карда шаванд. Мақомоти Сурия ин гузоришҳоро рад карда буданд.
Бо вуҷуди ин, имзои созишномаи ҳамкории дифоӣ миёни вазоратҳои дифои ду кишвар таваҷҷуҳро ба ин масъала бештар кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Сурия низ имзои чунин созишномаро тасдиқ намуд, аммо дар бораи муҳтаво ва доираи амалии он маълумоти мушаххас надод.
Аз ин рӯ, пайванди эҳтимолии тавофуқи дифоӣ бо масъалаи Яман ҳанӯз дар сатҳи фарзия ва таҳлил қарор дорад. То кунун маълумоти расмии кофӣ барои тасдиқи он ки Димишқ уҳдадор шудааст ҷанговарони худро ба Яман бифиристад, нашр нашудааст.
Бо вуҷуди ин, ҳамзамон омадани ду масъала - зарурати дастгирии молии Сурия ва густариши ҳамкории низомӣ бо Риёз саволеро ба миён мегузорад, ки оё ҳамкории дифоӣ метавонад як бахши тавофуқи васеътари сиёсӣ бошад?
Даҳҳо миллиард доллар барои Димишқ: Риёз чӣ пешниҳод кардааст?
Дар баробари масъалаҳои амниятӣ, ҷанбаи иқтисодии сафари Аш-Шаръа низ аҳамияти вижа дорад. Сурия пас аз солҳои тӯлонии ҷанг, таҳримҳо ва буҳронҳои пайдарпай ба сармоя ва кумаки хориҷӣ ниёзи ҷиддӣ дорад.
Тибқи изҳороти Холид ал-Фолеҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ садо дода буд, Риёз қаблан ҳудуди 80 созишнома ва ёддошти ҳамкориро бо арзиши беш аз 40 миллиард риёли саудӣ, баробар ба тақрибан 10,7 миллиард доллар, имзо кардааст.
Ин бастаҳои пуштибонӣ чанд бахши муҳимро дар бар мегиранд:
- Тасвиби бастаи қарзҳои имтиёзноки “Сандуқи рушди Саудӣ” ба маблағи 406 миллион доллар, дар қолаби хатти қарзии васеътар ба арзиши 1,5 миллиард доллар.
- Тақдими муодили 1,65 миллион бушка нафти хом ба Сурия.
- Ҳамкорӣ бо Қатар барои пардохти қарзҳои ақибмондаи Сурия дар назди Бонки ҷаҳонӣ.
- Иштирок дар таъмини як бахши маоши кормандони бахши давлатии Сурия.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки пуштибонии Риёз танҳо ба сармоягузории тиҷоратӣ маҳдуд нест, балки бахшҳои молия, энергетика ва таъмини ниёзҳои рӯзмарраи сохтори давлатӣ ва иқтисоди Сурияро низ фаро мегирад.
Чаро Сурия ба пули Саудӣ ниёз дорад?
Вазъи иқтисодии Сурия яке аз омилҳои асосии наздикшавии Димишқ ба кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.
Пас аз солҳои ҷанг иқтисоди ин кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Коҳиши пайвастаи сатҳи зиндагӣ, бекорӣ, паст шудани қобилияти харидории мардум ва болоравии нархҳо фишори иқтисодиро бештар кардааст.
Ҳамзамон, ҳазфи бастаҳои сӯзишворӣ, барқ ва нон мушкилоти рӯзмарраи хонаводаҳоро шадидтар кардааст. Афзоиши маош низ бо суръати болоравии нархҳо ҳамқадам нест.
Дар чунин шароит, кумакҳои молии Саудӣ барои мақомоти давраи гузариши Сурия аҳамияти стратегӣ пайдо мекунанд. Ин маблағҳо метавонанд барои бозсозии зерсохторҳо, таъмини фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва коҳиш додани фишори иқтисодӣ истифода шаванд.
Масъала танҳо бозсозии роҳу нерӯгоҳҳо нест. Ҳукумати Димишқ ҳамчунин, ба маблағҳое ниёз дорад, ки тавонанд вазъи иҷтимоиро то андозае ба эътидол оварда, аз афзоиши эътирозҳои мардумӣ пешгирӣ кунанд.
Дар гузориш ба эътирозҳои хашмолуд дар минтақаҳои гуногуни Сурия низ ишора шудааст, ки аз мавҷудияти норозигии иҷтимоӣ дар ин кишвар шаҳодат медиҳанд.
Дар ҳамин замина, тавофуқи ҳукумати Сурия бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар 18-уми октябри соли гузашта барои таъсиси “Сандуқи амонатии пуштибонӣ аз бозсозии Сурия” низ муҳим арзёбӣ мешавад. Ин сандуқ таҳти мудирияти Бонки ҷаҳонӣ ва бар асоси авлавиятҳои муайянкардаи Димишқ фаъолият хоҳад кард.
Мақомоти Сурия умедворанд, ки кишварҳои Халиҷи Форс, ба вижа Арабистони Саудӣ ва Қатар, дар таъмини молии ин сандуқ нақши асосӣ дошта бошанд.
Чаро сармоягузорони хориҷӣ ба Сурия шитоб надоранд?
Як нуктаи дигари муҳимро Томас Барак, фиристодаи Амрико дар умури Сурия ва Ироқ, чанд рӯз пеш аз сафари Аш-Шаръа баён карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Сурия ҳанӯз ҳам кори бисёр душвор аст. Баррак ин вазъро ба заъфи низоми бонкӣ, набудани кафолатҳои амниятӣ ва идомаи баъзе маҳдудиятҳои иқтисодӣ рабт додааст.
Ба гуфтаи ӯ, сармоягузорӣ дар бахши энергетикаи Сурия метавонад аз 10 то 15 сол вақт талаб кунад, то ба марҳилаи даромаднокӣ бирасад.
Ин арзёбӣ нишон медиҳад, ки бозори Сурия бо вуҷуди имкониятҳои эҳтимолӣ барои сармоягузорӣ, ҳанӯз ҳам бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст.
Дар чунин вазъ, Арабистони Саудӣ бо доштани имкониятҳои молӣ ва нуфузи сиёсӣ метавонад яке аз чандин манбаъҳои дастрас барои таъмини сареъи маблағҳои зарурии Димишқ бошад.
Ба ибораи дигар, барои мақомоти Сурия Риёз на танҳо шарики иқтисодӣ, балки яке аз такягоҳҳои эҳтимолии молӣ дар шароити маҳдуд будани имконоти ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Риёз дар иваз чӣ мехоҳад?
Ин аст саволи асосие, ки дар пасманзари сафари дуюми Аш-Шаръа ба Арабистони Саудӣ дар камтар аз як моҳ матраҳ мешавад.
Арабистони Саудӣ дар солҳои охир дар масъалаи Сурия нуфузи қобили таваҷҷуҳ пайдо кардааст. Дастгирии иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои сиёсӣ метавонанд ин нуфузро боз ҳам густариш диҳанд.
Аммо густариши ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар эҳтимолан аз доираи сармоягузорӣ ва бозсозӣ фаротар мераванд.
Барои Риёз муҳим аст, ки шарики нави он дар Димишқ дар масъалаҳои минтақавӣ низ бо сиёсат ва авлавиятҳои Саудӣ ҳамоҳанг бошад. Яман, ҳамкориҳои амниятӣ ва масъалаи ташкили эътилофҳои минтақавӣ аз ҷумлаи мавзуъҳое мебошанд, ки метавонанд дар ин раванд ҷойгоҳи муҳим дошта бошанд.
Бо ин ҳама, то замони ошкор шудани ҷузъиёти созишномаи дифоӣ наметавон бо итминон гуфт, ки Риёз аз Димишқ маҳз фиристодани ҷанговарон ба Яманро талаб кардааст.
Хулоса, муомилаи ахири Риёзу Димишқро метавон ҳамчун ҳамкории дорои ду ҷанбаи ба ҳам пайвандёфта - ниёзи иқтисодии Сурия ва манфиатҳои сиёсию амниятии Арабистони Саудӣ баррасӣ кард. Димишқ ба сармоя, нафт, қарз ва пуштибонии сиёсӣ ниёз дорад, дар ҳоле ки Риёз метавонад дар пайи густариши нуфуз ва ҳамкориҳои амниятии худ дар минтақа бошад.
Аммо саволи асосӣ ҳанӯз беҷавоб мондааст: оё даҳҳо созишномаи иқтисодӣ ва тавофуқи дифоӣ танҳо оғози бозсозии муносибатҳои ду кишвар аст ё пушти онҳо як муомилаи бузургтари сиёсӣ қарор дорад, ки масъалаи Яман низ метавонад бахше аз он бошад?
Посухи дақиқ ба ин савол танҳо пас аз ошкор шудани муҳтавои созишномаҳо ва қадамҳои амалии минбаъдаи Димишқу Риёз маълум хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Путин: “Забони русӣ омили ҳифзи давлатдорӣ ва ваҳдати халқҳои Русия аст”
Фаррух Ҳамрализода хостори ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ шуд
Бонки амрикоии EXIM Bank омодааст “хавфҳои иқтисодии” Тоҷикистонро бозбинӣ кунад