“Политико”: Дар Аврупо дар мавриди Русия ихтилофоти амиқ вуҷуд дорад
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд
Чину Русия дар канори ҳам дар умқи Афғонистон. Ё Чин чӣ гуна ба бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад?
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
“Политико”: Дар Аврупо дар мавриди Русия ихтилофоти амиқ вуҷуд дорад
Расонаи амрикоии “Политико” (Politico) менависад, ки тамоси телефонии раҳбарони Финландия ва Норвегия бо Владимир Путин ихтилофоти амиқ миёни кишварҳои аврупоӣ дар мавриди муносибат бо Русияро ошкор кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, нашрияи амрикоии “Politico” рӯзи душанбе дар як таҳлил навишт, ки тамоси телефонии Александр Стубб, президенти Финландия ва Йонас Гар Стере, нахуствазири Норвегия бо Владимир Путин, президенти Русия, ихтилофоти ҷиддӣ дар Иттиҳоди Аврупоро ошкор кардааст.
Дар ин таҳлил омадааст, ки ду раҳбари аврупоӣ умед доштанд тамоси мустақим бо Путин азми Аврупоро нишон диҳад, аммо ин иқдом боиси амиқтар шудани ихтилоф миёни муттаҳидони аврупоӣ шудааст.
“Онҳо умед доштанд, ки ин тамоси мустақим ва ғайриоддӣ бо Путин азми Аврупоро нишон медиҳад. Аммо ин тамос миёни муттаҳидон шикофи бузурге ба вуҷуд оварда, ихтилофоти амиқтарро дар Аврупо дар мавриди чигунагии барқарории муносибат бо Маскав дар марҳилаи ҳассоси талошҳо барои сулҳ ошкор кардааст”, - менависад “Politico”.
Ин расона ҳамчунин, менависад, ки паёмадҳои тамоси телефонии Стубб ва Стере бо Путин ҳанӯз ҳам дар Аврупо эҳсос мешаванд. Ҳоло ҳукуматҳои аврупоӣ баҳс доранд, ки дар музокироти эҳтимолии оянда барои поён додан ба ҷанги Украина кӣ бояд намояндаи Аврупо бошад. Ин дар ҳолест, ки худи кишварҳои аврупоӣ ба чунин музокирот даъват нашудаанд.
Қаблан Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, изҳор дошта буд, ки масъалаи иштироки намояндагони Аврупо дар музокироти марбут ба ҳалли низоъи Украина умуман баррасӣ нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд