Лула да Силва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия шуд
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
Лула да Силва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия шуд
Луиз Инасиу Лула да Силва, раиси ҷумҳури чапгарои Бразилия, бо пирӯзӣ дар интихобот бар Флавиу Болсонару, сенатори ростгаро, бозгашти чашмгиреро рақам зада, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст.
Хабаргузории “Франс пресс”, субҳи рӯзи душанбе, 26-уми октябр, гузориш дод, ки Лула да Силва, ки рӯзи сешанбе 81-сола мешавад, бар хилофи ҳамаи пешбиниҳо муваффақ шудааст барои бори чаҳорум, ки дар навъи худ бесобиқа аст, ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бирасад.
Бар асоси гузориш, натиҷаҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки ӯ 51,7 дарсади раъйро ба даст овардааст, дар ҳоле ки ҳиссаи Флавиу Болсонару 48,2 дарсад будааст.
Флавиу Болсонару дар ҳоле вориди рӯзи интихобот шуда буд, ки ба далели пешсафӣ дар назарсанҷиҳо, аз пирӯзии худ итминон дошт.
Ин дар ҳолест, ки аз замони баргузории нахустин интихоботи мустақим пас аз поёни давраи диктатурӣ дар Бразилия то кунун ҳеч номзаде, ки дар даври аввал шикаст хӯрда буд, натавонистааст дар даври дуюм пирӯз шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст
Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод