Ройтерз: Чин аз Тоҷикистон даъват кард мубориза бо ифротгароиро пурзӯр ва барои ҳифзи ҷони чиниҳо чораҳои қатъӣ андешад
Расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳанд: Эрон 135 бор ба инфрасохтори низомии Амрико ҳамла кардааст
Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”
Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Рӯзномаи “Ню-Йорк пост” менависад, ки дар таҳқиқоти нав мақомоти федералии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иттиҳоми издивоҷи сенатори Конгресси Амрико Илҳон Умар бо бародараш, аз ҷумла ба далелҳои эҳтимолии генетикӣ даст ёфтаанд. Ин рӯзнома навишт, ҳоло “натиҷаҳои ташхиси ДНК ё санадҳои судие, ки ин иддаоро тасдиқ кунад”, ба шакли оммавӣ нашр нашудаанд.
Рӯзнома рӯзи 19-уми октябр навишт, ки таҳқиқот барои муайян кардани натиҷаҳои иттиҳоми ин ки оё Илҳон Умар барои ба даст овардани шаҳрвандии Амрико бо бародараш издивоҷ кардааст ё не, идома дорад.
Сарчашмаҳо ба рӯзнома гуфтаанд, таҳқиқот баррасии санадҳои давлатӣ, иттилооти ифшогарон ва далелҳои генетикиро дарбар мегирад. Ҳоло маълум нест, ки намунаҳои генетикӣ аз кӣ ва кай гирифта шудаанд.
Дар ҳафтаи гузашта кормадони мақомоти федералӣ бо иҷозати суд хонаи Илҳон Умарро дар Вашингтон ҷустуҷӯ кардаанд. Тибқи гузориши хабаргузории “Ассошиейтед пресс” телефони мобилии ӯ мусодира шуд ва барои беш аз 12 нафар, аз ҷумла аъзои оилааш даъватномаи ҳозир шудан ба тафтишот ирсол шудааст.
Илҳон Умар, ки сенатори Ҳизби демократ дар Конгресси Амрико мебошад, соли 1995 ба ҳайси паноҳанда аз кишвари Сомалӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омада, соли 2000-ум шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардааст. Худи Илҳон Умар натиҷаҳои таҳқиқотро рад намуда, мегӯяд он дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
Вакилони мудофеи ӯ талаб кардаанд, ки мол ва ашёе, ки аз ӯ мусодира шуд, баргардонда шавад. Дар посух ба талаби вакилони мудофеъ Вазорати адлияи ИМА гуфт, кормандони мақомоти дахлдор талаботи қонунро риоя кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт