Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?
Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Мақомоти баландпояи Либия ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозиро амали душманона ва баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъзе ҷонибҳо мехоҳанд Либияро ба низоъҳои Украина ва Судон ҷалб кунанд.
Сарвазири Ҳукумати ваҳдати миллии Либия Абдулҳамид Дбейба шоми душанбе ҳузури як киштии ҳарбии Русияро дар вақти ҳамла ба бандари Бенғозӣ таҳдид ба амнияти кишвар номид.
Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, Дбейба гуфтааст, ки гурӯҳҳои низомӣ талош доранд Либияро ба даргириҳои Украина ва Судон бикашонанд.
“Истифодаи бандарҳо ва иншооти ғайринизомӣ барои ҳадафҳои ҳарбӣ амнияти шаҳрвандони Либияро зери хатар мегузорад”, - таъкид кардааст сарвазир.
Дар ҳамин ҳол, Мусо ал-Кунӣ, муовини раиси Шурои раёсати ҷумҳурии Либия, масъулияти ба уҳда гирифтани ҳамла ба бандари Бенғозӣ аз ҷониби Украинаро “эълони ҷанг” арзёбӣ кардааст.
Ба навиштаи хабаргузории русии “ТАСС”, ӯ ҷониби Украинаро барои ин амалҳо комилан масъул дониста, гуфтааст, ки Владимир Зеленский ошкоро масъулияти ин ҳамлаҳоро эътироф ва ҳатто аз онҳо ифтихор кардааст.
Ал-Кунӣ таъкид кардааст, ки чунин амалҳо баробар ба эълони ҷанг алайҳи давлати Либия мебошанд.
“Ҳар гуна таҷовуз ба соҳибихтиёрии давлати Либия, амнияти миллӣ ва захираҳои он амалест, ки онро наметавон таҳаммул кард ё нодида гирифт”, гуфтааст муовини раиси Шурои раёсатҷумҳурӣ.
Ҷузъиёти ҳамла
Субҳи рӯзи душанбе артиши Украина бо истифода аз киштиҳои бесарнишин ба як киштии ҷангӣ ва як киштии боркаши низомии Русия дар бандари Бенғозии Либия ҳамла кардааст. Бар асари ин ҳамла ҳар ду киштӣ ғарқ шудаанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки мақомоти Либия аз эҳтимоли ҷалб шудани кишвар ба низоъҳои берунӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард
Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад