Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Чин тадриҷан робитаҳои дипломатии худро бо гурӯҳи террористии Толибон коҳиш дода, мехоҳад бо ин гурӯҳ фақат дар бахши иқтисод ва тиҷорат ҳамкорӣ кунад.
Дар ин бора рӯзномаи “Intelligence Online” рӯзи 5-уми ноябр хабар дода, навишт, ки мақомоти Чин аз Федератсияи Русия дархост намуд, ки эътирофи расмии гурӯҳи террористии Толибонро лағв кунад. Дар пайи дархости Чин мақомоти Русия масъалаи лағви эътирофи расмии Толибонро баррасӣ доранд.
Ин рӯзнома навишт, ки Чин ҳамкориҳои худ бо ин гурӯҳро идома медиҳад, вале мавқеи сиёсии худ нисбат ба ҳукумати Толибонро бозбинӣ мекунад.
Федератсияи Русия рӯзи 3-юми июли соли 2025 дар як иқдоми бесобиқа аввалин кишваре буд, ки ҳукумати террористии Толибонро ба расмият шинохт. Эътиборномаи дипломатии намояндаи Толибон дар Русия аз ҷониби мақомоти ин кишвар қабул карда шуд. Парчами ин гурӯҳ дар сафорати Афғонистон дар Русия барафрошта шуд.
Чин бо вуҷуди барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва қабули сафири Толибон дар Пекин аз ба расмият шинохтани ин гурӯҳ худдорӣ кард.
Рӯзномаи фаронсавӣ навишт, ки фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон эҳтимоли таҳдид ба манфиатҳои Чин яке аз омилҳои таъсиргузор дар бозбинии сиёсати Чин нисбат ба гурӯҳи террористии Толибон аст.
Дар сурати дуруст будани ин хабари рӯзномаи фаронсавӣ лағви мақоми расмии Толибон аз ҷониби Русия метавонад Толибонро ба мушкилоти дипломатӣ рӯ ба рӯ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид