Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?
Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
Тибқи гузориши расонаҳо масъалаи ҷойгоҳи забони русӣ ва ояндаи бахшҳои русзабони мактабҳои Озарбойҷон бори дигар ба мавзуи баҳсҳои ҷамъиятии ин кишвар табдил шудааст.
Дар ин замина, Ҳикмат Бобооғлу, намояндаи Маҷлиси миллии Озарбойҷон аз ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав”, пешниҳод кардааст, ки маблағгузории таҳсил ба забони русӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз нав баррасӣ шавад.
Ӯ ин пешниҳодро рӯзи 16-уми ноябр, зимни ҷаласаи ошкорои Маҷлиси миллӣ ва ҳангоми баррасии тарҳи буҷети давлатии соли 2027 баён кардааст.
Ба гуфтаи Бобооғлу, ҳоло дар бахшҳои русзабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор ва дар бахшҳои озарбойҷонӣ 1 миллиону 570 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, хароҷоти солонаи таҳсили ҳар як хонанда барои давлат 2 ҳазор манатро ташкил медиҳад.
Ин намояндаи парлумон бо таъкид ба он ки “ҳувияти миллӣ ва андешаи миллӣ дар низоми таълим ташаккул меёбанд”, суол кардааст, ки оё дар Озарбойҷон мактабҳое ҳастанд, ки бо маблағгузории давлат ба забонҳои англисӣ ё чинӣ таҳсил диҳанд?
Ӯ дар идома гуфтааст: “Чаро? Дар ин бора бояд андеша кард”.
Ба навиштаи расонаҳо, масъалаи ояндаи бахшҳои русзабони мактабҳо дар ду соли охир чандин бор мавриди баҳс қарор гирифтааст. Аммо ин дафъа яке аз намояндагони ҳизби ҳоким ин масъаларо аз минбари парлумон ва бо ишора ба арқоми буҷетӣ матраҳ кардааст. Аз ин рӯ, суоле ба миён омадааст, ки оё баҳси мазкур танҳо ба хароҷоти соҳаи маориф марбут аст ё бозтоби муносибатҳои Боку ва Маскав мебошад?
Хароҷоти мактабҳои русзабон чӣ қадар аст?
Бар асоси омори пешниҳодкардаи Ҳикмат Бобооғлу, хонандагони бахшҳои русзабон тақрибан 9 дарсади шумораи умумии хонандагони Озарбойҷонро ташкил медиҳанд.
Агар хароҷоти солонаи таҳсили ҳар як хонанда 2 ҳазор манат ҳисоб карда шавад, маблағи умумии таҳсил дар бахшҳои русзабон дар як сол тақрибан 314 миллион манатро ташкил медиҳад.
Ҳамин рақамро Элшан Азим, мудири мактаби рақами 35-и ноҳияи Келбаҷар низ баён кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола барои бахшҳои русзабони мактабҳо 314 миллион манат ва (зиёда аз 184 миллион доллар) барои мактабҳои махсуси муҳоҷирони иҷборӣ 188 миллион манат аз буҷет ҷудо мешавад.
Элшан Азим зимни муқоисаи ин ду бахши маориф гуфтааст, ки мактабҳои махсуси муҳоҷирони иҷборӣ дар тӯли 30 соли гузашта дар ҳифзи фарҳанги мардумӣ, мусиқӣ ва арзишҳои миллӣ ва маънавии минтақаҳо нақши муҳим доштаанд.
Ба андешаи ӯ, агар қарор бошад, ки барои сарфаи маблағҳои буҷетӣ бархе мактабҳо баста шаванд, мактабҳои дорои бахшҳои русзабон низ бояд бо ҳамон меъёрҳо ва нишондиҳандаҳо арзёбӣ шаванд.
Дар солҳои охир садҳо мактаби камхонанда дар минтақаҳои деҳоти Озарбойҷон баста ё бо мактабҳои дигар муттаҳид карда шудаанд. Аз суханони мудири мактаби ноҳияи Келбаҷар бармеояд, ки масъалаи ояндаи мактабҳои махсуси муҳоҷирони иҷборӣ низ метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад.
Бо вуҷуди ин, Вазорати маорифи Озарбойҷон то ҳол ба изҳороти намояндаи Ҳизби ҳоким дар парлумон вокуниш нишон надодааст.
Пешинаи овозаҳо дар бораи бастани бахшҳои русзабон
Овозаҳо дар бораи эҳтимоли қатъи фаъолияти бахшҳои русзабон дар низоми маорифи Озарбойҷон қаблан, моҳи июли соли 2025, ба таври густурда паҳн шуда буданд.
Он замон дар гурӯҳҳои паёмрасони “Ватсап” хабарҳое нашр шуданд, ки гӯё дар давоми се сол таҳсил дар мактабҳои русзабон пурра ба забони озарбойҷонӣ гузаронида мешавад.
Вазорати маорифи Озарбойҷон ин хабарҳоро рад кард. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия низ онҳоро “қалбакӣ” номид ва гуфт, ки Маскав дар ин масъала пайваста бо Боку дар тамос аст.
Амин Амруллоев, вазири маорифи Озарбойҷон низ моҳи июни соли ҷорӣ эълон карда буд, ки бастани бахшҳои русзабон “ҳеч гоҳ дар барномаи корӣ қарор надоштааст”.
Ба гуфтаи ӯ, аз нигоҳи техникӣ бастани ин синфҳо аз рӯзи дигар имкон надорад ва худи волидон забони таҳсили фарзандони худро интихоб мекунанд.
Ҳамзамон, вазир таъкид карда буд, ки дар сурати кам шудани шумораи хонандагон ё норасоии омӯзгорон, мумкин аст бар асоси сабабҳои воқеӣ раванди беҳсозии фаъолияти мактабҳо анҷом дода шавад.
Аммо пешниҳоди нави Ҳикмат Бобооғлу масъалаи дигарро матраҳ мекунад. Зеро ӯ на дар бораи бастани бахшҳои русзабон, балки дар бораи аз нав баррасӣ кардани маблағгузории давлатии онҳо сухан гуфтааст.
Баҳс дар пасманзари беҳтар шудани муносибатҳои Боку ва Маскав
Изҳороти намояндаи парлумони Озарбойҷон дар ҳоле садо медиҳад, ки Боку ва Маскав барои беҳтар кардани муносибатҳои дуҷониба талош доранд.
Моҳи декабри соли 2024 ҳавопаймои мусофирбарии ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон “Азал” суқут кард ва дар ин ҳодиса 38 нафар ҷон бохтанд.
Пас аз ин ҳодиса, моҳи апрели соли ҷорӣ ду кишвар дар як изҳороти муштарак эътироф карданд, ки ҳавопаймо иштибоҳан аз ҷониби низоми дифои ҳавоии Русия ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, моҳи сентябр Озарбойҷон се чеҳраи расонаии Русия - Семён Уралов, Иван Князев ва Алексей Чадаевро ба далели даъват ба тағйири иҷбории ҳукумат дар барномаҳои телевизионӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод. Дар пайи ин иқдом сафири Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон даъват шуд.
Маскав дар вокуниш ба ин масъала изҳороти афроди мазкурро “назари шахсӣ” номид.
Бо вуҷуди ин, Ҳикмат Бобооғлу дар суханронии худ аз Русия ном набурда, пешниҳоди худро бо зарурати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва сарфаи маблағҳои буҷети давлатӣ асоснок кардааст.
То замони нашри ин гузориш, Маскав ба суханронии намояндаи парлумони Озарбойҷон вокунише нишон надодааст. Ҳамчунин, дар тарҳи буҷети давлатии Озарбойҷон барои соли 2027 то ҳол пешниҳоди ҷудогонае барои тағйири тартиби маблағгузории бахшҳои русзабон ворид нашудааст.
Ҳукумати Озарбойҷон низ ба пешниҳоди ин намояндаи парлумон ҳанӯз посух надодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Вазорати хориҷии Покистон: миёнаравӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон идома дорад
Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”
Русия: 275 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар як шаб сарнагун кардем