Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин кишварест, ки пас аз дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман раванди хориҷ шудан аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро оғоз кардааст. Ин тасмим дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳи мазкур моҳи сентябр Тоҷикистонро барои боздошт накардани президенти Федератсияи Русия дар вақти сафараш ба шаҳри Душанбе дар соли 2025 интиқод намуда буд.
“Ройтерз” рӯзи 23-уми ноябр бо такя ба изҳороти раиси Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хабар дод, ки Душанбе расман оғози раванди яксолаи хориҷ шудан аз ин созмонро эълон кардааст.
Пеш аз Тоҷикистон Чад, Венесуэла ва Науру аз ин додгоҳи байналмилалӣ хориҷ шуда буданд.
Президенти ин додгоҳ дар изҳороти рӯзи душанбе гуфта буд, ки хориҷ шудани кишварҳо метавонад талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ барои таъмини адолатро заиф карда, мубориза бар зидди беҷазоиро дар сатҳи ҷаҳонӣ душвортар созад.
Дар изҳорот чунин таъкид шудааст, оғози раванди хориҷшавӣ давлатро аз иҷрои уҳдадориҳое, ки дар давраи узвияташ ба зимма гирифта буд, озод намекунад.
Мавзуи муносибати Тоҷикистон бо ин додгоҳ дар моҳи марти соли 2026, баъди сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар расонаҳо матраҳ шуд. Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ моҳи марти соли 2023 барои тамоми кишварҳо ҳукми боздошти Владимир Путин дар вақти сафарро содир карда буд. Владимир Путин дар доираи ин парванда бо иттиҳоми эҳтимолии ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Украина таҳти пайгарди ин ниҳод қарор дорад.
Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон ӯро дар вақти сафараш ба кишвар дар соли 2025 боздошт накарданд. Додгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ Душанберо барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ дар доираи низомномаи Рим танқид кард.
Ин дидгоҳ парвандаҳои марбут ба наслкушӣ, ҷиноятҳо бар зидди башарият, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷинояти таҷовузро баррасӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон баъди сафари Путин аз Додгоҳи ҷиноӣ хориҷ мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж