18 Ноябр 2026,
чоршанбе, 03:24, Душанбе
17.11.2026 17:18

“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард

Ҷо Байден, президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар китоби ёддоштҳои нави худ навишт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021 дуруст буд ва ӯ бо донистани оқибатҳои он ин тасмимро гирифт. Ӯ аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят карда, навиштааст, ки суқути босуръати ҳукумати вақти ин кишвар ба фурӯпошии артиши Афғонистон вобаста буд.

Ӯ дар китоби худ бо номи “Promise Me, America” навишт, ки поён додан ба ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон қарори дуруст буд ва ӯ дар сурати бозгашт ба гузашта низ ҳамин роҳро интихоб мекунад.

“Ман боз ҳам ҳамин қарорро қабул мекардам. Поён додан ба ҷанг дар Афғонистон қарори дуруст буд” – таъкид кард ӯ.

Хабаргузори “Ассошиэйтед пресс” пораҳое аз китоби тозанашри Ҷо Байденро таҳлил намуда, навиштааст, ки як қисми алоҳидаи ин китоб ба мавзуи Афғонистон бахшида шудааст ва муаллиф дар он менависад, ки ҳатто дар замони ҳукумати Барак Обама ба идомаи ҷанг дар Афғонистон шубҳа доштааст.

Ӯ дар ин китоб имзои созишномаи моҳи феврали соли 2020 миёни ҳукумати Доналд Трамп ва Толибонро як “бомбаи соатӣ” меномад. Бар асоси ин созишнома Толибон уҳдадор шуда буданд, ки то замони хуруҷи неруҳои Амрико ба онҳо ҳамла накунанд.

Ҷо Байден навишт, ки шартҳои созишнома он гуна набуд, ки ӯ мехост, вале ба хулосае омад, ки ҷанг бояд хотима ёбад. Ҳукумати ӯ муҳлати хуруҷи неруҳоро то 11-уми сентябри соли 2021 тамдид намуд ва ҳамзамон барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон талош намудааст.

Тибқи гуфтаи Ҷо Байден Вазири мудофиаи пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин ва раиси Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳ генерал Марк Миллӣ аз оқибатҳои хуруҷи пурраи низомиёни Амрико нигаронӣ доштаанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти низомӣ ва хадамоти иктишофӣ ба ӯ гуфта буданд, ки ҳукумати Афғонистон ва пойтахти кишвар метавонанд пас аз хуруҷи неруҳои хориҷӣ ҳадди аққал шаш моҳ муқовимат кунанд. Вале ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар зарфи чанд рӯз суқут кардааст. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард ва Толибон 15-уми августи соли 2021 вориди Кобул гардиданд. Ин ҳодиса беш аз ду ҳафта қабл аз хуруҷи охирин низомиёни амрикоӣ рӯй дод.

Ҷо Байден дар китоби фурӯпошии неруҳои амниятии Афғонистон бо ибораи “артиши Афғонистон об шуд” шарҳ додааст. Бар асоси арзёбии тарҳи таҳқиқотии “Арзиши ҷанг”-и Донишгоҳи Браун, дар ҷараёни ҷанги ду даҳсола тақрибан 70 ҳазор низомӣ ва корманди полиси Афғонистон кушта шудаанд.

Пас аз ворид шудани Толибон ба Кобул, фурудгоҳи пойтахт ба маркази хориҷ шудани шаҳрвандон ва низомиёни хориҷӣ табдил ёфт. Рӯзи 26-уми августи соли 2021 дар назди дарвозаи фурудгоҳи Кобул ҳамлаи маргталабонаи гурӯҳи “Давлати исломӣ — вилояти Хуросон” рӯй дод. Дар натиҷаи он дастикам 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии амрикоӣ кушта шуданд.

Масъалаи масъулияти маъмуриятҳои Трамп ва Байден дар суқути ҳукумати Афғонистон ҳамоно мавриди баҳс қарор дорад. Дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии ИМА, ки моҳи июни соли 2023 нашр шуд, гуфта мешуд, ки қарорҳои ҳар ду маъмурият дар бораи поён додани ҳузури низомии Амрико барои ҳукумати Афғонистон оқибатҳои ҷиддӣ доштанд. Ҳамчунин, дар гузориш ба нокифоя будани омодагӣ ба сенарияҳои бадтарини эҳтимолӣ ишора шуда буд.

Толибон аз моҳи августи соли 2021 ба ин сӯ Афғонистонро идора мекунанд. Ҳукумати онҳо таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум манъ карда, маҳдудиятҳои густурдаеро барои кору фаъолияти ҷамъиятии занон ҷорӣ кардааст.

Китоби нави Ҷо Байден 17-уми ноябр аз ҷониби нашриёти “Little, Brown and Company” ба фурӯш бароварда мешавад. Дар он муаллиф дар бораи чаҳор соли президентӣ, пандемияи коронавирус, вазъи иқтисоди ИМА, ҷангҳои Украина ва Исроил ва тасмими худ барои даст кашидан аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2024 нақл мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

17.11.2026 17:57

Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод ба зарурати таҳкими амнияти минтақавӣ, густариши тиҷорат ва рушди роҳҳои нақлиётӣ таъкид намуд.
17.11.2026 17:18

“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард

Ҷо Байден, президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар китоби ёддоштҳои нави худ навишт, ки хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар соли 2021 дуруст буд ва ӯ бо донистани оқибатҳои он ин тасмимро гирифт. Ӯ аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳимоят карда, навиштааст, ки суқути босуръати ҳукумати вақти ин кишвар ба фурӯпошии артиши Афғонистон вобаста буд.
17.11.2026 17:06

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар шаҳри Брюссел дар нишасти дуюми вазирон оид ба амнияти байниминтақавӣ ва рушди робитаҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуд.
17.11.2026 14:59

Тоҷикистон барои иҷрои нақшаҳои иқлимӣ то ба 22,5 миллиард доллар ниёз дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дарёфт кардани маблағ ва технологияҳои байналмилалӣ метавонад ҳаҷми коҳиши партови газҳои карбонро то соли 2035 аз 15 то 40 фоиз расонад. Ин нишондиҳанда дар муқосиа бо сатҳи соли 1990 ҳисоб шудааст.
17.11.2026 13:55

Айзенкот: “Нетаняҳу ҳатто як дақиқаи дигар набояд дар мақоми сарвазир боқӣ монад”

Сиёсатмадори исроилӣ Гади Айзенкот амалҳои сарвазир Бенямин Нетаняҳуро таҳдиди мустақим ба демократияи Исроил номида, хостори оғози фаврии тафтишот дар бораи дахолати эҳтимолии атрофиёни ӯ ба интихобот шудааст.
17.11.2026 10:58

Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми шоҳ” (King’s Cup) бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи музофотии Сисакети Тайланд, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
17.11.2026 10:51

Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад

Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау дар доираи сафари минтақавӣ аз 16 то 24-уми ноябр ба Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
17.11.2026 09:44

Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
17.11.2026 09:24

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
17.11.2026 09:19

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» баргузор мегардад.