Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?
Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар сари дастархон ороста бо меваҷот Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия нишастаанд.
Владимир Рутин аз дастархони ороста бо ишораи даст ба Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз лаълии пур аз лимон, як лимон бардорад. Эмомалӣ Раҳмон ба тарҷумонаш ишора мекунад ва ӯ лаълии пур аз лимонро назди ӯ меорад. Владимир Путин як лимонро аз лаълӣ мебардорад ва онро бӯ кашида, онро наздикаш мегузорад.
Ин саҳнаи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашри зиёд дорад ва ҳама дар шаҳрҳои худ аз амали Путин ситоиш намуда, гуфтаанд, ки ӯ аз дастархони Тоҷикистон лимон гирифтааст.
Нашри ин навор зоҳири амали Владимир Путин мебошад. Дар зерматни он метавон бисёр паёмҳои дипломатиро мушоҳида намуд. Зеро, дар ин шабу рӯз, махсусан дар шароите, ки ҷанги Украинаву Русия идома дорад, тими муҳофизатии Путин амнияти ӯро сахт таъмин ва назорат мекунанд.
Нишастани Путин дар сари дастархони ороста ва дар ҳузури расонаҳо гирифтани лимону бӯ кашидани он паёми хоси итминонбахши дипломатӣ дорад. Ин амал нишон медиҳад, ки Владимир Путин ба Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари дӯсти стратегӣ менигарад ва ба ҳама чиз эътимод дорад.
Бар асоси гузоришҳои бисёре аз расонаҳои ҷаҳонӣ амнияти ғизоии Владимир Путин ҳамеша аз ҷониби заррабини ниҳодҳои амниятии ин кишвар назорату таъмин мешавад. Владимир Путин дар сафарҳои хориҷ аз Русия дар мавриди ғизо ва дигар шароити буду бош тавсияҳои муҳимми тими муҳофизатиашро риоят мекунад. Бар асоси гузориши бархе расонаҳо Владимир Путин дар сафарҳои хориҷӣ ба амнияти ғизо ва маҳалли буду бошаш аҳамияти хос медиҳад. Тимҳои васеи муҳофизатӣ ҷои нишаст ва ҷойи мулоқоту музокироташро бо васоили амниятии хос бозррасӣ мекунанд.
Владимир Путин бо ҳаракати намодини гирифтани лумӯ ва бӯ кашидани он ба ҷомеаи Тоҷикистон паём фиристод, ки Федератсияи Русия ба ин кишвар бо диди дӯсти стратегӣ менигарад ва шарҳу тафсирҳои русбадбинона наметавонад бар рӯи равобити стратегии ин ду кишвар соя афканад.
Дар 20 соли охир расонаҳое, ки умдатар аз ҷониби грантҳои ғарбиҳо сармоягузорӣ мешуданд, бо матраҳ кардани мавзуоти зиддирусӣ фазои носолимеро дар муҳити фарҳангиву сиёсӣ ва расонаии ду кишвар ба вуҷуд овардаанд. Изи бархе чеҳраҳоро, ки бо ҳадафи тира намудани робитаҳои Русия ва Тоҷикистон бо таблиғоти зиддирусӣ машғул буданд, дар матбуоти Тоҷикистон метавон мушоҳида намуд. Созандагони ибораҳои “Равшану Ҷамшед”-ро низ метавон пайдо намуд ва онҳо ҳам резаҳои дастархони ниҳодҳои таҷассусии кишварҳо арабӣ мебошанд.
Ин ҳаракати намодини роҳбари як кишвари қудратманди ҷаҳон ба мо метавонад паёмҳои муҳимми миллӣ дошта бошад. Дар давроне, ки ҷаҳони турк дар паҳлуи кишвари турк бо роҳбараш Эрдуғон дар пайи бунёди иттиҳоди туркҳову муқобила бо нуфузи Русия дар Тоҷикистон аст, ин ҳаракат метавонад як паёми намодин дошта бошад ва он ин аст, ки Русия аз нигоҳи стратегӣ ба Тоҷикистон ниёз дорад. Чунин ниёзи страгеии Русияро, мо дар Фаластин, Эрон ва ҳатто Яману Ал-Ҷазоир ва бархе кишварҳои африқоӣ низ дида метавонем.
Дар стратегияи сиёсати хориҷии баъд аз ҷанги Украинаи Федератсияи Русия хеле чизҳо иваз шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли кишвари Озарбойҷон ба робитаҳои танготанги сиёсӣ бо Русия ниёз дорад.
Дар тайи чанд ҳафтаи охир баҳси ҳиҷобу риш дар сиёсати дохилии Озарбойҷон танишҳои мухталиферо дар пай дошт. Илҳом Алиев, ки поягузори тафаккури дунявият дар ин кишвар аст, оҳиста - оҳиста аз сиёсати идеологии Анқара фосила мегирад. Барои нахустин бор дар чанд соли ахир Илҳом Алиев ва мақомоти Туркия дар мавриди ҳиҷоб бо ҳам танишҳои лафзӣ доштанд. Ин танишҳо дар рӯйкарди сиёсати хориҷии Озарбойҷон албатта таъсир хоҳад дошт. Аз ин ҷост, ки Русия ва Озарбойҷон пас аз як даъвои сиёсӣ баъд аз суқути ҳавопаймои озарӣ дар хоки Русия равобити худро бо ин қудрати сиёсӣ тармим мекунанд. Баъди он танишҳои сиёсӣ Владимир Путин ва Илҳом Алиев дар мулоқотҳои дипломатӣ дар бораи густариши равобити сиёсӣ ва дипломатӣ ҳарф заданд. Бо вуҷуди он ҳанӯз миёни Русия ва Озарбойҷон нофаҳмиҳои зиёд вуҷуд дорад ва асосан он вобаста ба гароишҳои ғарбгароёнаи Озарбойҷон вобаста мебошад.
Дар гузашта Тоҷикистон чунин равобитаи пуртаниш бо Русияро таҷриба карда буд. Махсусан, ҳодисаҳои марбут ба депорти муҳоҷирони тоҷикон ва нотаҳои эътирозии дипломатҳои тоҷику рус аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон низ ба мисли Озарбойҷон равобити пуртаниш бо Русияро таҷриба кардааст.
Дар давоми ду ҳафтаи ахир, дар як фосилаи кӯтоҳ ин мулоқоти дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия мебошад. Ҳафтае қабл пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Русия сафар намуда, ҳарду дар мулоқоти алоҳида робитаҳои иқтисодиву амниятӣ ва дастаҷамъии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда буданд.
Дар мулоқоти дуҷонибаи президентҳо дар Русия масоили таъмини амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон матраҳ гардид ва Тоҷикистон аз кишварҳои аъзои СААД кумакҳои низомӣ дархост кард. Ин дархостҳо ва матраҳ шудани масъалаи таҳдидҳои амниятӣ аз сӯи Афғонистон аз ҷониби мақомоти тоҷик нишон медиҳад, ки Русия дубора сиёсати наверо дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ мехоҳад аз сар гирад.
Бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи ҷанги Русия бо Украина робитаҳои сиёсати хориҷии худро бознигарӣ кардаанд. Омадани Толибон ба сари қудрат ва ба расмият шинохта шудани ин гурӯҳ аз сӯи Русия ҳаракатҳои дипломатии бархе кишварҳои Осиёи Марказиро ба самту суи дигар тағйир дод.
Махсусан, робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо Амрико ба шакли дигар дар ҳоли шакл гирифтан мебошад. Сарозер шудани сармоягузорони амрикоӣ ба ин минтақа, дар давроне, ки Русия дар зери таҳримҳои ғарбӣ қарор дорад, аз диди стратегҳои Русия пинҳон нахоҳад монд.
Мулқоти вазирони хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио дар моҳи гузашта баёнгари он аст, ки Амрико дар канори ҷанги Русия бо Украина мехоҳад дар кишварҳои зери нуфзи он ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодияшро густариш диҳад. Дар канори Амрико, Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд ва Покистон бо ташкили мулоқоти панҷ ба иловаи як дар пайи густариши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии худ дар Осиёи Марказӣ аст. Ин рӯйкарди кишварҳои иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ то чӣ қадр ба мазони Чину Русия хӯш меояд, вақт нишон хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Лаълии лимони дастархони оростаи Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Путинро ҷалб кард
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард