26 Октябр 2026,
душанбе, 23:41, Душанбе
26.10.2026 10:07

Эрдуғон мушовири худро барканор кард: талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо Озарбойҷон

Раиси ҷумҳури Туркия дар пайи танишҳо бо Озарбойҷон бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар, мушовири аршади худ Оқтой Саралро барканор кард. Ба гузориши расонаҳо, ин тасмим метавонад ба иштироки Илҳом Алиев дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Туркия мусоидат кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, рӯзи якшанбе мушовири аршади раёсати ҷумҳурӣ Оқтой Саралро барканор кард. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки ихтилофҳои Анқара ва Боку бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои Озарбойҷон шиддат гирифтаанд.

Ба гузориши расонаи “Мидл ист ай” (Middle East Eye), Туркия талош дорад равобити худро бо Озарбойҷон беҳбуд бахшад ва барои иштироки Илҳом Алиев, раисҷумҳури ин кишвар, дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Туркия замина фароҳам кунад.

Сарал барканории худро тасдиқ карда, гуфтааст: “Барои тасмими раисҷумҳур эҳтироми комил қоилам”.

Ба иддаои “Мидл Ист Ай”, барканории ин мушовир дар посух ба дархостҳои Боку сурат гирифтааст. Як манбаъ дар Озарбойҷон ба ин расона гуфтааст, ки ин тасмим метавонад Алиевро ба ширкат дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ ташвиқ кунад. Пеш аз ин тасмим, эҳтимоли иштироки ӯ дар нишаст камтар аз 50 дарсад арзёбӣ мешуд.

Манъи ҳиҷоб чӣ гуна ба ихтилофи Анқара ва Боку табдил ёфт?

Ихтилофҳои ду кишвар аз моҳи гузашта оғоз шуданд. Он замон Озарбойҷон пӯшидани рӯсариро дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна манъ кард ва хонандагонро аз ҳузур дар мактабҳо боздошт.

Ин тасмим дар Туркия эътирозҳо ва интиқодҳо аз ҳукумати Бокуро ба бор овард. Оқтой Сарал низ дар вокуниш ба ин манъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме нашр карда, аз қарори Озарбойҷон интиқод намуд ва аз ҳукумати ин кишвар хост, ки онро бекор кунад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Ҳизби Озарбойҷони нав, ҳизби ҳокими ин кишвар, дар вокуниш ба изҳороти Сарал мавқеи тунде гирифт ва аз Анқара хост, ки аз “гароишҳои тасаллутҷӯёна дар ҷаҳони Ислом” худдорӣ кунад.

Бар асоси гузориши “Мидл Ист Ай”, Боку дар баробари барканории Сарал, пайгарди шарҳнависони шабакаҳои иҷтимоиро низ талаб карда буд. Ин афрод ба тавҳин ба Алиев муттаҳам шудаанд.

Нигаронии Туркия аз эҳтимоли бойкоти нишаст аз сӯи Алиев

Мақомоти Туркия нигарон буданд, ки Алиев дар вокуниш ба эътирозҳо дар Туркия аз ширкат дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ худдорӣ кунад.

Ин созмон Туркия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои туркзабонро гирди ҳам меорад ва яке аз ниҳодҳои муҳимми дипломатӣ барои ҳамкории Анқара ва Боку ба шумор меравад.

Эрдуғон рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Алиев ӯро барои иштирок дар ин нишаст даъват кард. Аммо дар баёнияҳои нашршудаи ду давлат мушаххас нашудааст, ки раисҷумҳури Озарбойҷон ин даъватро пазируфтааст ё на.

Туркия ва Озарбойҷон равобити худро маъмулан бо ибораи “як миллат, ду давлат” тавсиф мекунанд. Ин робита бар пайвандҳои қавмӣ ва фарҳангии ду кишвар асос ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, ихтилофи ахир бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои Озарбойҷон ба як чолиши дипломатӣ барои равобити наздики ду кишвар табдил шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.10.2026 16:44

Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:58

Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд

Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
26.10.2026 10:07

Эрдуғон мушовири худро барканор кард: талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо Озарбойҷон

Раиси ҷумҳури Туркия дар пайи танишҳо бо Озарбойҷон бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар, мушовири аршади худ Оқтой Саралро барканор кард. Ба гузориши расонаҳо, ин тасмим метавонад ба иштироки Илҳом Алиев дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Туркия мусоидат кунад.
26.10.2026 07:50

Лула да Силва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия шуд

Луиз Инасиу Лула да Силва, раиси ҷумҳури чапгарои Бразилия, бо пирӯзӣ дар интихобот бар Флавиу Болсонару, сенатори ростгаро, бозгашти чашмгиреро рақам зада, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст.
26.10.2026 06:42

Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
24.10.2026 13:50

Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.