Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
“Политико”: Дар Аврупо дар мавриди Русия ихтилофоти амиқ вуҷуд дорад
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Мақомоти Амрикову Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳушдорҳои оташин ҳамдигарро бо ҳамлаҳои нав таҳдид мекунанд.
Президент Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 8-уми ноябр аз омодагии низомии Вашингтон дар бораи ҳамлаи дубора ба Эрон сухан гуфт. Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ ҳушдор дод, ки дар сурати оғози дубораи ҷанг неруҳои эронӣ ҷаҳаннамро бар сари душман фуруд хоҳанд овард.
Сайид Аббос Ироқчӣ рӯзи 8-уми ноябр дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки пешниҳоди Эрон барои ҳалли буҳрон ҳанӯз эътибор дорад. Тибқи гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд шартҳои Теҳрон, аз ҷумла қатъи ҷанг ва барчидани ҷабҳаҳои ҷанг бар зидди Эронро қабул кунад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз Вашингтон хост, ки музокирот ё идомаи муқовимати низомиро интихоб кунад. Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки дар сурати оғози дубораи ҷанг неруҳои эронӣ ба ҳамлаҳо бо иқдомҳои шадид посух хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар мусоҳиба бо “CNN” изҳор дошт, ки имкони ҳамлаи нави ИМА ба Эрон дар сурати расидан ба созиш хеле кам хоҳад шуд. Ин шарт, ба гуфтаи ӯ, ба даст овардани тавофуқи боэътимод дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ва боз шудани тангаи Ҳурмузро дар бар мегирад.
Бо вуҷуди ин, президенти ИМА аз имкони идомаи амалиёти низомӣ низ сухан гуфт. Трамп иддао кардааст, ки 38 пули воқеъ дар қаламрави Эрон дар доираи ҳадафҳои эҳтимолии неруҳои амрикоӣ қарор доранд.
Ҳамин тавр, изҳороти ду ҷониб ҳамзамон ду паёмро дар бар мегиранд: омодагӣ ба музокирот ва таҳдиди истифодаи неруи низомӣ. Аммо то ҳол маълум нест, ки пешниҳоди Теҳрон барои ҳалли бӯҳрон чӣ гуна посухи Вашингтонро дар пай хоҳад дошт.
Таҳаввулоти атрофи Эрон барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа низ муҳим аст. Ҳар гуна шиддат гирифтани даргирӣ метавонад ба интиқоли нафт тавассути тангаи Ҳурмуз, нархи сӯзишворӣ ва бозорҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа таъсир расонад. Тоҷикистон низ метавонад аз тағйирёбии нархи маҳсулоти нафтӣ ва хароҷоти ҳамлу нақли байналмилалӣ таъсир бинад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия