Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”
Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” (The Guardian) менависад, ки шикасти сангини ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии ИМА нишонаи заиф шудани нуфузи Доналд Трамп ва поёни давраи ҳукмронии сиёсии ӯст. Ба навиштаи ин рӯзнома, интихобкунандагони амрикоӣ бо раъйи худ норозигии ошкорашонро аз давраи дуюми раёсати ҷумҳурии Трамп баён карда, барои маҳдуд кардани қудрати ӯ замина фароҳам оварданд.
Мойра Донеган (Moira Donegan), таҳлилгари рӯзномаи “Гардиан”, дар мақолае навиштааст, ки пеш аз баргузории интихоботи миёндавраии рӯзи сешанбе пешгӯиҳо дар бораи вазъи ҷумҳурихоҳон он қадар ноумедкунанда буданд, ки нозирони интихобот бо лаҳни тамасхур мегуфтанд: натиҷаҳо ё ба маънои поёни давраи Трамп хоҳанд буд ё поёни эътибори касбии марказҳои назарсанҷӣ.
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, интизор мерафт демократҳо пирӯзии бузург ба даст оранд. Дар ҳамин ҳол, ҷумҳурихоҳон умедвор буданд, ки натиҷаи ниҳоӣ ба ҳадде мутавозин хоҳад буд, ки онҳо тавонанд онро беҳтар аз пешгӯиҳо арзёбӣ кунанд. Аммо натиҷаҳои интихобот ва ба даст гирифтани назорати Сенату Маҷлиси намояндагон аз ҷониби демократҳо чунин иддаоҳоро душвор кардааст.
Донеган менависад, интихобкунандагон норозигии худро аз давраи дуюми раёсати ҷумҳурии Трамп ба таври равшан баён карданд ва бо раъйи қотеъ барои маҳдуд кардани қудрати ӯ иқдом намуданд.
Акнун демократҳо бо дар ихтиёр гирифтани аксарияти курсиҳои Сенат имкони бештаре барои оғози таҳқиқот дар бораи фаъолияти раисҷумҳур ва аъзои кобинаи ӯ пайдо мекунанд. Онҳо ҳамчунин, метавонанд барномаи сиёсии худро бештар дар маркази таваҷҷуҳи афкори умум қарор диҳанд, аз салоҳиятҳои конститутсионии Конгресс ҳимоят кунанд ва ба таъйини додрасҳои пешниҳодкардаи ҷумҳурихоҳон монеъ шаванд.
Давраи Трамп амалан ба поён расид
Ба пешбинии Донеган, Трамп дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда борҳо иддао хоҳад кард, ки шикасти ҷумҳурихоҳон сохта ва натиҷаи тақаллуби эътилофи номаълуме аз демократҳо ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ будааст. Эҳтимоли дигар ин аст, ки ӯ воқеӣ будани шикастро бипазирад, аммо масъулияти онро ба гардани дигарон гузорад.
Ба навиштаи “Гардиан”, ҳукумати Трамп дар ҳафтаҳои гузашта нишонаҳое аз эҳтимоли талош барои зери суол бурдани тасдиқи натиҷаҳои баъзе рақобатҳои наздики интихоботии Сенат, бахусус дар иёлати Аляска, нишон дода буд. Бо ин вуҷуд, ба назар мерасад, ки ҳоло қудрат ва суръати чунин иқдомҳо коҳиш ёфтааст.
Трамп шоми сешанбе эълом кард, ки натиҷаҳои интихоботи миёндавраиро мепазирад. Бо вуҷуди ин, интизор меравад, ки ӯ дар суханрониҳои оммавӣ ва паёмҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно ба шикояту эътироз идома диҳад.
Ин таҳлилгари “Гардиан” таъкид кардааст, ки шоми сешанбе, дақиқан 10 сол пас аз пирӯзии ғайричашмдошти Трамп дар интихоботи президентии соли 2016 бар Ҳилларӣ Клинтон, давраи сиёсии ӯ амалан ба поён расид.
Ду соли душвор дар пешорӯи Трамп
Ба навиштаи Донеган, ду соли оянда аз нигоҳи сиёсӣ ба ду соли гузашта шабоҳати зиёд нахоҳад дошт.
Трамп дар моҳҳои аввали бозгашт ба қудрат, замоне ки ҳукуматро бо дастгирии аксарияти оро дар Конгресс дар ихтиёр дошт, чунин тасаввуреро ба вуҷуд оварда буд, ки шояд муваффақ шавад дар Амрико низоми худкомаро таҳким бахшад. Пирӯзии ӯ дар интихоботи соли 2024 низ натиҷаи норозигии густурдаи фарҳангӣ ва эҳсосоти зидди ҷараёни “воук” (бедории иҷтимоӣ) арзёбӣ мешуд.
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, Трамп сохтори идории ҳукумати федералиро поксозӣ карда, садҳо ҷойи кориро аз байн бурд ва ҳазорон вазифаи дигарро ба шахсони вафодор ва наздикони худ, ки салоҳияти кофӣ надоштанд, супурд.
Ӯ ҳамчунин, хостаҳо ва барномаи иҷтимоии худро бар ниҳодҳои ғайридавлатӣ, аз ширкатҳои бузурги фанноварӣ то донишгоҳҳои муҳим, таҳмил кард. Бархе аз ин ниҳодҳо низ аз тарси иқдомҳои интиқомҷӯёнаи ҳукумати Трамп маҷбур ба ҳамкорӣ шуданд.
Илова бар ин, Трамп амалан салоҳияти молиявии Конгрессро аз он гирифт ва маблағҳои андозсупорандагонро мувофиқи хости худ аз нав тақсим кард, бидуни он ки ба хоста ва тасмими намояндагони интихобкардаи мардум таваҷҷуҳ кунад.
Муаллиф таъкид мекунад, ки чунин иқдомҳо ба ин далел имконпазир шуданд, ки Трамп қудратманд ба назар мерасид ва мухолифонаш заиф буданд. Ӯ дар соли аввали давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш бар ин гумон буд, ки метавонад бо таҳдид ба мухолифон ва огоҳ кардани онҳо аз паёмадҳои сарпечӣ, онҳоро ба итоат водор созад. Дар ҳамин ҳол, демократҳо имкони ҷиддие барои таҳдиди ӯ бо паёмадҳои сиёсии амалҳояш надоштанд.
Аммо акнун ин муодила тағйир ёфтааст.
Трамп ба нигарониҳои мардум бетаваҷҷуҳ аст
Ба эътиқоди муаллифи мақола, пирӯзии Трамп дар интихоботи соли 2024 акнун бештар аз он ки нишонаи тағйироти густурдаи фарҳангӣ дар Амрико бошад, натиҷаи омилҳои иқтисодӣ ва моддӣ, бахусус таваррум, ба назар мерасад.
Ҳамон омилҳои иқтисодӣ акнун ба нуқтаи заъфи ҷумҳурихоҳон табдил ёфтаанд. Афзоиши бесобиқаи нархи бензин, коҳиши қобилияти харидории мардум, идомаи бекорӣ ва нобаробарии ошкору густурда боиси хашми интихобкунандагон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Донеган, Трамп нисбат ба ин нигарониҳо бетафовут ё бехабар ба назар мерасад ва дар баъзе мавридҳо худ ба шиддат гирифтани онҳо мусоидат кардааст.
Ин таҳлилгари “Гардиан” “ҷанги беандеша ва нодаркори” Трамп алайҳи Эронро яке аз омилҳои асосии болоравии нархи бензин медонад. Ба эътиқоди ӯ, масъулияти ин афзоиши нархҳо то андозаи зиёд ба дӯши худи Трамп аст.
Донеган ҳамчунин, аз рафторҳои намоишкоронаи раисҷумҳури Амрико интиқод карда, менависад, ки ӯ ба ҷойи расидагӣ ба мушкилоти мардум, ба насби баннерҳои бузурги дорои акси худ дар биноҳои федералӣ, бозсозии Кохи Сафед бо ороишоти тиллоӣ ва суханрониҳои ғайриоддӣ дар гирдиҳамоиҳои интихоботӣ машғул будааст.
Муаллиф менависад: “Трамп ба назар мерасад, ки нисбат ба воқеиятҳои ҷомеа бетаваҷҷуҳ ва аз нигарониҳои мардум дур аст”.
Ҷанг бо Эрон дар миёни ҷумҳурихоҳон ихтилоф эҷод кард
Ба бовари таҳлилгари “The Guardian”, Трамп дар соли 2027 бо Конгресси мухолиф, коҳиши қобили таваҷҷуҳи тавонмандиҳои зеҳнӣ ва неруи ҷисмонӣ, суқути шадиди сатҳи маҳбубият ва маҳдудиятҳои марбут ба анҷоми муҳлати иҷозатдодашудаи раёсати ҷумҳурӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Илова бар ин, тасмими ӯ барои оғози ҷанг алайҳи Эрон дар эътилофи сиёсии атрофаш низ шикоф эҷод карда, эътибори ӯро дар миёни пойгоҳи ҷумҳурихоҳон аз байн бурдааст.
Ба навиштаи муаллиф, бахше аз ҷумҳурихоҳон ва ҷонибдорони Трамп дар соли 2016 ваъдаи ӯро дар бораи он ки “ҷанги наве дар кор нахоҳад буд”, нишонаи дур шудани ӯ аз ҷараёни муҳофизакорони нав (неоконсерваторҳо) медонистанд. Аммо оғози ҷанг бо Эрон ин эътимодро заиф кардааст.
Донеган менависад, ки акнун ҷумҳурихоҳони орзуманди қудрат, бахусус насли ҷавонтари ин ҳизб, фурсатро барои дур шудан аз Трамп муносиб хоҳанд донист, то ояндаи сиёсии худро таъмин кунанд.
Ба пешбинии ӯ, ин афрод тадриҷан мавқеи мухолифона нисбат ба Трамп хоҳанд гирифт. Трамп низ дар посух ба он чӣ хиёнати ҳампаймононаш медонад, хашмгин шуда, талош хоҳад кард пойгоҳи иҷтимоии худро бар зидди онҳо сафарбар кунад. Муаллиф ин рафторро ба вокунишҳои шоҳ Лир, қаҳрамони намоишномаи машҳури Вилям Шекспир, ташбеҳ додааст.
Бо вуҷуди ин, пас аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи сешанбе, имкони Трамп барои ба қудрат расонидани ҳампаймононаш ва интиқом гирифтан аз мухолифонаш ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
Донеган дар ҷамъбасти мақолаи худ менависад: “Қудрати Трамп ҳамеша аз нуфузи зоҳирии ӯ бар пойгоҳи раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ ва тавоноии ҷозибаи шахсиаш барои ҳамроҳ кардани онҳо дар ҳар масире сарчашма мегирифт. Аммо агар ҳошияи пирӯзиҳои демократҳо дар интихоботи шоми сешанбе нишонаи воқеият бошад, дигар раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ мисли гузашта аз ӯ пайравӣ намекунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард