71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд
Натиҷаҳои як назарсанҷии нави “Ройтерз-Ипсос” (Reuters/Ipsos) нишон медиҳанд, ки аксарияти шаҳрвандони ИМА аз Конгресси ин кишвар талаб доранд барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон чора андешад.
Тибқи иттилои расонаҳо, бар асоси натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, аксарияти амрикоиҳо ҳамчунин, аз Конгресс мехоҳанд барои бекор кардани боҷҳои гумрукие, ки Доналд Трамп ҷорӣ кардааст, иқдом кунад.
Ин талабот дар ҳоле садо медиҳад, ки масъалаи гаронии зиндагӣ ва афзоиши хароҷоти рӯзмарра ба яке аз нигарониҳои асосии ҷомеаи Амрико табдил ёфтааст.
Назарсанҷӣ дар тӯли чор рӯз гузаронида шуда, рӯзи душанбе ба анҷом расидааст. Тибқи натиҷаҳои он, 93 дарсади ҷонибдорони Ҳизби демократ ва 51 дарсади ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз иқдоми Конгресс барои қатъи даргирӣ бо Эрон пуштибонӣ мекунанд.
Ҷанги Амрико бар зидди Эрон моҳи феврал бо ширкати Исроилу Амрико оғоз шуда буд.
Натиҷаҳои назарсанҷӣ ҳамчунин, аз афзоиши талаботи ҷомеаи Амрико ба иқдомоти Конгресс барои коҳиш додани фишорҳои иқтисодӣ ва ҳалли мушкили гаронии зиндагӣ дар ин кишвар дарак медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт