“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Султони қочоқи маводи мухаддири Мексика даргузашт
Мигел Анхел Феликс Гаярдо, султони маъруфи маводи мухаддири Мексика, дар синни 80-солагӣ бар асари норасоии фаъолияти чанд узви бадан дар бемористон даргузашт.
Би-би-сӣ субҳи рӯзи душанбе, 16-уми ноябр, гузориш додааст, ки Феликс Гаярдо ба таври густурда ҳамчун яке аз бузургтарин қочоқчиёни маводи мухаддир дар таърих шинохта мешуд ва бо таъсиси иттиҳод байни гурӯҳҳои ҷинояткор дар Колумбия ва картели мексикоии худ шуҳрат дошт.
Бар асоси гузориш, Феликс Гаярдо, ки бо лақабҳои “Падархонда” ё “Раиси раисон” маъруф буд, раҳбари картели пурқудрати “Гвадалахара” ба шумор мерафт. Ин картел дар авҷи ривоҷи қочоқи кокаин дар даҳаи 1980 бар қочоқи маводи мухаддир дар Мексика ҳукмронӣ мекард.
Дар авҷи қудрати худ, картели Гвадалахара таҳти раҳбарии Феликс Гаярдо ба сиёсат ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Мексика таъсир мерасонд ва тамоми шабакаҳои полис ва ҳукуматҳои иёлатиро таҳти назорат дошт.
Бо ин ҳол, дар соли 1985, пас аз шиканҷа ва кушта шудани як корманди мубориза бо маводи мухаддири Амрико бо номи Энрике Кики Камарена, ҳалқаи муҳосира дар атрофи раҳбарони картел тангтар шуд.
Қобили зикр аст, ки ӯ аз соли 1989 дар боздошт қарор дошт. Пас аз бад шудани вазъи саломатиаш ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо даргузашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Вазорати мудофиа: “Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро шуд”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”