71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт
Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймс” дар ин бора хабар дода, навишт, ки Скотт Бессант ба далели нигарониҳои амниятӣ аз манзили худ хориҷ шуда, дар як пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки гӯё Эрон ӯро таҳдид кардааст.
Сухангӯи Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вокуниш ба ин хабар гуфт, ки чунин таҳдидҳои Эрон ба мавқеи Вашингтон дар муқобили Теҳрон таъсир нахоҳанд гузошт.
“Таҳдидҳо ҳеч гоҳ ӯро аз идомаи фишор ба Эрон боз намедоранд”- таъкид кард сухангӯи Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳҳои ахир сахттарин таҳримҳоро бар зидди Эрон ҷорӣ кард. Ӯ борҳо бархе кишварҳоеро, ки бо Эрон равобити иқтисодӣ доранд, ба таҳримҳои сахт таҳдид карда, гуфт, ки бояд равобити иқтисодӣ бо Эронро қатъ кунанд.
Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз ниҳодҳоест, ки таҳримҳои амрикоӣ бар зидди кишварҳои Эрон, Русия, Кореяи Шимолӣ, Яман ва ғайраро на фақат назорат мекунад, балки афзоиш медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем
Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт