03.11.2026 13:12
Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
03.11.2026 11:05
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар кишвар зарфи як моҳ беш аз 97 фоиз иҷро гардид.
03.11.2026 11:03
2-юми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати “Silicon Waha” ва “Smart Villages” Одил Дониш вохӯрӣ намуд.
02.11.2026 16:57
Имрӯз, 2-юми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.
02.11.2026 16:56
Конор Макгрегор, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн хабар дод, ки бори охир бо қоидаҳои муҳорибаҳои омехта рақобат карда, сипас, корномаашро ҷамъбаст мекунад.
02.11.2026 15:32
Александр Огородников, сафири ғайримуқими Беларусия дар умури Афғонистон рӯзи яшанбе эътимодномаи худро ба Мулло Ҳасан Охунд, раиси ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон супурд.
02.11.2026 14:52
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои солҳои 2026-2030 нақшаи сармоягузорӣ ба маблағи 900 миллион долларро таҳия мекунанд.
02.11.2026 14:36
Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.