Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
Дар ин бора сомонаи “Ворд Нюз Ам” (World News AM (WNAM) хабар дода, аз қавли сафир навишт, ҳадафи Тоҷикистон афзоиш додани ҳаҷми тиҷорат аз 43 миллион доллар ба 200 миллион доллар дар давоми се соли оянда мебошад.
Ба навиштаи ин расона, сафири Тоҷикистон дар ин хусус рӯзи душанбе дар ҷараёни суханронӣ дар Ассотсиатсияи содиркунандагони нассоҷии Покистон (PTEA) дар шаҳри Файсалобод изҳори назар кардааст.
Шарифзода Юсуф Тоир таъкид намудааст, ки ду кишвар барои тақвияти ҷанбаи иқтисодии муносибатҳои дуҷониба ва табдил додани робитаҳои деринаи дӯстона ба манфиатҳои воқеӣ барои соҳибкорон омода мебошанд.
“Мо метавонем бо муайян кардани самтҳи нави ҳамкорӣ, васеъ кардани номгӯи молҳои тиҷоратшаванда ва таҳкими робитаҳои бахшҳои хусусии ду кишвар муносибатҳои мавҷудро рушд диҳем” – зикр кардааст Сафири Тоҷикистон.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин афзудааст, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 тақрибан 43 миллион долларро ташкил медиҳад ва ҳукуматҳои ду кишвар дар нақша доранд, ки ин нишондиҳанда дар се соли оянда ба 200 миллион доллар афзоиш ёбад.
Сафири Тоҷикистон мегӯяд, барои расидан ба ин ҳадаф робитаҳои устувори тиҷоратӣ, ҳамкории наздиктари соҳибкорон ва ҳамоҳангии бештари ниҳодҳои дахлдори ду кишвар зарур мебошад.
Реҳон Насим Бҳарара, раиси Ассотсиатсияи содиркунандагони нассоҷии Покистон таъкид намудааст, бо вуҷуди зарфияти назарраси тиҷоратӣ, мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Покистон ҳанӯз маҳдуд боқӣ мондааст.
Ӯ ҳаҷми кунунии тиҷорати дуҷонибаро дар муқоиса бо имкониятҳои мавҷуда нокифоя дониста ва пешниҳод намуд, ки барои густариши ҳамкорӣ ҳайатҳои тиҷоратии содиротгар мубодила шаванд ва намоишгоҳҳои молии як кишвар дар кишвари дигар баргузор гарданд ва робитаҳои созмонҳои тиҷорати ду ҷониб тақвият дода шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд