Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Масъуд Пизишкиён қонуни қатъи ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро имзо кард
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён қонуни қатъи муваққатии ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) –ро имзо намуд. Ин қонун баъди имзои президент ҳукми қонунӣ мегирад ва иҷрои он барои ҳукумати Эрон ҳатмӣ мешавад.
Қонуни мазкур дар маҷлиси Шурои машваратии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо аксарияти овоз, бо 221 раъй дар баробари як раъйи мухолиф ва як раъйи бетараф қабул шуд ва аз ҷониби ниҳоди Шурои нигаҳбони ин кишвар тасдиқ гардид.
Аъзои Шурои нигаҳбони Эрон гуфтаанд, ки ин қонун бо меъёрҳои шариат ва конститутсияи Эрон мувофиқат дорад. Ин қонун ҳукумати Эронро водор мекунад, ки барои ҳифзи манфиатҳои кишвар ҳар гуна ҳамкорӣ бо МАГАТЭ –ро то кафолати пурраи ҳифзи ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти марказҳои илмии атомӣ муваққатан боз дорад.
Сухангӯи Шурои нигаҳбон илова кард, ки назорат ва тасдиқи иҷрои ин қарор бар уҳдаи Шурои Олии амнияти миллии Эрон гузошта шудааст.
Эрон баъд аз гузоришҳои нодуруст ва ғаразноки МАГАТЭ, ки боиси ҳамлаи Исроил ва Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон шуд, ин ниҳодро ба ҷонибдорӣ аз Исроил муттаҳам карда, ҳама навъ ҳамкорӣ бо ин созмонро қатъ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд