3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
08.07.2025 10:58

Чеҳраҳои саршиноси эронӣ мегӯянд “Ирон интернешнл” ба минбари террористон ва Исроил табдил шудааст

Як гурӯҳ нухбаҳои расонаӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон, иборат аз 450 нафар бо нашри як изҳорот аз фаъолияти шабакаи телевизионии “Ирон интернешнл” шадидан интиқод намуда, гуфтаанд, ки ин расона дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон ба минбари Исроил табдил шуда буд.

Дар баёния таъкид шудааст, ки “Ирон интернешнл” дар ҷараёни ҳамлаҳои низомӣ аз 13 то 24-уми июни соли ҷорӣ “барқасдона ва бо забони таҳриккунанда” фаъолияти расонаиро ба манфиати Исроил ва Амрико анҷом дода, ба пахши маълумоти нодуруст ва дурӯғ барои коҳиши руҳияи миллӣ дар ҷомеаи Эрон талош кардааст.

“Ҳар бор, ки Исроил ба Эрон ҳамла мекард, ин шабака онро фақат ҳамчун “ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон” нишон медод, то фазои тарсу ноумедиро дар миёни мардуми Эрон тақвият диҳад”- зикр шудааст дар изҳорот.

Муаллифони изҳорот ба собиқаи фаъолияти “Ирон интернешнл” ишора карда, гуфтаанд, ки ин расона бо гурӯҳҳои террористӣ низ мусоҳиба мекард. Тибқи гуфтаи муаллифони изҳорот ин шабака пас аз ҳамлаи террористии соли 2018 дар Аҳвол ба яке аз  аъзои гурӯҳи “Ал-Авозия” минбари мустақим дод. Ин амал вокуниши манфии ҷомеаи Эрон ва ҳам тафтиши расмии ниҳоди назоратии расонаҳои Британия “Ofcom” –ро ба бор оварда буд.

Муаллифони изҳорот аз рӯзноманигорон ва таҳлилгарони мустақил даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна ҳамкорӣ бо “Ирон интернешнл” худдорӣ кунанд: “Агар расонае бо номи Эрон амалан ба таблиғи нафрат, тафриқаандозӣ ва ташвиқи ҳамла ба ватан пардозад, ҳамкорӣ бо он баробари гузаштан аз баҳри Эрон ва хиёнат ба мардум аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.