3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:00, Душанбе
03.11.2026 14:00

Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт

Имрӯз, 3-юми ноябр Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи тағйир додани муҳлати баргузории Ҷоми Осиё-2027 қарор қабул кард.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи тақвими нави тасдиқшуда, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 23-юми декабри соли 2027 то 21-уми январи соли 2028 баргузор мегардад.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар назар буд, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 доир гардад. Аммо КФО тасмим гирифт, ки муҳлати баргузории мусобиқаро тағйир диҳад.

Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур нерӯ месанҷад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.