Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Дар 12 рӯз Эрон 700 ҷосуси Исроилро боздошт кард. Ҷосусони боздоштшуда шаҳрвандони эронӣ ва хориҷӣ мебошанд
Неруҳои амниятии Эрон тавонистанд дар давоми 12 рӯз шабакаи васеи ҷосусии Мосади Исроилро нобуд созанд ва 700 нафар аъзои фаъоли ин шабакаро боздошт кунанд.
Тибқи иттилоирасонаҳо боздошти ҷосусони Исроил асосан дар вилоятҳои Кирмоншоҳ, Исфаҳон, Хузистон, Форс ва Луристон сурат гирифтааст. Дар шаҳри Теҳрон низ мақомот бо кашфи даҳҳо дронҳои кӯчак ҷосусони зиёди Исроилро боздош кардаанд.
Бар асоси навиштаи манбаъ, боздоштшудагон дар фаъолияти харобкорона, аз ҷумла амалиёти дронӣ, сохтан ва истифодаи бомба ва ҷосусӣ аз маконҳои ҳассоси амниятӣ нақш доштаанд. Мақомоти амниятии Эрон ҳамчунин, беш аз 10 ҳазор резпарандаҳоро дар шаҳри Теҳрон кашф ва мусодира кардаанд.
Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки дар миёни ҷосусони боздоштшудаи Исроил шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла афғонистониҳо зиёданд. Қаблан расонаҳои эронӣ аз боздошти шаҳрвандони ҳиндӣ, ғарбӣ ва Украина барои ҷосусӣ ба манфиати Исроил хабар дода буданд.
Дар ҷараёни ҳамлаи режими Исроил ба Эрон фармондеҳони низомӣ, донишмандони атомӣ, аз ҷумла Ҳусайн Саломӣ, Муҳаммад Боқирӣ, Алиакбар Теҳрончӣ, Фариддун Аббосӣ кушта шуданд. Дар ин ҳамлаҳо даҳҳо сокинони ғайрнизомии Эрон низ кушта шуданд.
Додгоҳи Олии Эрон эълон кард, ки дар ду ҳафтаи охир ҳукми қатли се ҷосуси режими Исроил, бо номҳои “Маҷид Мусайибӣ”, “Исмоил Фикрӣ” ва “Муҳаммадамин Маҳдавии Шоиста” иҷро шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд