3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:48, Душанбе
20.06.2025 12:18

Тел-Авив ва Ҳайфо дар оташ месӯзанд. Маҷви 16-уми мушакии Эрон дар рӯзи ҷумъа бар қалби Исроил

Неруҳои мусаллаҳи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Эрон субҳи имрӯз, 20-уми июн мавҷи шонздаҳуми мушакии густурдаеро бар зидди ҳадафҳои низомӣ дар шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо оғоз карданд.

Бар асоси гузориши аввалияи расонаҳо санги хатар дар минтақаи Еақб, воқеъ дар ҷануби Тел-Авив, ки ҳар он пойгоҳи ҳавоӣ ва низомии "Новаatim" мавқият дорад, мавриди ҳамлаи мушакии Эрон қарор гирифт.

Баъзе расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки пас аз партоби мушак аз Эрон ба минтақаи Еақб дар ҷануби Тел-Авив садои таркиш шунида шуд. Аксҳое аз маҳалли ба ҳадаф расидани мушакҳои исроилӣ нашр шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои исроилӣ мушаки эронӣ ба бинои ширкати Майкрософт дар шаҳри Беэр-Шева ба ҳадаф расидааст. Шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба раиси шаҳри Беэр Шева навишт, мушаке, ки аз Эрон партоб шуд, ба таври мустақим ба ҳадаф расид ва ҳеч кӯшише барои хунсо кардани он аз ҷониби системаи зиддиҳавоии Исроил анҷом нашуд.

Бар асари ҳамлаи мушакии Эрон марказҳои технологияҳои пешрафта ва амниятии киберии Исроил дар шаҳри Беэр Шева осеби ҷиддӣ дидааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.