Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Таронаи “Илоҷ”-и Муҳсин Човушӣ ба гимни мубориза бар зидди Исроил ва Амрико табдил ёфт
Муҳсин Човушӣ, сарояндаи машҳури эронӣ дар авҷи ҷанги Исроилу Амрико суруди наверо бо номи “Илоҷ” хонд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба тренди мубориза бар зидди Амрикову Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд. Ин суруд, ки бо қалами Козим Баҳманӣ, шоири эронӣ навишта шудааст, бисёр зуд ба шиносномаи мусиқии муқовимат табдил ёфт ва эҳсосу эҳтиромро дар қалби миллионҳо эронӣ бедор кард.
Ин суруд, ки бо шеъри пурдард ва умедбахш таҳия гардид, дар рӯзҳое нашр шуд, ки мардум ҳанӯз дар ваҳшати ҳамлаи Исроил ва Амрико қарор доштанд. Дар ин суруд Муҳсин Човушӣ бо калимаҳои таъсиргузор аз душманҳо мепурсад: “Бо пораҳои ҷисми мо, бо муи духтарони мо, чӣ мехостед кунед? Ва сипас аз мардум даъват мекунад, ки “Мардум, илоҷ дар Ватан аст”.
Ин тарона баъд аз рӯзҳои ҳамлаи Исроил ба Эрон, ки боиси кушта шудани низомиён, ғайринизомиён, олимон ва шаҳрвандони бегуноҳ гашт, ба рамзи ҳамбастагӣ табдил ёфт. Дар ин рӯзҳои душвор ҳама мардуми Эрон, аз тамоми қишрҳои ҷомеа, вазирону рӯзноманигорон, сарояндаву шоир, нонвойчиву табиб қаҳрмонона ба ҳимояти Эрон омаданд.
Таронаи “Илоҷ” фақат як суруд нест, он даъват ба ваҳдат, умед, ватанпарастӣ ва муборизаи ахлоқӣ бар зидди зулму ситам аст. Дар ин шеър дар бораи мардуми мазлум, хиёнати душманон ва ниёз ба худшиносии миллӣ сухан меравад. Ин шеър мардумро ба сӯйи рӯшноӣ ва истиқлол роҳнамоӣ мекунад.
Сарояндаи машҳури эронӣ, ки бо сурудани ашъори Мавлавӣ дар миёни форсизабонон бисёр маъруф аст, дар нахустин рӯзҳои ҷанг ба ҳамлаи Исроил вокуниш нишон дод. Ӯ акси духтари кушташудаи эрониро дар саҳифаи иҷтимоии Истаграмаш нашр карда ва навишт: “Лагад кардӣ, лагад мешӣ”. Ин ҷумлаи кӯтоҳи ӯ дар муддати кам ба тренди шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт.
Муҳсин Човашӣ қабл аз ин низ сурудҳои шуниданӣ, ба мисли “Писарам” ва “Моми Меҳан” дар бораи ватандӯстӣ суруда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш ба хӯшӣ истиқбол шуд. Сурди “Илоҷ” дар замони ҷанг ба миён омад ва он маҳсули ҳамин рӯзҳо аст, ки дардро бо зебоии ҳунар омехта мекунад ва бо овози сӯзнок мардумро бо худ мебарад.
Мусиқишиносони эронӣ мегӯянд, ки суруди “Илоҷ” ба тренди фарҳангӣ табдил шудааст. Ин суруд ҳам аз сӯйи руҳониён, ҳам маддоҳон ва ҳам корбарони одӣ истиқбол шудааст. Онҳо мегӯянд, ин суруд ҳатто тавонист паёмҳои сиёсиро бе шиор, балки бо шеъру эҳсос ба мардум бирасонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд