Пентагон эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон 43, 6 миллиард доллар хароҷот доштааст
Путин ба шакли онлайнӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ овоз дод
Як низомии пешини афғонистонӣ дар кони ангишти Тоҷикистон ҷон бохтааст
Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод
Масъуд Пизишкиён: “Нетаняҳу кӯдакону занонро мекушад”
Такер Карлсон: - Ба назар мерасад, ки ҳоло танаффусе дар даргирии миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Ба назари Шумо, ин вазъият дар ниҳоят чӣ гуна ба поён хоҳад расид? Ва Шумо мехоҳед, ки ин даргирӣ чӣ гуна хатм шавад?
Масъуд Пизишкиён: - Мо оғозгари ҷанг набудем ва намехоҳем, ки ҷанг идома ёбад. Аз рӯзе, ки масъулиятро бар уҳда гирифтам, шиорам эҷоди ваҳдат дар дохил ва барқарории сулҳу оромӣ бо ҳамсоягон ва ҷаҳон буд.
Такер Карлсон: - Шумо аз сулҳ сухан мегӯед, ҷаноби президент. Аз ҷониби дигар, Доналд Трамп, президенти Амрико низ бар ин ақида аст, ки ҳамлаи ахири давлати Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон аз ин бовар сарчашма гирифтааст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон омода нест, аз Барномаи атомии худ даст кашад. Ба назари ҷаноби Трамп дастёбӣ ба сулҳ импонпазир нахоҳад буд, магар ин ки Эрон аз идомаи ин барнома даст кашад. Оё Шумо омодаед, ки дар роҳи расидан ба сулҳ, аз Барномаи атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон чашмпӯшӣ кунед?
Масъуд Пизишкиён: - Воқеият ин аст, ки Нетаняҳу аз соли 1992 ин зеҳниятро илқо кардааст, ки Эрон дар пайи силоҳи атомӣ аст ва ҳар президенте, ки дар Амрико ба сари қудрат омадааст, ин тасаввурро дар зеҳни ӯ тақвият кардаанд. Ӯ талош кардааст, ки ин дурӯғро ба президентҳои Амрико илқо кунад, ки Эрон дар пайи силоҳи атомӣ аст. Мо ба ҳич ваҷҳ дар пайи силоҳи атомӣ набудем, нестем ва нахоҳем буд. Ин дастур ва фатвоест, ки аз сӯи Мақоми муаззами раҳбарӣ содир шуда ва дар ҳамкории комили мо бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ санҷида шудааст, аммо мутаассифона бо рафтори онҳо, ин раванд халалдор шуд.
Такер Карлсон: - Оё ин ба он маъност, Шумо тасдиқ мекунед, гузоришҳое, ки аз қатъи ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ҳикоят доранд, дурустанд? Дар чунин шароит дигар роҳе барои огоҳӣ ва миқдори урани мавҷуд, фоиз ва сатҳи ғанисозӣ вуҷуд надорад ва амалан ҷомеаи ҷаҳонӣ намедонад, ки Эрон дар доираи Барномаи атомии худ чӣ иқдомоте анҷом медиҳад. Ба назари Шумо, аз ин пас чӣ гуна метавон раванди санҷиши воқеиятро дар бораи Барномаи атомии Эрон анҷом дод? Ва оё ин имкон вуҷуд дорад, ки кишварҳои дигар тавонанд дар ин роҳ иштирок дошта бошанд?
Масъуд Пизишкиён: - Ҷаноби Карлсон! Мо дар сари мизи музокира будем. Дар ҳоли гуфтугӯ будем ва президенти Амрико барои эҷоди сулҳ моро даъват карда буд. Дар он нишаст ба мо гуфтанд, то замоне, ки мо иҷоза надиҳем, Исроил ҳамла нахоҳад кард. Аммо дар нишасти шашум, дар ҳоле ки мо ҳамчунон дар ҳоли музокира будем, амалан рӯи мизи музокира бомба андохтанд ва дипломатияро нобуд карданд. Бо вуҷуди ин, дар бораи назорат, бидуни тардид омодаем, ки дубора вориди гуфтугӯ шуда ва воқеиятро бисанҷем. Мо ҳич гоҳ аз санҷиши воқеият фирор накардаем ва омодаем, ки боз ҳам баррасӣ анҷом шавад, аммо мутаассифона дар пайи ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии мо, бисёре аз таҷҳизот ва маконҳо вайрон шуда ва дастрасӣ ба онҳо ба содагӣ мумкин нест. Бояд сабр кунем, то бубинем, ки оё имкони дастрасии муҷаддад вуҷуд дорад ё хайр.
Такер Карлсон: - Гузоришҳои нашршуда, ҳикоят аз он дорад, давлати шумо бар ин бовар аст, ки Агентии байналмилалии энергияи атомӣ аз муассисаҳои атомии Эрон ҷосусӣ карда ва иттилооти маҳрамонаро дар ихтиёри режими Исроил қарор додааст. Оё ин дидгоҳ мавриди тасдиқи шумост? Ва агар чунин аст, оё мадраке дар ин хусус дар ихтиёр доред, ки омода бошед ва онро ба ҷаҳониён пешниҳод кунед?
Масъуд Пизишкиён: - Дар заминаи эътимод ба Агентӣ, ба далели иқдомҳое, ки режими Исроил бо сӯистифода аз иттилооти бозрасиҳо анҷом дод, бадбиниҳое ба вуҷуд омад. Бо вуҷуди ин, мо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ будем ва иҷоза додем, Агентӣ аз тамоми марказҳое, ки таҳти назараш буд, боздид кунад. Беэътимодӣ замоне ташдид шуд, ки гузориши ахири Агентӣ ба режими Исроил баҳона дод, то бидуни ҳич иҷозае ба марказҳои атомии мо ҳамла кунад. Мутаассифона, Агентӣ ҳатто ҳамла ба марказҳоеро, ки зери назари худаш буд ва мо тибқи NPT онро пазируфта будем, маҳкум накард. Ин масъала аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ қобили қабул нест ва боиси боэътимодӣ миёни мардум ва қонунгузорони мо нисбат ба Агентӣ шудааст.
Такер Карлсон: - Ҷанобашон ишора фармудед, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша аз ҷанг дурӣ карда ва дар пайи истифода аз роҳи дипломатия барои ҳаллу фасли ихтилоф бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико будааст, вале ногаҳон ин раванд бо ҳодисае халалдор шуд. Ҳоло мехоҳам бипурсам, оё омодагии онро доред, ки бори дигар оғози тозае дар роҳи дипломатия дошта бошед? Ба иборати дигар, оё имкони як “ристар” дар музокирот вуҷуд дорад? Ва гар чунин аст, аз дидгоҳи Шумо, созиши матлуб бо Амрико бояд ба чӣ шакле ва ба чӣ асосе ҳосил шавад?
Масъуд Пизишкиён: - Ба назарам, мо метавонистем ба осонӣ бо гуфтугӯ мушкилоти худро ҳал кунем. Чорчуби гуфтугӯҳо метавонад бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи кишварҳо бошад. Мо ҳич хостае ҷуз эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ надоштаем ва надорем. Ин Нетаняҳуст, ки минтақаро дучори ошӯб карда ва талош кардааст, ки гуфтгӯи моро халалдор кунад. Мо дар пайи сулҳ ҳастем. Бовари ман ин аст, ки дар ҷаҳони кӯчаки мо, инсонҳо бояд дар сулҳу оромӣ дар канори ҳам зиндагӣ кунанд, аммо ба мо ҳамла шуд. Миллати мо тавони дифоъ аз худро дорад. Ман мутмаинам, ки президенти Амрико метавонад минтақаро ба сӯи сулҳу амният ҳидоят кунад ё онро вориди як ҷанги бепоён кунад.
Такер Карлсон: - Оё барномае барои вуҷуди муҷаддад ба музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар доред? Хоҳ ин музокирот бо намояндаи кунунии Амрико ҷаноби Уиткофф бошад ё бо фарди дигар. Ва агар чунин барномае вуҷуд надорад, аз дидгоҳи Шумо дар сурати идомаи ин вазъият чӣ иттифоқе мумкин аст рух диҳад?
Масъуд Пизишкиён: - Мо бо музокира мушкиле надорем. Аммо фоҷеаҳое, ки режими Исроил дар минтақа ва кишвари мо ба бор оварда, аз ҷумла террор ва ба шаҳодат расонидани фармондеҳони мо дар хонаҳояшон, ки ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад ва шаҳодати донишмандони мо ҳамроҳ бо хонавода ва фарзандонашон, куштори бегуноҳон ва бомбагузории занони ҳомиладор вазъиятро буҳронӣ кардааст. Режими Исроил барои он ки як нафарро бикушад, биноҳоро бар сари мардум вайрон кардааст. Умедворем пас аз убури ин буҳрон боз битавон ба мизи музокира баргашт. Албатта, ин ниёзмандии як шарте аст: эътимод ба раванди гуфтугӯ. Набояд дар миёнаи гуфтугӯ муҷаддадан ба режими Исроил иҷозаи ҳамла дода шавад ва оташи ҷанг оғоз гардад.
Такер Карлсон: - Оё бар ин бовар ҳастед, ки давлати Исроил талош кардааст, ки Шуморо террор кунад?
Масъуд Пизишкиён: - Талош шуд ва иқдом ҳам сурат гирифт, аммо бовари мо ин аст, ки агар Худо бихоҳад инсон зинда мемонад ва агар нахоҳад мумкин аст ҳатто дар пиёдаравӣ ҳам ҷон диҳад. Мо омодаем, то пойи ҷон аз мардум, истиқлол ва озодии сарзаминамон дифоъ кунем ва аз марг наметарсем, аммо дар ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунем, ин ки бо хунрезӣ, қатл, ғорат ва амалҳои шайтонӣ минтақаро ноамн кунанд, бисёр зишт ва таассуфбор аст.
Такер Карлсон: - Агар иҷоза диҳед, мехоҳам бори дигар ба ин мавзуъ бозгардам. То кунун гузориши расмие дар даст нест, ки нишон диҳад Амрико талош карда бошад, ки Шуморо террор кунад ё ин ки ин мавзуъ аз сӯи ниҳодҳои расмӣ тасдиқ шуда бошад, оё мумкин аст дар ин хусус тавзеҳи бештаре пешниҳод кунед?
Масъуд Пизишкиён: - Ин иқдом аз ҷониби режими Исроил буд, на Амрико. Мо дар нишасти дохилӣ машғули бозрасии барномаҳо будем, ки бар асоси иттилооте, ки аз ҷосусҳояшон гирифта буданд, минтақаеро, ки дар он ҳузур доштем, бомбагузорӣ карданд. Аммо вақте Худо нахоҳад, ҳодисае рух намедиҳад. Мо низ ҳеч гоҳ аз марг ва шаҳодат дар роҳи истиқлол ва иззати кишварамон натарсидаем. Мардум аз сарзамини мо дар муқобила бо ҷанги таҳмилии режими Исроил ба ваҳдату инсиҷоми бештар даст ёфтанд. Эрон як тамаддун аст ва мардуми Эрон мумкин аст, дар бархе масоил ихтилофи назарҳое дошта бошанд, аммо ҳар эроние дар ҳар нуқтаи ҷаҳон қадри тамомияти арзии кишварашро медонад ва аз он дифоъ мекунад ва хоҳад кард. Тавсияи ман ба давлати Амрико ин аст, ки худро вориди ҷанге накунад, ки бо аҳдофи ғайриинсонии Нетаняҳу ва наслкушиҳояш ба роҳ афтодааст. Ин ҷанги бепоёне хоҳад буд, ки ҷуз ваҳшат ва ноамнӣ барои минтақа чизе надорад.
Такер Карлсон: - Бисёре аз мардуми Амрико ҳамчунон аз Эрон ҳарос доранд ва нигаронанд, ки мумкин аст Эрон бо бомбаи атомӣ ба Иёлоти Муттаҳида ҳамла кунад. Онҳо видеоҳое мебинанд, ки дар он бархе аз мардуми Эрон шиори “Марг бар Амрико” сар медиҳанд ва Иёлоти Муттаҳидаро шайтони бузург хитоб мекунанд. Ба назари Шумо, оё ин нигарониҳо воқеъбинона аст? Ва оё мардуми Амрико бояд аз Эрон тарсанд?
Масъуд Пизишкиён: - Ман фикр намекунам, ки ин тасвир бардошти дурусте аз Эрон бошад. Дар 200 соли гузашта, Эрон ҳатто як бор ҳам ба кишваре ҳамла накардааст. Шиори “Марг бар Амрико” низ ба ҳеч ваҷҳ ба маънои марг бар мардум ё ҳатто масъулони Амрико нест. Ин шиорҳо, яъне “Марг бар ҷиноят”, “Марг бар қатл”, “Марг бар ҳимоят аз куштор” ва “Марг бар сиёсатҳое, ки минтақаро ноамн мекунанд” аст. То ҳоло эроние дидаед, ки дар Амрико даст ба террор зада бошад? Ман ки нашунидаам. То ҷое, ки медонем, ҳеч эроние дар пайи террор ва нооромӣ набуд, аммо афроде дигар дар минтақа буданд, ки президенти Амрико эътироф карда, ки худашон онҳоро тарбият кардаанд; ҳамон “доишҳое”, ки боиси ноамнӣ ва ҷиноят дар минтақа ва ҳатто дар Амрико шуданд ва нигоҳи манфиро дар ҷаҳон нисбат ба дин ва боварҳои мо эҷод карданд. Шиори “Марг бар...”- и мо, зидди ҷиноят ва ноамнист, на инсонҳо. Ҳар кунишгаре, ки аз ин масир ҳимоят кунад, мавриди лаънати мардуми мост, на афрод ба унвони инсон.
Такер Карлсон: - Ду тан аз марҷаъҳои тақлид ва уламои барҷастаи Эрон фатвоҳои зидди Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро содир кардаанд. Аз дидгоҳи Шумо ин фатвоҳо чӣ маъно ва мафҳуме доранд?
Масъуд Пизишкиён: - То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, онҳо зидди ҳич фарди хосе фатво содир накардаанд. Фатвое, ки мунташир шуда, ки албатта иртиботе ба давлат ё раҳбарӣ надорад, фақат эълом мекунад, ки тавҳин ба мазҳаб ё шахсиятҳои мазҳабӣ, аз назари эътиқодӣ маҳкум ва ғайриқобили қабул аст. Ин масъала мушаххасан ба президенти Амрико ё афроди дигар марбут нест. Донишмандони динӣ назариёти илмии худро баён кардаанд, аммо ин фатво ҳич гоҳ маънои қатл ё таҳдидро надорад.
Такер Карлсон: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори қобили таваҷҷуҳе аз шаҳрвандони эронӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунанд, бархе бар ин боваранд, ки ин афрод, ба истилоҳ «аслипер селлз» ё муҷримони хуфтае ҳастанд, ки дар интизори дарёфти фармон аз сӯи шумо ба сар мебаранд, то дар дохили хоки Амрико даст ба иқдомоти хушунатомез ё террористӣ бизананд. Оё омодаед, ки аз ин ҷо паёме хатоб ба онҳо бидиҳед ва аз онҳо бихоҳед, ки аз ҳар гуна иқдоми хушунатомез дар хоки Иёлоти Муттаҳида парҳез кунанд?
Масъуд Пизишкиён: - Росташ, бисёре аз мавориде, ки шумо матраҳ мекунед, барои аввалин бор ба унвони як эронӣ мешунавам. Оё дар рафтори эрониҳое, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, ҷуз илм, адаб, ҳамроҳӣ ва дониш чизи дигаре дидаед? Ин тасовирест, ки саҳюнистҳо ва бархе, ки дар пайи идомаи ҷанг ва нооромиянд, таблиғ мекунанд. Онҳо талош мекунанд бо тарсондани афкори умумӣ ва тасмимгирон, Амрикоро ба ҷанге бикашанд, ки ҳеч нафъе барояш надорад.
Такер Карлсон: - Дар оғози инқилоб ба назар мерасид, ки Эрон то ҳадде дорои равобити иқтисодӣ бо Исроил буда ва ҳатто гуфта мешавад, ки дар он замон, бархе силоҳҳо низ аз сӯи Исроил ба Эрон мунтақил шудааст. Чӣ омиле боис шуд, ки чунин тағйири бунёдин дар равобити миёни Эрон ва Исроил ба вуҷуд ояд? Ва чӣ касе масъули ин тағйири масир будааст?
Масъуд Пизишкиён: - Иттифоқоте, ки дар баробари чашми ҷаҳониён тавассути режими саҳюнистӣ рух дода, комилан ошкор аст. Дар Ғазза, Нетаняҳу бо хунсардӣ кӯдакон, занон, мактабҳо ва донишгоҳҳоро бомбагузорӣ мекунад. Роҳи об, ғизо ва доруро бастааст. Ин иқдомот мисдоқи наслкушӣ аст. Чунин рафторе барои мардуми минтақа ғайриқобили қабул аст. То ҷое, ки ман иттилоъ дорам, Эрон ҳеч гоҳ аз режими саҳюнистӣ силоҳе нагирифта ва ҳеч гоҳ дар пайи ҷанг набудем. Ин ҷангҳо ба мо таҳмил шудаанд. Ҳатто ҷанг бо Ироқро мо оғоз накардем. Имрӯз ҳам режими саҳюнистӣ ба мо ҳамла карда. Мо қасди ҷанг надоштем, вале мутаассифона талош мекунанд пои Амрикоро ҳам ба ин даргирӣ бикашанд.
Такер Карлсон: - Оё ба назари шумо дар натиҷаи табодули дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, метавон ба ҷаҳоне даст ёфт, ки дар он бори дигар ширкатҳои амрикоӣ дар Эрон сармоягузорӣ кунанд, таҳримҳо бардошта шуда бошанд ва ниҳоятан сулҳ барқарор шуда бошад? Оё чунин вазъияте, ҳадафи мавриди назари шумост?
Масъуд Пизишкиён: - Аз замоне, ки ба масъулият расидам, талош кардам аввал ваҳдату инсиҷомро дар кишвар тақвият кунам ва сипас, равобити солим ва мусбат бо ҳамсоягон барқарор созам. Дар гуфтугӯе, ки бо Мақоми муаззами Раҳбарӣ доштем, Эшон бовар доштанд, ки сармоягузорони амрикоӣ метавонанд ба Эрон биёянд ва ҳеч монеъе барои фаъолияти онҳо вуҷуд надорад. Ин бовари раҳбари азизи инқилоби мост. Мутаассифона, ин режими саҳюнистӣ аст, ки иҷозаи оромиш ба минтақаро намедиҳад. Ба назари ман, президенти Амрико – ҷаноби Трамп – метавонад ё шароитро ба сӯи сулҳу амният ҳидоят кунад ва режими саҳюнистиро маҳор кунад ё дар доми Нетаняҳу ва ҷанги бепоёнаш биафтад. Ин тасмимест, ки президенти Амрико бояд бигирад. Мо барои ҳар навъ ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ ва тиҷоратӣ бо амрикоиҳо омодагӣ доштаем ва ҳамчунон дорем; аммо ин таҳримҳо ҳастанд, ки монеи ҳузури онҳо дар кишвари мо шудаанд.
Такер Карлсон: - Ҷаноби президент, иҷоза мехоҳам ба унвони охирин пурсиш, ин саволро матраҳ кунам, ки дар сурати оғози як ҷанги густардатар бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, то чӣ андоза эҳтимол медиҳед, ки муттаҳидони Эрон, аз ҷумла Чин ва Русия дар заминаҳои иқтисодӣ ё низомӣ аз Эрон ҳимоят кунанд? Ва оё шумо интизори чунин ҳимояте ҳастед?
Масъуд Пизишкиён: Он чӣ барои мо аҳамият дорад, бовар ба Худованд ва эътиқодотамон аст. Мо тавони дифоъ аз худро дорем ва агар лозим бошад, то пойи ҷон барои дифоъ аз кишвар ва тамомияти арзиамон истодагӣ хоҳем кард. Мо дар пайи ҷанг нестем. Борҳо гуфтаем, ки дар пайи силоҳи атомӣ нестем. Вале тасаввури ғалате дар зеҳни бархе сиёсатмадорони амрикоӣ шакл гирифтааст: тасаввуре, ки Нетаняҳу бо ҷангталабиҳояш ҳамчунон тақвият мекунад. Вуқуъи ҳар гуна ҷанг дар ин минтақа оташ ва ноамниро дар саросари Ховари Миёна шуълавар хоҳад кард. Агар президенти Амрико хоҳони чунин ояндаест, метавонад масирро идома диҳад. Аммо агар хоҳони сулҳ аст – ва ман низ бовар дорам, ки бояд ба сӯи сулҳу субот ҳаракат кунем – набояд иҷоза диҳад, ки режими саҳюнистӣ минтақаро ба оташ бикашад. Президенти Амрико метавонад бо маҳори Нетаняҳу ба ҷанг ва хунрезӣ поён диҳад. Ин тасмим, ба сиёсати президенти Амрико бастагӣ дорад.
Такер Карлсон: Ҷаноби президент, самимона аз шумо қадрдонӣ мекунам барои фурсате, ки дар ихтиёри мо қарор додед ва замонеро, ки барои баёни дидгоҳҳо ва нуқтаи назари худ ихтисос додед.
Масъуд Пизишкиён: Аз ин ки фурсате фароҳам шуд, то он чӣ дар дил дорем ва ба он бовар дорем, бо шумо дар миён бигузорем, ташаккур мекунам. Умедворам мардум ва давлати Амрико барои кишвари худ ва минтақа, сулҳу оромишро дунбол ва муҳаққақ кунанд. Аз ин фурсат сипосгузорам.
Баргардон: Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Телеграф”: Эрон метавонад Амрикоро аз Ховари Миёна берун кунад
Пентагон эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон 43, 6 миллиард доллар хароҷот доштааст
Намояндагони Осиёи Марказӣ дар Синин: шиносоӣ бо Чини муосир аз тариқи «Насли Z»
Путин ба шакли онлайнӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ овоз дод