3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:51, Душанбе
22.06.2025 18:56

Сипоҳи посдорони Эрон: "Ҳамлаи Амрико паёмадҳои пушаймонкунанда хоҳад дошт"

Дар пайи ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон Сипоҳи посдорони ин кишвар бо нашри изҳорот гуфт, ки ҳамлаҳои амалиёти “Ваъдаи содиқ-3” идома хоҳад ёфт ва барои ҷабҳаи таҷовузгар “паёмадҳои пушаймонкунанда” хоҳад дошт.

Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, ки ҳамлаи субҳи якшанбеи Амрико ба марказҳои сулҳомези атомии Эрон дар Фурду ва Натанз бо ҳамоҳангии комили Вашингтон ва Тел-Авив сурат гирифт. Ин ниҳоди низомӣ гуфт, ки ин амалиёт “таҷовузи ошкоро ва нақзи ошкорои маншури асосии СММ, муоҳидаи NPT ва принсипҳои истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳо” аст. Сипоҳи посдорон афзуд, ки аз лаҳзаи нахуст маълум буд, ки амалиёти ҳамоҳангшуда бо ҳимояти комили амрикоиҳо роҳандозӣ шудааст.

"Вашингтон ба ҷои андӯхтани таҷриба аз нокомии қаблӣ, худро мустақиман дар хатти аввал қарор дод. Амрико бо такрори ҷангҳои қаблӣ дигарбора нотавонии стратегӣ ва нодида гирифтани воқеиятҳои минтақаро нишон дод”- зикр мешавад дар баёнияи Сипоҳи посдорони Эрон. Сипоҳи посдорон ишора кард, ки “теъдод ва парокандагии пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа на нишони қудрат, балки омили заъф ва осебпазирии онҳо” аст.

Ҷойҳои парвози ҳавопаймоҳои ҳамлавар пурра дар зери назорат қарор дорад. Дар ин изҳорот Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст, ки Эрон ҳаққи дифоъ дар баробари таҷовузро барои худ ҳифз мекунад. "Бо пуштибонии миллат, дар канори ҷабҳаи муқовимати исломӣ ва озодихоҳони ҷаҳон, дар дифоъ аз иззат ва амнияти Эрон устувор меистем. Ба тавфиқи илоҳӣ шоҳиди пирӯзиҳои сарнавиштсоз хоҳем буд”- таъкид кардааст Сипоҳи посдорон.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.