Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
Сафари рӯзноманигон ва блогерони Беларус бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Беларус сурат гирифтааст.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки сафари рӯзноманигорон ва блогерони беларусӣ аз 24-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2026 идома хоҳад кард. Дар доираи ин сафар онҳо аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои дидании шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон боздид намуда ва аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон гузориши видиоӣ таҳия намудаанд.
Ин кумита таъкид кард, ҳадафи асосии ин ташаббус таҳияи гузоришҳои телевизионӣ, ва маводи муаррифӣ дар хусуси табиати нотакрори Тоҷикистон, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик мебошад.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки робита ва ҳамкориҳоро бо расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ, шабакаҳои телевизионӣ, рӯзноманигорон ва блогерони хориҷӣ густариш диҳад. Ҳадафи ин иқдомҳо муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ташаббус бо назардошти мавҷудияти парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Беларус метавонад ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши сафарҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандони Беларус ба Тоҷикистон мусоидат кунад.
Интизор меравад, ки чунин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду кишвар мусоидат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад