Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд
Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд
Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Имрӯз, 2-юми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.
Тибқи маълумоти дастрас, масоҳати кишти картошка дар соли равон 3 ҳазору 229 гектарро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 56 ҳазору 394 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани ҳаҷми истеҳсол ва рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон шаҳодат медиҳад.
“Гуфта шуд, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад